Тоҷикистон имрӯз воқеан ба нерӯи зеҳнии ҷавонон аҳмияти хоса дода ба ҳисси баланди ватандӯстии онҳо ниҳоят эҳтиёҷ дорад, зеро маҳз ҷавонон метавонанд миллати моро ҷовидону поянда доранд, то ки мардум ҳамеша дар фазои озод зиндагони дошта бошанд.

Қудрате азимтар дар ин ҷаҳон аз қудрати давлати озод нест ва нерӯе болотар аз нерӯи мардуми дилшод нест. Хостори онем, ки ҳамеша маҳбубияти Ватани азизамон зиёдтар ва пешрафти он бобақотар гардад. Умри безаволи миллатамонро хоҳонем, то дар қатори мамлакатҳхои рӯи олам поянда монад ва намиранда гардад. Мо ҷавонем, ҷавононро ба ватандӯстиву ваҳдатпарастӣ роҳнамои менамоем. Мехоҳем ҳифзи Ватан – Модарро дар ҳаётамон болотар аз ҳама чиз гузошта, барои кӯдакону ояндагони миллатамон сарзамини бихиштосоямонро ба мерос гузорем.

       Эй ҷавонмардони азиз! далерони шуҷои ватанпараст хоҳарона аз ҳар кадоми Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳеҷ гоҳ ба нохалафе иҷозат надиҳед, то ба ин замини муқаддас по ниҳода оромии мардуми тоҷикро барбод додани шаванд. Тамоми мардумони миллатамон умедашон аввал ба Худо бошад дуюм такягоҳашон маҳз ба сарбозону ҳимоятгарони Ватан аст. Пас вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро дар ҳифзу ҳимояи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол дареғ надоред, зеро ҳифзи миллат – ҳифозат аз нангу номи миллат ва хоҳарону модарон аст.

       Саодати мо халқи замони азиятдидаи тоҷик дар он аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон устуворона танҳо ба пеш кадам мезанад, мақому манзалаташ имрӯз дар тамоми олам боло рафта, миллати тоҷикро оламиён чун кишвари башардӯсту сулҳпарвар шинохтаанд.

       Бояд гуфт  халқе, ки ҳамвори сӯи ғолибият рафтааст пирӯзиҳои навин дар атрофаш гиромӣ мекунад, зеро чунин халқи муваффақ намиранда аст ва ақлу заковати хирадмандона боиси ҳамеша нусрат ёфтани ин мамлакат хоҳад буд. Пас ҷавонони шуҷоатманди Тоҷикистонро мебояд дар ҳимояи зарраи хоки поки диёрамон бесаркашӣ аз хизмат ба дифои Ватан раҳнамоӣ гарданд, зеро дарси хизмат ба Ватан дарси ба муваффақият ноил шудан дар ҳаёт ба ҳама гуна арзишҳои олии зиндагист.

Бахтиёрзода Муҳаббат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд