Суроға: ш. Хуҷанд, куч. Ленин 226   

Директор:  Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич 

email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

тел:  +992 92 837 30 35  

Дар асоси омӯзиши иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Парки технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи Шӯрои олимон (№ 1 аз 25.08.2012) Оинномаи Парки технологии ДПДТТ муҳокима ва тасдиқ гардида, ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. Дар солҳои аввал парки технологӣ истеҳсоли тахтаи электронӣ бо таъминоти барномавии забони тоҷикиро ба роҳ монда буд. Солҳои минбаъда мувофиқи нақшаҳо фаъолияти парки технологӣ васеъ гардонида шудааст.

 

Соли 2018 дар назди Парки технологӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавонон ва калонсолон ташкил карда шуда, Иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф АУ №0002467 гирифта шуд.

Курсҳои омӯзишии парки технологӣ фанҳои зеринро дар бар мегирад:

  • забони англисӣ
  • забони русӣ
  • забони олмонӣ
  • васлу насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ
  • тарҳрезӣ ва дӯзандагӣ
  • хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ
  • технологияи информатсионӣ
  • технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма
  • технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо
  • муҳосиби компютерӣ
  • асосҳои лоиҳакашии компютерӣ ва кафшергарии барқӣ.

 

Дастовардҳои парки технологӣ

- веб-портали www.biokishovarz.tj - ро бо дархости ташкилоти байналмиллалии GIZ сохта, ба истифода дод;

- бо васли тахтаи электронӣ бо таъминоти барномавии тоҷикӣ, ки худ коркард кардааст, машғул аст;

- бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии GIZ якчанд таҷҳизоти муосир барои гузаронидани ташхисҳои гуногуни лаборатории сифати маҳсулоти хӯрока ба даст оварда шуд;

- утоқҳои лингафониро бо технологияи “Тонкий клиент” таъсис дод;   

- сехи истеҳсоли маҳсулоти нониро ташкил кард.

 

 

Самтҳои асосии фаъолияти парки технологии донишкада:

- Сехи дӯзандагӣ;

- Парки автомобилӣ;

- Ташхиси маводи хӯрока;

- Хизатрасониҳои компутерӣ;

- Коркарди барномаҳои компютерӣ;

- Тахтаи электронӣ (сборка);

- Марказҳои таълимӣ;

- Барномарезии (корккарди) таҷҳизотҳои электронӣ.

 

Сехи дӯзандагӣ

Дар назди парки технологӣ сехи дӯзандагӣ фаъолият мекунад. Сехи мазкур дар назди кафедраи дизайн ва меъморӣ бо роҳбарии директори донишкада, н.и.т., дотсент Саидӣ Д.Р. роҳандозӣ шуда, дорои 15 мошинаи чокдӯзии замонавӣ аст. Дар сехи дӯзандагӣ донишҷӯён ва устодони кафедра метавонанд бо истифодаи лоиҳаҳои нави дар кафедра коркардшуда либос дӯзанд, маҳсулотро бо технологияи нави манбаи эҳтиётӣ ва аз рӯйи стандартҳои нав омода кунанд.

Дар асоси корҳои тадқиқотии методҳои ченкунии антропометрӣ аз соли 2014 сехи дӯзандагӣ бо коркард ва дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул аст. 

Аввалин маҳсулоти сехи дӯзандагӣ либоси расмии мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Б.Ғафуров оғоз шуда, он аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи мактаби мазкур баҳои баланд гирифт.

Андозаи либоси мактабӣ аз рӯйи стандарти нави антропометрӣ тайёр шуда, бо сифати баланд омода шудааст. Дизайн ва логотипи мактабӣ аз ҷониби донишҷӯёни барномасозии донишкада коркард шудааст.

Парки технологӣ ба қабули фармоишҳо омода аст!

 

Парки автомобилӣ

Парки автомобилӣ дар назди Парки технологӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар ин ҷо таъмири автомашинаҳои сабукрав ба роҳ монда шудааст.

 

 

Ташхиси маводи хӯрока

Парки технологӣ имконияти ташхиси маводҳои хӯрокаро дорад. Бо дастгирии ширкати GIZ таҷҳизотҳои лозима барои истеҳсоли багета дар бинои факултети муҳандисӣ-технологӣ насб карда шудаанд. Барои ташхиси маводи хӯрока дар донишкада якчанд лабораторияҳои замонавӣ фаъолият мебарад.

Донишкада ба масъалаи таъмини рушди фаъолияти Парки технологӣ диққати махсус медиҳад. Бо ин мақсад дар соли 2018 дар доираи ҳамкориҳои ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ” аз тарафи ташкилоти байналхалқии GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zumsammenarbeit) ба озмоишгоҳҳои кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи донишкада як қатор таҷҳизотҳои муосир ба монанди автоклав, стереомикроскопҳо, дастгоҳ барои муайян намудани миқдор ва сифати клейковинаи орд ва гандум, осиёи лабораторӣ, термостатҳо, ҷевонҳои хушккунӣ ва ғайра харидорӣ карда шуд, ки ин барои ҷоннок намудани таҳқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти инноватсиони шароити мусоид фароҳам меорад.

Барои Парки технологӣ соли 2018 аз тарафи ташкилоти байналхалқии GIZ хати истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ки иборат аз таҷҳизотҳои хамиромехтакунанда, мизи тақсимкунӣ, рафҳои нонӣ, ҷевони нонпазӣ, ҷевони дамгирии нон ва маҳсулоти нонӣ, тарозуҳои истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизотҳои муосир мебошад ба маблағи умумии 1118000 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Таҷҳизотҳои харидорикардашуда, барои магистрантон ва докторантон дар доираи коркарди технологияи маҳсулотҳои нонӣ ва нон нисбати тиҷоратикунонии дастовардҳои илмӣ имконият фароҳам меорад. Онҳо метавонанд бо истифодаи ашёҳои хоми гуногун, ғайрианъанавӣ ва маҳаллӣ намудҳои нави маҳсулот истеҳсол карда, натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии худро дар шароити истеҳсолии озмоишӣ тадбиқ намоянд. Маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи худро дар шароити озмоишӣ бо истифодаи таҷҳизотҳои муосир таҳлил намуда барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

 

Хизматрасонии компютерӣ

Парки технологӣ ба мизоҷон барои ҳамкорӣ дар шаҳри Хуҷанд хизматрасониҳои гуногуни компютерӣ пешниҳод менамояд:

- коркарди таъминоти барномавӣ;

- коркарди сомонаҳо;

- таъмири компютерҳо ва ноутбукҳо;

- насби таъминоти барномавӣ;

- барқарор кардани маълумотҳои гумшудаи дискҳои гуногун;

- таъмири принтерҳо;

- пур кардани ранги принтерҳо.

Самти дигари фаъолияти парки технологӣ ин коркарди барномаҳои ватанӣ ва омӯзиши он мебошад. Парки технологӣ метавонад сохтан ва тағйирдиҳии веб-сомонаҳоро барои ташкилоту корхонаҳо ба зимма гирад. Васлкунӣ ва созкунии тахтаҳои электронӣ ва омӯзиши он, ташкили видеоконфронсҳо низ дар ӯҳдаи технопарк вогузор аст.

Дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар 4 факултет 2-тоги синфхонаҳои лингафонӣ бо технологияи «Тонкий клиент» сохта шуд.