Дар фасли зимистон ҳар сол масъалаи истифодаи нерӯи барқ дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсбарангез буда, аз сабаби нодуруст истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ ва риоя нанамудани қоидаҳои истифодаи техникаи маишӣ аксаран ба сарбории хатҳои интиқоли барқ оварда мерасонад, ки танзимгарон маҷбур мешаванд то ки як қисми бори электрикии шабакаро хомӯш намоянд. Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ аз ҳамин сабаб аст.  Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 23.12.2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, чунин зикр намуданд: “таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.”

Мувофиқи таъкидоти сарвари давлатамон ба мо лозим меояд, ки истифодаи таҷҳизотҳои барқии каммасрафро дар хонаҳои истиқоматиамон ҷорӣ намоем. Ҷорӣ намудани дастгоҳҳои барқии гармидиҳандаи иқтидорашон то 2 кВт  ба мақсад мувофиқ буда ба иқтисоди хонаводагӣ камтар таъсири худро мерасонад. Агар мо дар як рӯз 24 соат таҷҳизоти гармидиҳандаи барқии иқтидораш 2 кВт-ро истифода намоем, ҳангоми арзиши 1 кВт·с нерӯи барқ 0,2651 сомон будан, дар як моҳ 381,74 сомонӣ маблағ бояд супорем. Агар мо бо истифода аз сохтҳои ҳимоя ва танзими ҳарорат (терморелеҳо), инчунин дар вақтҳои нолозима таҷҳизоти барқии гармидиҳандаро хомӯш намоем, онгоҳ дар як рӯз вақти истифодабарии максималӣ 10 соат мешавад, ки дар як моҳ 79,53 сомонӣ маблағ супориданамон лозим меояд. Аз ин маълум мегардад, ки қариб 5 маротиба имконияти сарфакорӣ дар як таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ҷой дорад, ки то 4 оилаи дигар нерӯи барқи аз ҷиҳати самаранокӣ ба дастомадаро истифода намоянд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи параллели нерӯи барқ, яъне дар як вақт якбора васл шудани ҳамаи истеъмолкунандагони шабакаҳои тақсимотӣ ба шабакаҳои интиқол сербориро ба амал меорад, ки баъзан агар ягон минтақаҳо хомӯш шавад бояд мо нороҳат нашавем, бори хати интиқол сабук шавад аз нав васл карда мешавад. Дар субҳ ва бегоҳӣ аксаран истеъмолкунандагон ҳамаи таҷҳизотҳои барқиашонро ба шабака васл менамоянд, ки ин лаҳзаҳои вақт барои шабкаҳои тақсимотӣ ва интиқол серборӣ аст, мо шаҳрвандонро лозим меояд, ки дар ин лаҳзаҳо истифодаи таҷҳизотҳои заруриро бо навбат ба роҳ монем, яъне обҷӯшон баъд аз анҷоми ҷӯшониш аз шабака ҷудо карда шуда, таҷҳизоти дигари маишӣ васл карда шавад.

Дар баъзе шаҳрвандон таҷҳизотҳои гармидиҳандаи даврони шуравӣ ҳаст, ки аз ҷиҳати сарфакории нерӯи барқ номутобиқ буда, фарсуда шудаанд, ки талафот дар ингуна таҷҳизотҳо зиёд ба назар мерасад. Коэффитсиенти кори фоиданокашон бениҳоят паст шудааст. Пас моро лозим меояд, ки таҷҳизотҳои фарсудашударо ба шабака васл накунем, таҷҳизотҳои муосири каммасрафро дар шароити маишиамон ҷорӣ намоем. Ҳамаи ин чорабиниҳо ва таъкидоти Президенти мамлакатамон баҳри иқтисоди хонаводагӣ ва беҳтар кардани шароити мардум ба ҳисоб меравад.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ифротгароӣ чун падидаи номатлуби ҷомеа барои ҷамъият, хосса ба ҷавонон хатари калон эҷод мекунад. Масалан истифодаи бемақсади шабакаи иҷтимоӣ, таасуб ба дигарон, лайк гузоштан ба наворҳои видиоӣ, ки характери экстремистӣ дошта, қабули даъват ба “ҷиҳод”, ки аксаран шуури ҷавононро вайрон мекунад, аз мушкилиҳои умдаи ҷомеаи кунунӣ мебошад.  

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дассисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Бисёр аламовар аст, вақте мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, ҳоҳиш дорем ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бармаҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омӯзанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кори хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш- Тоҷикистон аст, гузорем.

 

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ваҳдат рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирўзии сулҳ ва ақлу заковати солимии миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад. Бе ваҳдати миллӣ пайванди ногусастании дирўзу имрўзу фардо, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдоди номдор, ҳифзи мероси гаронқадри таърихию фарҳангӣ маъное надорад.

Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки мо мардуми тоҷик хушбахту комёб гардидем ва тавонистем миллати тоҷикро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Аз ин рў, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузориву эҳтиром ба ваҳдати миллиро шарафу номуси ватандорӣ номидаанд. Зеро мафҳуми ваҳдат ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накўкорию сарбаландии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Мо бояд  дарк кунем, ки маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мо сарчашмаи бахту иқбол ва пешрафту ташаккули давлатдориамон мегардад. Барои пос доштани Ваҳдати миллӣ  мо бояд нооромиҳои замони  ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро  аз хотирамон дур насозем. Ваҳдат неъмати  бисёр азиз ва ширину  ба ҷон баробар аст. Ваҳдати миллӣ нишонаи ҳуввият ва озодӣ, номус, рамзи саодат ва асоси бақои миллати соҳидистиқлоли тоҷик аст. Ба қадри ваҳдати миллӣ касе расида метавонад, ки аз муборизаю ҷоннисориҳои халқ ва аз озодию истиклоли миллӣ бохабар бошад. Имрўз гуфта метавонем, ки бунёди ҷаҳон ва ободии он ба сулҳу ваҳдати миллӣ вобастагии калон дорад. Ваҳдати миллиро арҷ гузоштану ҳифз намудан, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору бонанги кишвар аст. 

 

 Исмоилова С.К.

 ассистенти кафедраи МО ва Ф

 ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

Тоҷикистон дар масири беш аз панҷҳазорсолаи хеш шоҳиди зиёд ҳодисаҳои кӯшиши забти душианонро марзи ин куҳандиёрро дидааст. Чунин як амали ноҷавонмардона оғози солҳои навадуми қарни гузашта ба сари миллати мо омад, ки хушбахтона ақли солим ба аҳримансифатон ғолиб омад. Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ буда, дар тамоми давраи мавҷудияти худ онро талаб намуд ва барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд кардааст. Бинобар ҳамин, миллати тоҷик барои доштани ҳисси озодихоҳӣ ва дар тӯли таърихи гузаштаи худ ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик намегузорад, ки миллати мо тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад. Гузаштагони миллати тоҷик ҳамеша дар бораи бузургӣ ва озодихоҳии миллати мо асарҳо офаридаанд. Онҳо озодӣ ва истиқлолиятро ганҷи беҳамто дониста, ҳамеша таъкид намудаанд, ки ояндагон бояд қадри онро бидонанд ва ҳаматарафа барои ҳифзи он талош варзанд. Дар вазъияти мавҷудаи муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, чунки бе доштани истиқлолияти сиёсӣ хеҷ миллате бақои худро ҳифз намуда наметавонад.

Барои ҳифзи бақои миллат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад. Ин нукта аз ҷониби Президенти кишвар борҳо зикр шуда, аз ҳар як сокини кишвар ҳоҳиш шудааст, ки ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз намоянд. Хушбахтона, баъди саргардониҳои зиёди таърихӣ миллати тоҷик бо заҳматҳои фарзандони бо ору номусаш дубора соҳиби давлати мустақили ҳуқуқбунёди ягона гардид. Ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки қадри истиқлолиятро дониста, барои таҳкими он содиқона хизмат намояд ва барои ҳифзи он ҳамеша тайёр бошад.

 Мутаассифона, гурӯҳҳо ва нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамин қадар хиёнатҳое, ки карданд, боз ҳам Пешвои миллат бо онҳо созиш намуданд, бо онҳо аҳду паймони сулҳ бастанд, вале онҳо ба хотири ваъдаҳои дурӯғини хоҷагони худ ин аҳду паймонро шикастанд ва аз дӯсте, ки онҳоро бахшида буд, мансаб дода буд, расман шинохта эътироф карда буд ва имкониятҳои васеъ дода буд, буриданд ва ба душманони ин миллат ва ин давлат пайвастанд, чунки онҳо ба ихтиёри худ нестанд, балки бозичаи дасти душманон ва бадхоҳони ин миллат ва ин давлат ҳастанд ва намехоҳанд, ки ин миллат ва ин давлат рушд кунад ва тинҷу ором бошад.

Тоҳир Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати некӯаҳолии мардум давлату ҳукумати кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро андешида, онро дар амал татбиқ менамоянд. Маҳз дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз тоҷикон зиндагии босаодат ва сарбаландона доранд. Боиси сарбаландист, ки миллати тоҷик на танҳо ташаббускор дар миқёси кишвару ҳудуди Осиёи Миёна балки як давлату як сарвари ташаббускору боэътимод дар тамоми қишри замин шинохта гардидааст.

Пешвои миллат зимни баромади худ дар СММ оид ба мавзӯи Пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ ҷаҳониёнро таъкид кард, ки ҷиҳати муқобилият нишон дода ба фаъолияти ташкилотҳои ифротгаро бетараф набошанд. Дар ҳақиқат дар баромади худ сарвари давлат чанд нуқтаҳои амиқеро оид ба хатари арзи ҳасти кардани террористонро қайд карданд, ки зиёда аз 100 давлатҳо пешниҳодҳои

Пешвои миллатро оид ба раванди пешгирии ҳодисаҳои номатлуби характери ифротӣ дошта, пуштибонӣ намуда бори дигар ба сулҳпарвариву суботҷӯии миллати мо аҳсанд хонданд. Дар тамоми рӯи олам бо шарофати сарвари давлат моро чунин кишвари  сулҳоваранда дар ҷаҳон мешиносанд, эътироф мекунанд, ки мо башардӯсту ҳомии ваҳдат ҳастем ва хушиқболии худро дар хушиқболии тамоми сайёра мебинем.

Аз насли босаодат ва ҳушёри миллат даъват ба амал меоварем, ки барои рушду нумӯъи мустақилияти кишварамон якмаром ба пеш қадам занем, зеро камтарин фазои холӣ, камтарин ҷузъиёти камбудиҳои дар зиндагиамон ҷой дошта воситаи касб кардани ақидаҳои ифротии хоинон хоҳад гашт.

Бояд ҷавонони ифтихорманду сарбаланд, зараи хоки диёрамонро аз дасти душмани бадбину нотавон ҳифзу ҳимоя намоянд. Нагузоранд, ки ин ободкориҳову бунёдгароиҳо тӯъмаи дасти нохалафе гардад. Нагузоранд, ки мардуми сарбаланди тоҷик озурда гашта, умеди зиндагии озодро аз худ дур созад. Бо шукргузорӣ фақат дар фикри пешравию озодӣ бошем, ки ин неъмати хеле бебеҳост.

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Хоксорию адаб аломати донишмандии инсон мебошад, ки он ба дарахти мевадор монандӣ дорад, зеро ҳолати дарахт вазнинӣ кунад шохаҳои пурбори он ба замин хам мешавад.

Ниёгонамон  моро панд дода, бо роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудаанд.

Боре шоир Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки мо бояд одаму одамгарӣ ва хоксориро аз Абдураҳмони Ҷомӣӣбарин адибони бузург омузем.

Шоири тоҷик Суҳайлии Ҷавҳаризода хоксориро ҳусни хулқ ва фазли инсонӣ шуморида, худписандтро мазаммат менамояд. Дар бобати одоби сухан панд медиҳад, ки кас бояд аввал суханро пурра гуш карда, сипас, лаб кушояд, зеро одоби суханронӣ чунин аст:

Хоксорӣ ҳусни хулқу фазли инсонӣ бувад,

Худписандӣ, ҷони ман, бурҳони нодонӣ бувад.

Ҳар сухан дорад сару бун гуш кун,бишнав тамом,

Баъд лаб во кун, ки одоби суханронӣ бувад.

Дигар шоири бузурги тоҷик Саъдӣ Шерозӣ оиди ин одоби суханронӣ  чунин гуфтааст:

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,

Сазори тасдиқу таҳсин бувад.

Чу якбо гуфтӣ, магӯ боз пас,

Ки ҳалво чу якбор хурданд, бас.

Мафтуна Қудузова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Набзи муосири ҷаҳон хеле тезу ҳассос асту ҷавонон дар ин масир нақши калидӣ мебозанд. Пешравии ҷомеа аз маърифату фарҳанги ҷавонон вобастагӣ дорад, аз ин рӯ ҷавонони имрӯза бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва давлатдории миллӣ расанд, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ бирасанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост.

Беҳуда нагуфтанд, ки чӣ ки корӣ, онро медаравӣ. Аз он тарзе, ки мо ҷавононро ба кадом роҳ тарбия менамоем, равона мекунем, ҳамон тарз натиҷаашро мегирем. Аз ҷиҳати физиологӣ давраи ҷавонӣ давраи пурэътибор аст, зеро ки онҳо оҳиста ба мустақилият, барои қабули қарорҳои мустақил шурӯъ мекунанд, аз ин лиҳоз месазад, ки ба онҳо ёрии иродавӣ, насиҳат ва пешниҳоди муҳити солим муҳим мебошад.

Миллати тоҷик ҳамеша бо арзишҳои хоссаи худ дар ҷомеа, тарбияи фарзанд, ва муносибати одамӣ аҳамияти махсус медиҳад. Инро мо дар асар, назми шоирону нависандагон ва таҳлили коршиносон муайян карда метавонем. Аммо афсӯс ки баробарӣ ҷаҳонишавии ҷомеа баъзе арзишҳо аз даст рафта истодаанд.

Пешвои муаззами миллат ҳамаҷониба барои дастгирии ҷавонон ғамхорӣ намуда, дар паёмҳои худ ин нуктаро қайд менамоянд. Баргузор гардидани озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷашнгирии бошукӯҳи рӯзи ҷавонон, дави миллӣ, шоми ҷавонӣ, ҳафтаҳои худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи шаҳру вилоят, тақдими стипендияҳо ба ҷавонони болаёқат аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

“Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.” Ин гуфтаҳои президенти кишвар моро водор месозад, ки баҳри амалишавии он кӯшишҳои зиёд намоем.

Давлату ҳукумат барои пешрафти фикру афкори ҷавонон ҳамарӯза андеша намуда, чорабиниҳои зарурӣ таъсис ва баргузор намуда истодаанд. Баргузор намудани дави миллӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон аз қабили инҳост, ки баҳри тарбияи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Ё ки шоми ҷавонӣ баҳри тарбияи сатҳи зебоипарастӣ, эҳтироми фарҳангу аришҳои миллӣ равона карда шудааст.

Дар ДПДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд низ, бисёр чорабиниҳо баҳри талқини ҷавонон ба роҳи дуруст ва пешравии ҷавонон дар ҷомеа ташкил карда мешавад. Аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла шоҳмоту тенниси рӯи миз ва ғайра, маҳфили хушдилон, андалеб, мусобиқаҳои гуногун дар хобгоҳи донишкада баҳри пешрафти афкор, кору пайкори ҷавонон мусоидат мекунад. Инчунин барномаҳои кории куратор ва дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба курси донишҷӯён мавзуъҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мунтазам баргузор карда мешавад. Инчунин аз тарафи омӯзгорон маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва эҷодӣ баъди машғулиятҳои асосии дарсӣ гузаронида мешавад, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ифротӣ мусоидат карда мешавад.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.

Фарангис Маҳмудова, омӯзгори КТССН

 

 

 Об як ҷузъи ҷудонашавандаи сайёраи мост ва калиди таъмини ҳаёт мебошад. Он манбаи озуқаворӣ, энергия ва захираҳои саноатӣ буда, инчунин барои экосистемаҳои гуногун ҳамчун муҳит хизмат мекунад. Об на танҳо барои одамон, балки барои тамоми организмҳои дар рӯи замин барои зиндагӣ кардан муҳим аст. Дар партави рушди устувор ва ҳифзи захираҳои табиӣ масъалаҳои истифодаи об ва идоракунии устувори он рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунанд.

Яке аз манфиатҳои асосии об нақши он дар таъмини ҳаёт аст. Об унсури асосии таркиби ҳуҷайраҳои тамоми организмҳои зинда мебошад. Он дар равандҳои биохимиявӣ иштирок мекунад, гомеостазро дар дохили организм нигоҳ медорад ва ба функсияҳои мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунад. Бе об ҳаёт вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, об унсури асосии нигоҳ доштани саломатӣ ва некӯаҳволии сайёраи мо мебошад.

Аммо сарфи назар аз он, ки рӯйи Заминро 70% об фаро гирифтааст, танҳо як қисми ками ин ҳаҷм барои истеъмоли инсон дастрас аст. Аксарияти об дар уқёнусҳо ҷойгир аст, ки барои ба оби тоза табдил додани он равандҳои мураккаб ва гаронбаҳо лозим аст. Норасогии оби ошомиданӣ, махсусан дар минтақаҳое, ки боришоти кам доранд ё шумораи аҳолӣ меафзояд, мушкилоти рӯзафзун аст.

Рушди устувор истифодаи самаранок ва идоракунии захираҳои обро дар назар дорад. Яке аз ҳадафҳои асосии рушди устувор таъмини дастрасии устувор ба оби ошомиданӣ ва санитария барои ҳама мебошад. Ин маънои сохтани системаҳоеро дорад, ки метавонанд барои ҳама одамон об ва санитарияи мувофиқро таъмин кунанд ва нобаробарӣ дар дастрасӣ ба захираҳои обро ҳал кунанд.

Илова бар ин, идоракунии устувори захираҳои об нигаҳдорӣ ва ҳифзи экосистемаҳои обиро дар бар мегирад. Об дар нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва фаъолияти экосистема нақши муҳим дорад. Он барои моҳӣ, наботот, паррандагон ва бисёр организмҳои дигар, ки барои зинда мондани онҳо аз экосистемаҳои обӣ вобастаанд, шароити зиндагӣ фароҳам меорад.

Идоракунии устувори об чораҳои ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, аз ҷумла дарёҳо, кӯлҳо, ботлоқҳо ва ҳавзаҳои обро дар бар мегирад. Ин назорати ифлосшавии об, танзими истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат ва татбиқи усулҳои самараноки идоракунии обёрӣ ва партовро дар бар мегирад.

Яке аз мушкилоти асосии рушди устувори захираҳои об ин тағирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим басомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз қабили хушксолӣ ва обхезиро афзоиш медиҳад. Ин ба дастрасӣ ба оби тоза, кишоварзӣ, экосистема ва амнияти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки стратегияҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои обӣ таҳия карда шаванд, то таъсири он ба сайёраи мо то ҳадди имкон кам карда шавад.

Ҷанбаи муҳими рушди устувори захираҳои об ҳамкорӣ ва шарикӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Об як манбаи ҷаҳонӣ аст ва дарёҳо ва кӯлҳои зиёде аз сарҳадҳои кишварҳои гуногун паҳн мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об, табодули иттилоот ва таҷриба, таҳияи стратегияҳои умумӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об.

Хулоса, об на танҳо манбаи ҳаёт, балки унсури асосии рушди устувор низ мебошад. Истифодаи самаранок ва идоракунии он барои ҳифзи сарватҳои табиӣ ва некӯаҳволии тамоми организмҳои зинда муҳим аст. Рушди устувори захираҳои об на танҳо истифодаи самараноки оби тоза, балки ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад.

Бояд гуфт, ки рушди устувори захираҳои об бояд ба принсипи баробарӣ ва бо назардошти талаботи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор асос ёбад. Об неъмати умумӣ аст ва аз ин рӯ, истифода ва идораи он бояд одилона ва муассир бошад. Ин чунин маъно дорад, ки эхтиёчот ва манфиатхои махаллӣ, хоҷагии қишлок, саноатро ба назар гирифта, мувозинати байни ҷиҳатхои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро нигоҳ доштан лозим аст.

 

Аюбова Фарида Азимҷоновна,

ассистенти кафедраи молия ва қарзи

ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

 

 

Дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озмуни фаннӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 5 фанни таълимӣ – математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он доир гардид, ки дар он дастаи олимпиадачиёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок варзиданд. Дар озмуни мазкур аз ин даста донишҷӯи курси 2 ихтисоси 40.01.01ра Абдураупов Манучеҳр Давронович аз равияи Технологияҳои иттилоотӣ соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва донишҷӯи курси 2 ихтисоси 40.01.01та Файзиев Амонҷон Маъруфҷонович аз равияи Физика соҳиби дипломи дараҷаи 2 гардиданд.

Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон шаффофона ва одилона ҳакамӣ карда шуда, донишҷӯёни мо бо тамоми қувваю тавоноӣ баҳри баланд намудани нуфузи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар арсаи ҷумҳурӣ кӯшиш намуданд.

Таркиби дастаи донишкадаи мо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъолтарини донишкада интихоб гардида, тамоми фанҳоро дар семестрҳои гузашта бо баҳои аъло ҷамъбаст намудаанд, инҷунин борҳо ғолибони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гардидаанд. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо тарбия ва тадрис намудани ингуна донишҷӯёни соҳибмаърифат, ватандусту меҳнатпарвар давраҳои тиллоии ҳаёти худро ба сар мебарад.

Тоҷикистон имрӯз воқеан ба нерӯи зеҳнии ҷавонон аҳмияти хоса дода ба ҳисси баланди ватандӯстии онҳо ниҳоят эҳтиёҷ дорад, зеро маҳз ҷавонон метавонанд миллати моро ҷовидону поянда доранд, то ки мардум ҳамеша дар фазои озод зиндагони дошта бошанд.

Қудрате азимтар дар ин ҷаҳон аз қудрати давлати озод нест ва нерӯе болотар аз нерӯи мардуми дилшод нест. Хостори онем, ки ҳамеша маҳбубияти Ватани азизамон зиёдтар ва пешрафти он бобақотар гардад. Умри безаволи миллатамонро хоҳонем, то дар қатори мамлакатҳхои рӯи олам поянда монад ва намиранда гардад. Мо ҷавонем, ҷавононро ба ватандӯстиву ваҳдатпарастӣ роҳнамои менамоем. Мехоҳем ҳифзи Ватан – Модарро дар ҳаётамон болотар аз ҳама чиз гузошта, барои кӯдакону ояндагони миллатамон сарзамини бихиштосоямонро ба мерос гузорем.

       Эй ҷавонмардони азиз! далерони шуҷои ватанпараст хоҳарона аз ҳар кадоми Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳеҷ гоҳ ба нохалафе иҷозат надиҳед, то ба ин замини муқаддас по ниҳода оромии мардуми тоҷикро барбод додани шаванд. Тамоми мардумони миллатамон умедашон аввал ба Худо бошад дуюм такягоҳашон маҳз ба сарбозону ҳимоятгарони Ватан аст. Пас вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро дар ҳифзу ҳимояи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол дареғ надоред, зеро ҳифзи миллат – ҳифозат аз нангу номи миллат ва хоҳарону модарон аст.

       Саодати мо халқи замони азиятдидаи тоҷик дар он аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон устуворона танҳо ба пеш кадам мезанад, мақому манзалаташ имрӯз дар тамоми олам боло рафта, миллати тоҷикро оламиён чун кишвари башардӯсту сулҳпарвар шинохтаанд.

       Бояд гуфт  халқе, ки ҳамвори сӯи ғолибият рафтааст пирӯзиҳои навин дар атрофаш гиромӣ мекунад, зеро чунин халқи муваффақ намиранда аст ва ақлу заковати хирадмандона боиси ҳамеша нусрат ёфтани ин мамлакат хоҳад буд. Пас ҷавонони шуҷоатманди Тоҷикистонро мебояд дар ҳимояи зарраи хоки поки диёрамон бесаркашӣ аз хизмат ба дифои Ватан раҳнамоӣ гарданд, зеро дарси хизмат ба Ватан дарси ба муваффақият ноил шудан дар ҳаёт ба ҳама гуна арзишҳои олии зиндагист.

Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Мавзӯи муҳоҷират дар меҳвари барномаи “Минбари муҳоҷир” қарор дошт. Ин хидматгори хоҷа, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин аз паша фил месозад. Муҳоҷират дар ҳамаи давлатҳои пешрафта ба чашм мерасад. Вақте муҳоҷирони мо қонуну қоидаҳои давлати Русияро намедонанд, албатта ба муҷозот кашида мешаванд. Охир Сарвари давлат қудрати ҳамаро назорат кардан надорад.  Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол мекунад.