Маркази тестии (МТ) Донишкадаи политехникии Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дар ш .Хуҷанд соли 2010 бо мақсади ташкили гузаронидани имтиҳонҳои маъмурии марказонидашуда таъсис ёфтааст.

Системаи гузаронидани имтиҳонҳои маъмурии дар донишкада ташкилшуда имконият медиҳад ба:

  • гузаронидани яквақтаи имтиҳони ниҳоӣ барои донишҷўёни тамоми бахшҳо ва тахассусҳо;
  • сохтани вариантҳои уникалии супоришҳои тестӣ, эссеҳо, қоидаҳои асосӣ ва мафҳумҳо;
  • коркарди компутерии маводҳои имтиҳонӣ ва баҳоддиҳии ниҳоии он дар вақти кўтоҳтарин;
  • гузаронидани таҳлили корҳо бо мақсади муайянкунии сифати маводҳои баҳодиҳанда ва мувофиқати баҳои омўзгор бо сатҳи дониши донишҷўён.

Принсипҳои асосии маркази тестӣ:

 Имтиҳонҳои маъмурӣ дар донишкада яквақта гузаронида мешаванд барои зиёда аз 3500 донишҷўёни ҳамаи тахассусҳо ва бахшҳо мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида. Имтиҳонҳо гузаронида мешаванд яквақта дар зиёда аз 65 синфхонаҳои донишкада.

          Низоми уникалии имтиҳонҳои маъмурии якумин дар байни Мактабҳои олии Тоҷикистон ташкилгардида имконият медиҳад барои таъмини:

  • назорати баҳогузории объективӣ;
  • санҷиши дараҷаи хақиқии донишомӯзии донишҷӯён;
  • аз байн бурдани нусҳабардорӣ, дахолати таъсири фардӣ, элементҳои коррупсия;
  • мониторинги самаранокии дарсҳои устодон;
  • нигоҳдории маълумот барои тафтиши минбаъдаи дониши боқимонда

 Структураи маркази тестӣ аз 3 гурўҳ иборат аст: гурўҳи таъминоти барномавӣ, гурўхи сифати маводҳои таълимӣ ва гурўҳи апеллятсия.

          Гурўхи таъминоти барномавӣ ба амал меоварад:

  • коркарди барномаҳоро барои дохил намудани маводҳои имтиҳонӣ,
  • ташкил ва гузаронидани имтиҳони ниҳоӣ,
  • ҷамкунӣ ва коркарди электронии корҳои имтиҳонӣ,
  • натиҷабарории имтиҳони ниҳоии фанҳои таълимӣ.

 

          Гурўҳи сифати маводҳои таълим машғул аст:

  • бо таъминоти методии технологияи коркарди маводҳои методӣ,
  • таҳлили сифати маводҳои имтиҳонӣ,
  • таҳлили тестҳо,масолҳо ва масъалаҳо.

 

          Ба доираи фаъолияти гурўҳи апеллятсия дохил мешавад:

  • коркард ва ташкили протсесси апеллятсия,
  • ташкили триместрҳо барои қарздорон.

Назорати баҳогузории объективӣ таъмин карда мешавад ҳангоми муқоисаи баҳои устод бо баҳои маркази тестӣ. Дар донишкада истиффода бурда мешавад системаи баҳогузории 100 балла ва баҳои умумии донишҷў иборат аст аз ду қисм:

1 – баҳои устод – 50 балл

2 – баҳои маркази тестӣ – 50 бал.

          Агар баҳои устоди донишҷў  аз 50% кам( яъне аз 25 балл), донишҷў ба имтиҳони маъмурӣ роҳ дода намешавад. Ҳангоми гирифтани баҳои мусбӣ аз устод, донишҷў имтиҳони маъмурӣ месупорад ва баъди коркарди натиҷаҳои имтиҳон муқоисаи баҳои устод ва баҳои маркази МТ ба амал оварда мешавад, ки мусоидат менамояд ба назорати баҳодиҳии объективии донишдонишҷўён ва мониторинги самаранокии дарсҳои устодон. Таҳлили натиҷаҳои имтиҳон имконият медиҳад ба баҳодиҳии чунин нишондодҳо: сифати тестҳо, натиҷаҳои дониши ба дастоварда, иҷроиши нақшаи таълими фан ва ғ.

          Дар базаи МТ намудҳои бисёри маводҳои имтиҳонӣ мавҷуданд, ки бо воситаи онҳо дараҷаи хақиқии донишомӯзии донишҷӯён муайян карда мешавад.

Масалан, тестҳои дараҷавӣ. Ин тарзи тестронӣ бо воситаи компутер ба амал меояд. Мутахассисони МТ барномаи махсусро таҳия намудаанд барои супоридани тестҳои дараҷавӣ, ки аз 10 дараҷа иборат аст. Барои гузаштани ҳар як дараҷа донишҷў бояд дуруст ҷавоб диҳад ба 5 саволи ин дараҷа. Дар ҳар як дараҷа ба 3 хатогӣ роҳ додан мумкин аст, ки ба донишҷўён имконият медиҳад барои гузаштани ин дараҷа. Холдиҳи  ба донишҷў баъди гузаштани дараҷаи 3-юм оғоз мегарданд. Дар ҳолати ҷавобҳои нодуруст аз 3 зиёд будан барнома махкам мешавад ва донишҷў имконияти давомдиҳии имтиҳонро надорад.

          Намуди дигари тестҳои дараҷавӣ – масъалаҳо бо як ҷавоби дуруст. Ин намуди масъалаҳо дорои  3  дараҷа мебошанд: осон, миёна ва душвор. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои дараҷавӣ сатҳи ҳақиқии дониши ҳар як донишҷў муайян мегардад.

          Барои роҳ надодани нусхабардорӣ ҳангоми имтиҳон мутахассиссони МТ барномаи махсуси логистикаи тақсимоти донишҷўён аз рўи фанҳо ва синфхонаҳоро таҳия намудаанд . Бо воситаи ин барнома тақсимоти донишҷўён чунин мешавад, ки дар ҳар як синфхона на зиёда аз 2 донишҷўи аз як фан имтиҳонсупоранда вомехўранд.

БАРНОМАИ УНИКАЛИИ ТАҚСИМОТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР СИНФХОНАҲО

 

Боз барнома барои сохтани вариантҳои уникалии супоришҳои тестӣ истифода бурда мешавад, ки фардияти ҳар як вариантро аз фанни додашуда таъмин менамояд.

БАРНОМА БАРОИ СОХТАНИ ВАРИАНТҲОИ УНИКАЛИИ СУПОРИШҲО

 

Барои барҳамдиҳии муносибатҳои фардӣ назорати аудитории имтиҳон ба амал меояд аз тарафи устодони дигар факултаҳо. Дар ҳамаи синфхонаҳои донишкада видеокамераҳо ҷойгир шудаанд, ки тамоми ҷараёни имтиҳон ба навор гирфта мешавад.

          Дар донишгоҳ 3 намуди имтиҳони маъмурӣ истифода мешавад: хаттӣ, эҷодӣ ва бо воситаи компутер.

Имтиҳонҳои хаттӣ гузаронида мешаванд асосан барои фанҳое, ки донишҷў бояд ҳал намояд масалаҳоро бо истифодаи якчанд формула ва ё масъалаҳои комплексӣ.

 

Барои баъзе фанҳои тахассуси технологияи маснуоти саноати сабук, технологияи иттилоотӣ ва меъморӣ имтиҳони эҷодӣ гузаронида мешавад ва сатҳи дониш баҳогузорӣ мешавад аз тарафи комиссияи имтиҳонии тасдиқгардида. 

Дар айни ҳол зиёда аз 30% - и имтиҳонҳо дар донишкада бо воситаи компутерҳо гирифта мешаванд, ки хеле вақти гузаронидани имтиҳон ва баровардани натиҷаро кўтоҳ мекунад ва шаффофияти онро таъмин менамояд.

Барои донишҷӯёни тарзи хониши фосилавӣ маркази тестии донишкада онлайн – имтиҳонҳоро бо истифодаи шабакаи интернетӣ ташкил менамояд. Дар вақти муқарраршуда системаи онлайн– имтиҳон дар интерфейси ҳар як донишҷӯ  бо як муддати муайяни вақт кушода мешавад, ки дар ин муддат донишҷӯ бояд вазифаи додашударо иҷро намояд.

Барои тезонидани ҷараёни апеллятсия ва шаффофияти он МТ барномаи «онлайн - апеллятсияро» истифода мебарад. Ҳангоми онлайн – апеллятсия натиҷаи имтиҳони ҳар як донишҷў бароварда мешавад ба интерфейси ў бо воситаи системаи иттилоотии донишкада. Мисоли онлайн-апеллятсия:

Бо ташкилёбии МТ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамаи заминаҳо гузошта шуданд барои баҳодиҳии объективии сатҳи дониши донишҷўён, барҳамдиҳии муносибати фардӣ ва элементҳои коррупсия.

Шароити донишкада имконият медиҳад барои мусоидат намудан ба дохилкунии имтиҳонҳои мутамарказ дар дигар Мактабҳои олӣ, чунки малакаи мутахассисон, ташкили методии таъмини технологии маводҳои имтиҳонӣ имконият медиҳад барои пуррагардонии базаи маводҳои имтиҳонӣ, таҳлили сифати маводҳо, коркарди натиҷаи имтиҳонҳо, таҳлили тестҳо ва масъалаҳо. Аз вақти ташкилшавии МТ намояндагони дигар Мактабҳои олии ҷумҳурӣ борҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти маркази тестии донишкада таҷрибаомўзӣ гузаштаанд.