Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои донишкада буда, гурӯҳҳои фосилавии донишкадаро идора мекунад. 

ВИДЕОРОЛИК ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Донишкада   иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  барои ташкили омӯзиши фосилавӣ ба ихтисосҳои зерин соҳиб шудааст:

1-40.01.02.02 Технология дар иқтисодиёт

1-25.01.04  Молия ва қарз

1-25.01.07 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

1-44.01.01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

1-43.01.03 Таъмини барқ

Мӯҳлати таҳсил мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25 феврали соли 2017 4 сола аст.

Донишкада санаи 04.01.18 иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ташкили таҳсили фосилавӣ барои ҳамаи ихтисосҳои мавҷудаи зинаи таҳсилоташ мутахассис муваффақ шудааст.

Раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Сомонаи таҳсилоти фосилавии (СТФ) донишкада www.fosilavi.tj ба шабакаи глобалии Интернет насб буда, раванди таълим новобаста аз масофаи ҷойгиршавии донишҷӯ ва устод амалӣ мегардад.

Smiley face

Интерфейси истифодабарандагон мутобиқи технологияи муосир сохта шуда,  имконияти хуби истифодабариро бо воситаи телефонҳои мобилӣ ва планшет дорад. Барои воридшавӣ ба сомонаи омӯзишӣ ба ҳар як истифодабаранда калиди воридшавӣ (логин) пешниҳод шудааст. Дахолатнопазирии шахси беруна ба ҳуҷраи шахсӣ таъмин аст.

Теъдоди донишҷӯён дар айни замон ба 224 нафар расидааст. Донишҷӯён дар гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар ва берун аз он - Олмон, Чин, Амрико, Русия ва ғайра кор ва фаъолияти касбӣ мебаранд ва бидуни тарки маҳалли зист таҳсилро давом дода истодаанд.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ раванди таълимро дар гурӯҳҳои фосилавӣ идора ва назорат мекунад.

Аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯён пеш аз саршавии дарсҳои низоми фосилавӣ дарсҳои заминагузорӣ, муқаддимавӣ дар донишкада  ташкил карда мешавад. Дар ин дарсҳо саводнокии компютерии донишҷӯ баланд карда шуда, донишҷӯён бо сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ва тарзи корбарӣ дар он шинос мешаванд. Маълумоти мухтасарро оиди фанҳои омӯзонидашаванда пайдо мекунанд.     

Бо оғози таҳсили фосилавӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои ҳар як фан бо воситаи сомонаи  мӯзишӣ  маводҳои таълимии устод (курси лексия, маводи дарси амалӣ, презентатсияҳои мавзӯъҳо, супориш ва намунаи иҷрошудаи он, намунаи тестҳои имтиҳонӣ ) ба  донишҷӯ дастрас мешавад. Барои бартараф намудани яке аз камбудиҳои асосӣ, ки ин ҳам кам будани муоширати зинда байни омӯзгор ва донишҷӯ мебошад, марказ дарсҳои тариқи он-лайн ВЕБИНАР-ро ташкил кардааст.  Устод дар ин дарсҳо дар вақти воқеӣ бо воситаи интернет бо донишҷӯён дарси виртуалӣ ташкил намуда, мавзуъҳоеро, ки дар азхуд намудани он донишҷӯён мушкилӣ мекашанд, фаҳмонида медиҳад, оид ба мафҳумҳои асосии мавзуъ баҳс мекунад, дониши донишҷӯёнро месанҷад. 

Барои омода намудани устодон ва донишҷӯён ба дарсҳои онлайн-вебинар маркази  таҳсилоти фосилавӣ семинарҳоро ташкил намуда, дар он тарзи корбарӣ бо таъминоти барномавии вебинарро ба устодон  ва инчунин донишҷӯён  меомӯзонад.

     

Барои донишҷӯёне, ки имконияти ба донишкада омадан ва хоҳиши иштирок дар дарсҳои  шакли рӯзона доранд, бо иҷозати сарвари донишкада ҳуқуқи “донишҷӯ-шунаванда” дода мешавад. Онҳо метавонанд мӯҳлати муайян дар дарсҳои рӯзона иштирок намуда, мушкилиҳое, ки ҳангоми донишандӯзӣ доштанд, бартараф кунанд.

Барои донишҷӯёни шакли рӯзона, ки ҳатман сафар кардан,  дар шаҳрҳои дурдаст муолиҷа кардан ё таҷрибаомӯзӣ берун аз шаҳр пешниҳод мешавад, донишкада имконият медиҳад, ки хонданро қатъ накарда, дар таҳсилоти фосилавӣ давом диҳад. Инчунин,  баъзан модарони ҷавон аз имконияти додашуда истифода бурда, аз шакли рӯзонаи дарсҳо ба фосилавӣ гузашта, баъди гузаштани  мӯҳлати муайян боз ба гурӯҳи рӯзонаи худ бармегарданд.

Хатми аввалини гурӯҳҳои фосилавӣ дар соли хониши 2016-2017 ба вуқӯъ пайваста  40 нафар донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ соҳиби дипломи мактаби олӣ  гардиданд. Дар хатми дуюм соли таҳсили 2017-2018  28 нафар саҳибмаълумот гаштанд. Ҳоло марказ ба хатми сеюм омода шуда истодааст.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ бо донишҷӯён ҳамеша дар алоқа буда,  барои хоҳишмандон дарсҳои машваратӣ ташкил мекунад. Барои ҳалли муаммоҳои таҳсилоти фосилавӣ семинарҳо бо устодон мунтазам гузаронида мешаванд.

Бо баробари рушди технологияи телекоммуникатсионӣ қадам ниҳода барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ марказ  чораҳои мушаххас меандешад.

 

Ҳайати кормандон

Исомаддинова Раънохон Мирзоҳамдамовна 

номзади илмҳои физика ва математика,

сардори шуъбаи маркази таҳсилоти фосилавӣ

 Шарипова Мафтунахон Муродовна

мутахассис, нозир 

Муллоҷонов Назирҷон Мубинҷонович

 мутахассис, барномасози марказ

Оиди сомонаи таҳсилоти фосилавии донишкада, ки www.fosilavi.tj  ном дорад,  шумо метавонед аз интернет  маълумот гиред. Барои гирифтани маълумоти пурра ба Маркази таҳсилоти фосилавӣ, ки дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 226   бинои маъмурии донишкада ҳуҷраи 303 воқеъ аст, муроҷиат намоед. Суроғаи электронии мо  Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.