ОЗМУНИ "ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ҶАВОН"

Солиев Парвиз, аспиранти донишкада, шогирди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр», ки бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир намуд, дар байни донишҷӯён ва олимони ҷавон бо лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» ғолиб омад ва соҳиби 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Ҳамчунин шогирдони дигари донишкада Муҳаммадхон Тӯрахонов бо ихтирооти илмии худ таҳти унвони «Системаи иттилоотии идоракунӣ барои коллеҷ» ва  Абдунабӣ Қосимов «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори таҳсину офаринҳои ҳайати ҳакамон гардиданд. Озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр байни хонандагони муассисаҳо таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ шогирдони Донишкадаи политехникӣ сазовори ҷойи якум, донишҷӯёни ДДХ ҷойи дуюм ва олимону донишҷӯёни ДДҲБСТ мақоми сеюмро касб намуданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода дипломи ҷоизаро супорид.

 

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Маркази илмии Хуҷандии АИ ҶТ озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» доир гардид. Дар озмуни мазкур дар қатори 12 намояндаҳои муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ду омӯзгори ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Илёс Исломов ва Парвиз Солиев, як донишҷӯ Нигора Олимова лоиҳаҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуданд.  Дар натиҷа Илёс Исломов бо лоиҳаи «Редуктори электромагнитии ҳаракатовари нерӯгоҳи барқии бодӣ»  сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби ҳафт ҳазор сомонӣ гардид. Дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» омӯзгори ҷавони кафедраи Барномасозӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада Абдунабӣ Қосимов миёни 28 навоварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии миқёси вилоят  ғолиб омад. 

 

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия- омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷўёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърўзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.  Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номзадони илмҳои физика ва математика- Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев аз рӯи равияи илмҳои дақиқ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ» ба ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров соҳиб гардиданд. Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Президенти академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

 РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАНД

Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд  бо иштироки панҷ сарварони муассисаҳои олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилоят имзо карда шуд.Дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё  аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳангии тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем. Директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои таваҷҷуҳу оғози расмии ҳамкорӣ ба ҳайати меҳмонон изҳори сипос намуд. Сипас меҳмонон бо роҳбаладии директори ДПДТТ номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ дидан намуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо,  китобхонаву системаи иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.

Вейко Сполитис зимни сӯҳбат аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки чунин системаи идоракунии донишкада на дар ҳамаи муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ амал мекунад. Номбурда барои равобити густурдаи донишкада бо муассисаҳои олии техникии Ҷумҳурии Латвия таклифҳои мушаххас дод. Каспарс Клявиныш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига низ зимни шиносоӣ аз фаъолияти донишкада аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо васф карда, қайд намуд, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Латвия устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад. Сафари кории  ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд тайи чанд рӯз идома ёфта, онҳо аз   Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд.

ГУСТРАШИ РОБИТА БО ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Бо мақсади густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ  Каточков Виктор Михайлович, ноибректор оид ба муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи Ҷануби Урал, президенти фонди рушди иҷтмоӣ-иқтисодии  «Ҳамкории Авруосиё», доктори илмҳои иқтисодӣ, Шишкина Ирина, баҳодеҳ ва таҳлилгар аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, Хуршеда Содиқова, танзимгари ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоӣ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, директори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ ширкат варзиданд. Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҳамкории ҳасанаи ду кишвар дар ҳама самтҳо ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстии ин ду миллат нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои хеш, дар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, хосса забони русиро дар мадди аввал гузоранд. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барои рушди омӯзиши забони русӣ ҳама шароитҳо муҳайё буда,  донишкада бо беш аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ҳоло наздики 12 устодони  донишка дар аспирантура ва доктрантураи ин кишвар таҳсили илм доранд. Гузашта аз ин, донишкада барандаи се лоиҳа гардид, ки мутобиқи он устодон ва шогирдон минбаъд метавонанд барои тақвияти дониш ва табодули таҷриба ба муассисаҳои олии хориҷӣ сафар намоянд. 

Каточков Виктор Михайлович зимни баромади хеш аз фаъолияти донишкада дар мавриди пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, пешрафти соҳаи технологияи иттилотӣ, сатҳи баланди донишазхудкунии донишҷӯён васф намуда, қайд кард, ки мо зимни роҳандозии лоиҳа дар беҳтарин муассисаҳои Осиё ва Аврупо будем ва чунин равияи таълимро, ки имрӯз донишкада пеш мебарад, кам дидем. Баромадкунандагон Шӯҳрат Ҷумъаев, аспиранти Донишгоҳи Ҷануби Урал, Солиев Зоир Тоирович, номзади илмҳои педагогӣ, Бакаев Мирзоҳамид,   дотсентони ДПДТТ, Комил Раупов ва Шаҳноза Оқилҷонов, устодони ДПДТТ  дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт маърӯзаҳо намуданд. Дар қисмати дуюми мизи мудаввар викторина дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи ҷаҳон»  доир шуда, донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

  ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФ БА ДОНИШКАДА

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  ҷиҳати ошноӣ аз раванди таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф овард. Зимни азназаргузаронии дастовардҳои донишкада Вазири маориф ва илми кишвар ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки таҷрибаи раванди таълимии сиклӣ ва тарзи иҷроиши сарборие, ки дар донишкада роҳандозӣ шудааст, бояд дар дигар муассисаҳои олии кишвар ҷорӣ карда шавад. Зеро ин намуди таълим масъулият ва салоҳияти устодонро баланд бардошта, онҳоро ба навовариву навҷӯи талқин мекунад.

Нуриддин Саид дар идомаи вохӯрӣ зарурати тағйирот нисбати қабули довталабон ба магистратураро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Зикр шуд, ки шогирдони боистеъдоду навовар, ки зимни таҳсил худро фаъол нишон додаанд, бояд ба таҳқиқу пажӯҳиш бештар ҷалб карда шаванд.

Вазири маориф ба тадқиқоту раванди корҳои амалии устодону шогирдони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ баҳои баланд дода, бори дигар аз устодон даъват ба амал оварданд, ки ҳамвора илмро бо амалия пайваст созанд. Махсусан ба устодоне, ки ба тадқиқоти тафтиши орфографии калима машғуланд, тавсия дода шуд, ки барои омоданамоии барномае, ки бевосита тафтиши автоматики ҷумларо назорат мебарад, машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони ин кафедра, устодони ҷавони донишкада Парвиз Солиев ва Абдунабӣ Қосимов соли гузашта дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар миқёси шаҳри Хуҷанду вилоят мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Вазир ҳамчунин ба тадбиқи раванди таҳсилоти фосилавӣ баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ бо баргузори семинару конфронс бо иштироки устодони мактабҳои олии кишвар ин таҷрибаи андӯхтаро паҳн намоянд. Директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд, ки соли шашум аст, ки ин раванди таълим дар донишкада ҷараён дошта, аввалин хатмкунадагон бо дониши баланд пайи кору истеҳсолот ҳастанд. Иттилоъ дода шуд, ки устодон бо вебинарҳо ба шогирдон дарс гузашта, бо мақсади санҷиши воқеии дониши шогирдон соле як маротиба донишҷӯ даъват карда мешавад.

Ба Вазири маориф ва илми кишвар намунаи корҳои эҷодиву истеҳсолии кафедраи химия ва агротехнология низ хеле писанд омад. Шогирдони ин кафедра дар баробари такмили дониши назариявӣ, ҳамчунин бо истифода аз лабораторияҳои муҷаҳҳаз, ки соли равон боз аз ҳисоби маблағҳои грантӣ такмил ёфтанд, таҷрибаашонро ғанӣ мегардонанд.

Сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, ки дар назди парки технологии донишкада ба роҳ монда шудааст, писанди вазир гардида, номбурда барои боз ҳам васеътар гардидани доманаи фаъолият ва кушодани сехҳои дӯзандагӣ дар минтақа ҷануби кишвар ба роҳбарияти донишкада супориш дод.

 УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ЛИТВА ДАР ДПДТТ

Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузарониданд. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузарониданд.  Зимни сӯҳбат бо устодони ин Донишгоҳ аён гардид, ки донишкадаву донишҷӯёни мо аз нигоҳи онҳо яке аз беҳтаринҳо буда, дарсҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд.

 ДПДТТХ: ПЕШОҲАНГИ НАВОВАРИҲО ВА ТОЗАҶӮИҲО

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 қайд намуданд, …“Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Бо  мақсади дар амал татбиқ намудани ин нуктаи муҳими Паёми Сарвари давлат  дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои нави озмоишгоҳии Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ифтитоҳ гардид.  Дар расми ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд. Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳои ҳамкорӣ омӯзгорону кормандони донишкада бевосита корро бо ин таҷҳизот азхуд кардаанд ва инчунин дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Хитой, Қазоқистон, Қирғистон 54 нафар такмили ихтисос гузаштанд. Ибтикори донишкада оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои пурра ва мустаҳкам кардани пояи озмоишгоҳӣ боиси ибрату омӯзиш аст.


Муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштанд, ки чунин озмоишгоҳ дар Тоҷикистон назир надорад ва омӯзгорону кормандони донишкада дар заминаи технологияҳои муосир бо тайёр кардани кадрҳои рақобатпазир дар бозори меҳнат ҳиссаи худро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул боз бештар намоянд.

Таъкид шуд, ки таҳсилоти муҳандисӣ аз донишҷӯ талаб мекунад, ки на танҳо ҳаҷми муайяни донишро азхуд кунад, балки малакаи корфармоии ин донишро дар амал соҳиб шавад. Дигар хусусияти фарқкунанда ин тез – тез навшавии мазмуну мундариҷаи фанҳои тахассусӣ вобаста ба рушди соҳа мебошад. 

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз 20 ихтисосҳои зинаи бакалавриат 17 ихтисос ихтисосҳои муҳандисиву технологӣ мебошанд. 

Боиси хурсандист, ки омӯзгорону кормандон ва раёсати донишкадаи политехникӣ ҳаракат мекунад, ки хатмкардаҳояш дар бозори меҳнати ҳам дохилӣ ва ҳам минтақавиву байналхалқӣ рақобатпазир бошанд. Ин танҳо ҳамон вақт имконпазир аст, ки салоҳиятҳои хатмкунанда бо салоҳиятҳои ҷои кори ояндааш ҳамоҳанг бошад ва пояи озмоишгоҳии барномаи таҳсилот ба ин мусоидат намояд.

                     ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Санаи 16 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии технологии Қирғизистон ба номи И.Раззоқов  Олимпиадаи байналхалқии технологӣ баргузор гардид. Дар олимпиада донишҷӯёни муассисаҳои олии Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар равияи  “Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ” таҳсил доранд, ширкат варзиданд. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки дар олимпиадаи байналхалқии мазкур донишҷӯёни донишкадаи мо Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, номбардори Ватану донишкадаи азизи хеш гардиданд. Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси кафедраи “Технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”-и ДДТҚ ба номи И.Раззоқов, барномаи "Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ" ташкил карда шуда, дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Олимпиада дар ду марҳила гузаронида шуда, аз қисми назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Қисмати сеюм бошад, дар сехи маҳсулотҳои гӯштии “Технолог” баргузор гашт, ки шарти асосӣ дар муддати муайяншуда аз рӯи тартибот омода сохтани 5кг маҳсулоти гӯштиро дар бар гирифт.  

Ҷалилов Равнақ, донишҷӯи курси 3_49.01.02, Мамадҷонов Равшан, донишҷӯи курси 4_49.01.02, Атабекова Ҳафиза магистранти ихтисоси 49.01.02mta иштирокчии Олимпидаи байналхалқии технологӣ гардида, бо донишу маҳорати баланди худ дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.  Донишҷӯёнро дар Ҷумҳурии Қазоқистон профессори донишкада Муҳиддинов Анвариддин ҳамроҳӣ намуданд.

Ҷалилов Равнақ, Мамадҷонов Равшан ва Атабекова Ҳафизаро аз номи кулли донишкада бо ғолибият дар олимпиадаи байналхалқӣ табрик намуда, дар кору таҳсил муваффақиятҳои беназирро орзумандем.

Устод Муҳиддинов Анвариддин ва иштирокчиёни олимпиада барои дастгирии ҳамаҷониба миннатдории хешро ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз мерасонанд. Бигзор сафи чунин донишҷӯёни ғолиб, номбардорони донишкада  ва фаъол  зиёд гардад.

 ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаҳои 4-5 майи соли равон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, дар Донишгоҳи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Боиси ифтихори мост, ки донишҷӯи курси 4, ихтисоси 40.01.02тб Музафаров Манучеҳр бо 97 хол аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори  ҷойи дуюм, Сангинов Саидиқбол, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 40.01.02ра аз фанни иқтисодиёт соҳиби ҷойи дуюм ва аз фанни математика донишҷӯи курси  3, ихтисоси 69.01.01тб Толиббоев Шаҳзод мақоми сеюмро касб намуд. Ғолибият дар олимпиада байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тамоми ҷумҳурӣ бори дигар собит сохт, ки имрӯз донишкадаи мо яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб ёфта, сатҳу сифати дониши донишҷӯён дар дараҷаи зарурӣ қарор дорад.

Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид диплом ва медалҳои дараҷавӣ супорида шуд. Китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ба ҳамаи ғолибон туҳфа карда шуд. Устодони донишкада Акрамова Заррина, Ғуломнабиев Сардор, Солиев Одилхӯҷа ва Иномов Беҳрӯз  барои омодагии ҳамаҷонибаи иштирокчиён кӯшиш намуданд. Ғолибон ва устодони онҳо барои дастгирии ҳамаҷониба миннатдории хешро ба директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз изҳор менамоянд.

Музафаров Манучеҳр, Сангинов Саидиқбол ва Толиббоев Шаҳзодро бо ғолибияте, ки обрӯю нуфузи донишкадаамонро боз ҳам баланд бардошт, аз номи кулли донишкада табрик менамоем. Бигзор номбардори донишкада гардида, дар раҳи илму дониш комгор гарданд. 

 ПАРВИЗ СОЛИЕВ БАРАНДАИ ҶОМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИХТИРОЪКОРОНУ НАВОВАРОНИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН" ГАРДИД

Санаи 28 июни соли равон дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон" ҷамъбаст гардид. Дар озмун ихтироъкорон ва навоварон аз аксари муассисаҳои илмии кишвар ширкат намуда,  дастовардҳои илмию инноватсионии  хешро муаррифӣ намуданд. 

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур кайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамасолаи озмуни мазкур он аст, ки мо бояд дастовардҳои илмиро ҳамвора дар истеҳсолот амалан татбиқ намоем. Зеро пешрафт ва нумӯи кишвар аз иқтидори истеҳсолӣ вобастагии калон дорад. Вокеан ҳам эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат дар назди роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар вазифаи масъулро мегузорад, то онҳо бо омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа саъй варзанд.  

 Лутфия Абдуқодирзода, роҳбари Раёсати илму маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифӣ шудани дастовардҳои илмии ихтироъкорону навоварон ибрози андеша намуд. 

Тибқи баҳогузории ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияи “Зиёдтарин миқдори навовариҳо ва санадҳои тасдиқкунанда оид ба татбиқи онҳо дар истеҳсолот”  миёни 60 нафар олимони ҷавон Парвиз Солиев, сардори Маркази технологияи иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.  

Парвиз Солиев ҳамчун устоди ҷӯяндаву навовар аз ин қабл ҳам дар озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ ширкати фаъолона дошта, соли 2017 беҳтарини ихтироъкори ҷавони шаҳри Хуҷанд дониста шуд.