Фаъолияти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология бо рушди иқтисодиёти миллӣ бевосита вобаста буда, ба ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст.

 

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

1-57 01 01 Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии

1-74 02 06 Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

1-74 03 03 Саноати моҳипарварӣ (қабули довталабон аз соли 2021)

1-38 02 02 Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ (қабули довталабон аз соли 2021)

1-91 01 01 Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ (қабули довталабон аз соли 2021)

 

Магистратура

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

1-74 02 06 Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

 

Докторантура

6D072700 Технологияи маҳсулоти озуқа

6D080600 Техникаи аграрӣ ва технология

 

Ҳайати устодони кафедра

Рашидов  Наим Ҷалолович – мудири кафедра, н.и.к.

Муҳиддинов Анваридин Риёзиддинович – н.и.б., профессор

Ғаниев Иномджан Ғаниевич – д.и.т., дотсент

Комилова Дилрабо Абдувалиевна – н.и.х., дотсент

Бобокалонов Фарҳод Маҳмудович – н.и.к., омӯзгори калон

Қоидов Шералӣ Муҳамадалиевич – н.и.т., омӯзгори калон

Бойматов Тоҷибой Эргашевич - н.и.к. омӯзгори калон

Асатуллоев Искандар Анварович - н.и.т. омӯзгори калон

Раҳимова Маҳбуба Яҳьёевна - омӯзгори калон

Раҳимова Мунзифа Анваровна – ассистент, мудири озиоишгоҳ

Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна - ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Дастовардҳои илмию тадқиқотии кафедра, ки бо рушди иқтисодиёти миллӣ бевосита вобаста буда, ба ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст, яъне тадқиқи равандҳои технологии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Аз тарафи олимони донишкада тадқиқот доир ба таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока, коркарди технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла хӯроки функсионалӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва таҷҳизоти муосир бурда мешаванд.  Масалан, коркарди технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо арзиши биологии баланд, усули истеҳсол ва истифодаи хока аз ҳучи маҳаллӣ барои истеҳсоли шириниҳои шарқӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти миллии ярмавӣ (истеҳсоли консентрат аз мош), усулҳои нигаҳдории ангур дар муҳити газӣ бо истифода аз мембранаҳои трекӣ ва бо яхкунонӣ вобаста ба намуди обёрӣ  ба анҷом расонида шуда, дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ карда шудаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот бо нахустпатентҳои ватанӣ ва байналхалқӣ тасдиқ карда шудааанд. Дигар самти тадқиқот ба боғпарварӣ, аз ҷумла ба  парвариши зардолу ва  ангур бахшида шудааст. Хусусиятҳои парвариши ангурҳои баландтанаи нақшаи шинониданашон ҷуфтӣ ва парвариши зардолу аз рӯйи технологияи интенсивӣ дар шароити шимоли Тоҷикистон омӯхта шуда, тавсияҳо доир ба парвариши онҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии  вилояти Суғд пешниҳод шудаанд.

Тадқиқоти дигаре, ки дар доираи лоиҳаи фармоишӣ иҷро карда мешавад, ба рушди чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои синнусолӣ ва тағйирёбии морфо-физико-кимёвии пусти қутосҳои экотипи помирӣ, ки дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон парвариш карда мешаванд, омӯхта шудаанд. Натиҷаҳои ин тадқиқот барои рушди саноати коркарди пуст дар мамлакат хеле муҳим мебошад.

  Дар доираи барномаҳои давлатӣ доир ба рушди зироаткорӣ, аз ҷумла пахтакорӣ тадқиқот доир ба баланд бардоштани эътимоднокии истифодаи техника ва модернизатсияи равандҳои истеҳсолӣ дар пахтакорӣ, хусусияти парвариши зироатҳо бо истифодаи усули обёрии қатрагӣ ва самаранокии он гузаронида шуда, тавсияҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод шудааст.

Дар ин давра 3 рисолаи номзадӣ, 1 рисолаи докторӣ ҳимоя шуда, 2 рисолаи докторӣ аз рӯи ихтисос (phD) ба ҳимоя омода карда шудааст.  Дар ин самти тадқиқотӣ 3 конференсияҳои байнлхалқи дар мавзӯи  “Муаммоҳои пешрафти устувории истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ” (солҳои 2012, 2013, 2019) гузаронида шудааст. Дар ин ҷода фаъолияти пурсамари олимони варзида ба мисли д.и.б., профессор Муҳиддинов А.Р., д.и.т., дотсент Ғаниев И.Г., н.и.т., дотсент Бобохӯҷаев Р.И.,  н.и.т.Комилова Д.А., н.и.т.Негматуллоева Р.Н., н.и.т.Асатуллоев И.А., н.и.т.Қоидов Ш.М., н.и.к.Бобокалонов Ф. М., н.и.к.Бойматов Т.Э. қайд намуд.

 

Шарикони рушд

- Erasmus +

- GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zumsammenarbeit GmbH)

- HECAFS (Higher Education for Central Asia Food Systems and Standards) таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва  стандартҳо дар Осиёи марказӣ.

- Филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавотпарварии АИКТ

 

Таҷрибаомӯзӣ

- Филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавотпарварии АИКТ (филиали кафедра)

- Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд

- Стансияи санитарии шаҳрию вилоятӣ

- Лабораторияи бозрасии давлатии тухмии вилояти Суғд

- Тоҷикгосстандарт дар в.Суғд

- ҶСП “Оби Зулол”

- ҶДММ “Яхмоси 33”

- Ширкати “Коррект”

- ҶДММ ”Файзи Расул”

- Комрон-агро-холдинг

 

Мувофиқи нақшаи лоиҳа д Татяна Марченко, Рута Галобурда, Ани Блия (Латвия); Алвидас Шарлаускас, Алексанр Нваославский, Гражина Янушлиявишиче (Литва);  Мацей Чованяк, Марчин Немец, Дагмара К. (Полша), ташриф оварда ба донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ ба монанди микробиология, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, технологияи истеҳсоли нон, маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ ва ғайра мувофиқи стандартҳои байналмилалии ИСО, ХАССП ва Глобол ГАП дарс гузаштанд.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Санаи 21.03.2019с. бо иқдоми Сарвари ДПДТТХ ба номи ак. М. Осимӣ, мӯҳтарама Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ифтитоҳи бинои нав бо иштироки Муовини сарвазири Ҷумҳуриявӣ Давлаталӣ Саид, муовини вазир Латофат Назирӣ ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он  9 утоқи лабораторӣ кушода шуд.

Дар назди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология 9 лаборатория барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

  • озмоишгоҳи сенсорӣ;
  • озмоишгоҳи коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
  • озмоишгоҳи химия;
  • озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока;
  • озмоишгоҳи микробиология;
  • озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока.

 

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

 

1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

- технолог;

- муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр;

- муҳандиси  идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз ашёи растанигӣ, истеҳсоли хӯроки истеъмоли омма, маҳсулоти консервонида, равған, орд, нон ва ғайра;

Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мисоли “Тоҷикстандарт”,  “Буона”, корхонаи нонбарорӣ, “Оби зулол”, “Зода”, “Ширкати 33”, коргоҳҳои истеҳсоли равған ва ғайра кор карда метавонад.

 

1-49 01 02 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ҳайвонот

- технолог;

-  муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати аввалаи сифат, маҳсулоти тайёри ширӣ ва гӯштӣ;

- муҳандиси идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз шир ва гӯшт, хӯрокҳои истеъмолии омма, консерваҳои гӯштӣ ва ширӣ;

Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба мисоли «ГОССТАНДАРТ», “Ширкати 33”, “Дӯсти Алишер”, “Коррект”, “Файзи Расул”, “Молочная радость”,  “Саодат”, “Ҷавонӣ” ва ғайра кор карда метавонад.

 

1-57 01 01 Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии

Ҳамчун муҳандис-эколог дар тамоми  корхонаҳои саноатӣ, шуъба ва ташкилотҳои ҳифзи муҳити атроф фаъолият мебарад. Ба доираи фаъолияти касбии онҳо мунтазам ҷамъ намудани маълумот, таҳлил ва маниторинги ҳолати муҳити атроф дохил мешавад.

 

1-74 02 06 Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

- агротехнолог;

- мутахассиси соҳаи кишоварзӣ дар ҳукумати вилоят, ноҳия, дар кумитаи замин;

- маслиҳатчии бонк барои қарзҳои кишоварзӣ;

- технолог дар корхонаҳои ордбарорӣ, консервабарорӣ, равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ;

- ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, бонк;

- гумрук барои назорати маҳсулоти кишоварзӣ.

 

Ҳайати кормандон

Мудири кафедра

Комилова Дилрабо Абдуалиевна

номзади и. т.

Мухиддинов Анвариддин Риёзиддинович

Доктори илмҳои биологӣ, профессор

Бобохоҷаев Руслан Исламович

 номзади илмҳои химия, дотсент

Раҳимова Алия Раҳимовна

номзади илмҳои химия, дотсент

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

омӯзгори калон, н.и.х.

Рашидов Наимхон

н.и.к. , дотсент

Асатуллоев Искандар Анарович

омӯзгори калон, номзади илмҳои техникӣ

Бойматов Тоҷибой Эргашевич

омӯзгори калон, н.и.т.

Раҳимова Маҳбуба Раҳимовна

 омӯзгори калон

Раҳмонова Ҷамилахон Абдуҳамидовна

омӯзгори калон

Бобокалонов Фарҳод

омӯзгори калон, ҳамкор

Усмонова Марҳабо Яхёевна

 ассистент

Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна

 ассистент

Бобохоҷаева Равшаной Қурбонбоевна

 ассистент

Усмонова Фароғат Осимовна

котиб-коргузор

Фарҳодӣ Андалеб

сарлаборант