Имрӯзҳо мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки технология ва ҷомеаи иттилоотӣ дар авҷи рушду тараққиёт қарор дорад. Равандҳои умумии иттилоотикунонӣ ҳаёти моро бакуллӣ дигаргун сохта, захираи муҳими ҷомеаи муосир иттилоот шуда истодааст ва нигоҳ доштан, зиёд намудану оқилона истифода бурдани ин захира маънии бузургро дар байни давлату миллат пайдо карда истодааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани системаи иттилоотии китобхонаи донишкада яке аз масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад. Зеро талабот барои китобҳои донишкада аз тарафи донишҷӯёну устодон ҳамарӯза афзоиш ёфта истодааст. Таҳияи чунин система дар ҷараёни баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва маънавиёти донишҷӯён нақши калидӣ мебозад. Бо технологияи муосир муҷаҳҳазонида шудани СИ китобхона ва автоматизатсияи ҷойи кории кормандон боиси баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ гардида, талаботи истифодабарандагон фавран қонеъ карда мешавад.

Web- интерфейс барои додугирифти китоб барои истифодабаранда бо воситаи компютер ва сабти он дар манбаи маълумот тартиб дода шудааст. Барои ҳамаи китобҳо ва истифодабарандагони китобхона штрих-коди индивидуалӣ сохта шудааст, ки ин барои иҷрои ҳамаи корҳо сарчашма мебошад. Барои истифодабаранда имконияти қулайи фармоиши китоб ва инъикоси ин фармоиш дар интерфейси китобдор барои тайёр намудан ва супоридани китобҳои фармудашуда  сохта шудааст.

Мақсади асосии таҳияи системаи иттилоотии китобхонаи донишкада ташкили системаи иттилоотии марказонидашуда бо роҳи ҷорӣ намудани технологияи муосир мебошад, ки дар натиҷа раванди корҳои ҳамарӯза иҷрошаванда ба сатҳи максималӣ автоматизатсия карда мешавад. Инчунин барои истифодабарандагон шароити хубу бароҳат барои хондану сабт намудани китобҳои электронӣ ва фармоишоти китобҳои аслӣ фароҳам оварда шудааст.

Сомонаи нави китобхонаи электронии донишкада моҳи январи соли 2019 сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои интерфейси сода ва истифодабарии осон барои китобдор ва истифодабарандагон мебошад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз се китобхона иборат мебошад, ки онҳо дар якҷоягӣ 405 ҷойи нишаст ва 178 адад компютери ҳозиразамони ба системаи идоракунии иттилоотӣ (СИИ) ва китобхонаи рақамӣ пайваст мебошанд. Фонди умумии китобхонаи рақамӣ аз 47353 адад маводи электронӣ (китобҳо, силлабусҳо, ҳуҷҷатҳо ва ғ.) иборат мебошад. Ташрифоварии ҳамарӯзаи истифодабарандагон низ ба система сабт мешавад ва боиси хурсандист, ки нишондиҳандаҳои ташрифоварӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Ташкил ва таҳияи системаи иттилоотии китобхонаи ДПДТТХ тавассути технологияи Web аст, ки он  яке аз роҳҳои оптималӣ ва беҳтарин ба ҳисоб меравад. Сабабҳои асосии интихоби ин технология:

- дастрасии бевоситаи истифодабарандагон ба система – дилхоҳ компютери ба шабака пайваст метавонад аз захираҳои китобхонаи рақамӣ истифода барад;

- одӣ будани насбкунӣ ва ҷойгиркунии система – пас аз бапуррагӣ таҳия шудани система, насбкунии он ба ҳар як компютер дар алоҳидагӣ лозим нест.

Истифодабарандагон ба воситаи таъминоти барномавии стандартӣ (броузер) бо истифода аз URL-дархост метавонанд ба система дастрасӣ пайдо намоянд;

- сатҳи баланди рушди система ва эътимоднокии он.

Пас аз сохта ба истифода дода шудани системаи иттилоотии китобхона чунин имкониятҳо барои истифодабарандагон ба роҳ монда шуд:

- имконияти интихоби забон, яъне тарҷумаи мундариҷаи веб-саҳифаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)

- ҷустуҷӯи китоб аз рӯйи номи китоб, феҳристи алифбо, муаллиф, нашриёт, силсила, китегория, фан ва ихтисос;

- фармоиши китобҳо;

- сабт ва хондани китобҳои электронӣ

- қабул ва супоридани китоб тавассути штрих-код;

- қабули пешниҳоду дархостҳо аз истифодабаранда.

 

 - рӯйхати китобҳои устодони донишкада (электронӣ ва аслӣ);

- чопи ҳисобот;

- сабти ҳисобот ба файлҳои форматашон .xls (excel) ва pdf;

- инъикоси ҳисобот ба намуди диаграммаву графикҳо;

- сабти китобҳои дӯстдоштаи истифодабаранда;

- дохилкунии маълумоти нашриёт, ҷойи нашр, категорияи китоб, забонҳои китоб ва иловаи серия;

- имконияти иловаи китобҳои форматашон pdf, djvu, txt, doc, docx;

- имконияти иловаи расми муқоваи китобҳои форматашон png, jpeg, bmp;

- гирифтани маълумот оид ба миқдори сабти китобҳои электронӣ, китобҳои серталаб, рейтинги хонандагони фаъол;

Системаи иттилоотии китобхона барои истифодабарандагон таъсири мусбии маънавию фарҳангӣ расонида, шароити хубу бароҳатро барои хониши китоб фароҳам меоварад. Инчунин, ҷойи кории кормандони китобхона бапуррагӣ автоматизатсия карда шуда, функсияҳои нав илова карда шудаанд.

       Сомонаи китобхонаи рақамӣ:  www.lib.dpdtt.tj