Муаммоҳои гузариш ба энергияи сабз ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат дар нақшаи кори илмию тадқиқотии кафедра мавқеи муҳимро мебозад.

 

Кафедраи таъминоти барқ ва автоматика мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-43 01 03 Таъмини барқ

1-53 01 05 Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

 

Магистратура

1-43 01 03 Таъмини барқ

1-53 01 05 Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

 

Докторантура

6D071800 Энергетикаи электрикӣ

 

Ҳайати устодони кафедра

Қаландаров Ҳусейнҷон Умарович – мудири кафедра, н.и.т.

Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович – н.и.т., дотсент

Ҳоҷиев Анвар Абдуллоевич – н.и.т., омӯзгори калон

Ҷӯраев Дадахон Собирҷонович – н.и.т., омӯзгори калон

Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич – н.и.т., омӯзгори калон

Тошхӯҷаева Муҳайё Исломовна – н.и.т., омӯзгори калон

Комилова Маҳбуба Ёдгоровна – омӯзгори калон

Мирхолиқова Дилафрӯз Сайдуллоевна - омӯзгори калон

Дадобоев Шаҳбоз Толибҷонович - омӯзгори калон

Акилов Аҳмадҷон Ашӯрович - омӯзгори калон, мудири озмоишгоҳ

Болтуев Баҳромҷон Муҳамадович - омӯзгори калон

Исмоилов Исмоилҷон Илҳомович - ассистент

Воҳидов Аюбҷон Ҷумаевич - ассистент

Каримов Ибодқул Раҳимқулович – ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Дар самти гузариш ба энергияи сабз ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотиро доир ба ҳалли муаммоҳои  самаранок истифодабарии энергия ва паст намудани талафоти қувваи барқ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар иншооти шаҳрвандӣ ва саноатӣ, баланд бардоштани эътимодияти таҷҳизот ва шабакаҳои барқӣ иҷро намуда, ба  муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Аз ҷумла масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини бехатарии кори трансформаторҳои қуввагӣ  тадқиқ карда шуда, сохти танзими шиддат дар таҳти бор, таҳияи алгоритмҳои ташхис ва санҷиши коршоямии трансформаторҳои қуввагӣ омӯхта шудааст. Пешниҳодҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии корҳои ташхисӣ ва таъмирии трансформаторҳо, танзими реҷаи кори трансформатор, пешгирии бавуҷудоии садамаҳо дар зеристгоҳҳои барқии 110 кВ коркард шуда, дар Шабакаҳои барқии Суғд  татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин, тағйирёбии хосиятҳои теплофизикии моеъҳои магнитӣ дар таъсири ҳарорат, фишор ва майдони магнитӣ дар симпечҳои трансформатор омӯхта шуда,  пешниҳод доир ба диагностикаи фаврии сифати равғани трансформатор тартиб дода шудааст.

Дар самти истифодабарии энергияи шамол редуктори электромагнитӣ бо танзимоти табдилдиҳандаи теристорӣ  коркард шудааст, ки ҳангоми истифодаи он коэффисиенти фоиданок истифодабарии шамол то 85% баланд мегардад.  Ғайр аз он, эътимодияти хатҳои интиқоли барқи шиддаташон 110 кВ дар шароити иқлимии мамлакат тадқиқ шуда, тавсияҳо доир ба интихоби оптималии ноқилҳои барқӣ ва пешгирии садамаҳо тартиб дода шудааст. Дар самти зерин  3 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя  карда шуда,  2 рисола ба ҳимоя омода карда шудааст. 3 монографияи илмӣ, зиёда аз 14 патентҳо, 120  мақолаҳои илмӣ дар  нашрияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудааст. Иҷрои лоиҳаи илмии фармоишӣ дар мавзуи “Коркарди усул ва воситаҳои таъмини энергосарфа дар саноат ва рӯзғор”, ки аз тарафи буҷети давлати маблағгузорӣ карда мешавад,  аз соли 2021 оғоз мегардад.  Натиҷаҳои тадқиқот дар ин самти дар 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки дар мавзуи “Технологияҳои муосир дар элекроэнергетика ва саноат” дар солҳои 2012 ва 2018 гузаронида шудаанд, муҳокима гаштанд. Дар ин самт олимони варзида н.и.т., дотсент Раҳимов О.С., н.и.т. Ҳоҷиев А.А., н.и.т. Ҷураев Д., н.и.т. Қаландаров Ҳ.У., н.и.т. Исломов И., н.и.т. Тошхуҷаева М.И. аспирантон Дадобоев Ш.Т., Исмоилов И.И., докторантони PhD Каримов И.Р., .... ва Мирзоев Д.Н. фаъолияти пурсамар мебаранд, ки аксари онҳо олимони ҷавон мебошанд.                                                                  

 

Шарикони рушд

- Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ (дар доираи лоиҳаи касби ман)

- Шабакаҳои барқии Суғд (Филиали кафедра)

- ҶДММ “САТН”

- Шабакаҳои барқии ноҳияи  Ҷ.Расулов

- Шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан

- Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд

- Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон

- ҶДММ "Ҷавонӣ"

- ҶДММ "Нассоҷи Хуҷанд"

- ҶДММ "СуғдПак"

- Нерӯгоҳи барқии обии Қайроқум (НБО)

 

Таҷрибаомӯзӣ

- Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд

- Шабакаҳои барқии вилояти Суғд

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика 9 лаборатория барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

 

 

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

1-43 01 03 Таъмини барқ

- шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ҳароратӣ;

- зеристгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар вазифаҳои муҳандиси барқчӣ ё энергетик;

- муҳандис оид ба тармим ва санҷиш, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ;

- муҳандис оид ба ҳисоб ва танзими реҷаҳои шабакаҳои барқӣ;

- нозири хадамоти барқ;

- менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ

- менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таъйиноти гуногун;

- муҳандиси лоиҳакашии таъминоти барқи манзилгоҳҳои истиқоматӣ.

 

1-53 01 05 Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

- муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои идораи истеҳсолот дар корхонаҳои гуногуни саноатӣ;

- муҳандиси асбобҳои ченкунӣ – санҷишӣ ва автоматика (КИП и А);

- муҳандис тадқиқотчӣ;

- муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ;

- тармим ва санҷиш;

- таъмири таҷҳизоти барқӣ;

- назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншоотҳои энергетикӣ;

- менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ.