ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ДОНИШКАДА

Санаи 3- майи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи чорабиниҳои моҳи ҷавонӣ, ки ба ифтихори Рўзи ҷавонон ҷараён дорад, бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот намуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сараввал аз намоиши дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада, ки дар он китобҳои таълифнамудаи олимони донишкада, либосҳои миллии маҳсули дасти тарроҳон, мусаввараҳо, макети биноҳо, лоиҳаҳо ва ихтирооти барномасозон ва энергетикон ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид намуда, ба дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии устодону донишҷӯёни ин муассиса баҳои баланд дод.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардида, либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд.  Раиси вилоят инчунин бо гуруҳи донишҷӯён ва профессори Донишгоҳи аграрии Қазоқистон, ки дар доираи барномаи GIZ дар Донишкадаи политехникӣ қарор доранд, суҳбат намуда, аз онҳо даъват намуд, ки барои густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои кишварҳои дӯст - Тоҷикистону Қазоқистон саҳмгузор бошанд.

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ "СУРУДИ МОДАР-АЛЛА"

Донишҷӯён дар Фестивал-озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Суруди Модар - Алла” байни ҷавондухтарон бахшида ба Рӯзи Модар ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 1_740206 Абдуллоева К. маҳорати баланд нишон дода, байни 20 нафар иштирокчиён мақоми сеюмро сазовор гардид. 

ДОНИШҶӮЁН ДАР ҲАФТАИ ХУДИДОРАКУНИИ МИҲД-И ВИЛОЯТ

Дар соли ҷорӣ 16 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон соҳиби Стипендияи Раиси вилоят,  2 нафар соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр, 5 нафар соҳиби идрорпулии яквақтаи ҲХДТ гардиданд.  7 нафар донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунии МИҲД-и в.Суғд иштирок карда, соҳиби гувоҳнома гардиданд. 

МАҲФИЛИ ЗАРИФОН

Дастаи ҳозирҷавобони донишкада дар озмуни «Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон», ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар арафаи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Раиси вилояти Суғд ба ғолибон Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим шуд.

ФЕСТИВАЛ - ОЗМУНИ "АТЛАСУ АДРАСИ ХУҶАНД"

Донишкада дар  Фестивали шаҳрии “Атласу адраси Хуҷанд - 2018” низ фаъолона ширкат варзид. Донишҷӯи курси 3, ихтисоси 500102 Бобоҷонова Н дар озмун истеъдоди баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза ва корманди Парки технологии донишкада Қосимова Р. дар номинатсияи  “Беҳтарин либосҳои кӯдакона” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, дар “Қасри маданияти Арбоб” ҷамъбасти Фестивал-озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” баргузор гардид, ки донишкадаи политехникӣ дар Фестивал-озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардид.

Аз тарафи Раёсати хадамоти муҳоҷират дар в. Суғд, раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и в. Суғд ва бо ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт», «Умед» бахшида ба 18 декабр Рӯзи байналмиллалии муҳоҷират таҳти унвони «Муҳоҷирати бехатар» озмуни иншо ва расми беҳтарин байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии ш.Хуҷанд ташкил гардид. Дар озмуни иншои беҳтарин ҷойи дуюм насиби донишҷӯйи курси 3, ихтисоси 70.02.01тв Рӯзиева Моҳира ва дар озмуни расми беҳтарин ҷойи дуюм насиби Рахатқулова Сурайё – донишҷӯйи курси 4, ихтисоси 50.01та гардид.

ЧОРАБИНИИ ПУРШУКУҲ ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВ

Ба истиқболи ин ҷашн чун солҳои пешин  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд дар майдони ситораҳои шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида истодаанд. Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар доираи нақша- чорабиниҳои МИҲД-и шаҳр  санаи 25 декабр бо барномаи рангини консертӣ хотири беш аз ҳазор сокинони шаҳр ва меҳмононро шод намуданд. 

Ровиёни хушбаён бо таманниёти  солинавии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳозиринро шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯёни ҳунарманд дар иҷрои хори умумӣ, рақси якка, бадеҳасароӣ, лаҳзаи хаҷв, суруди якка, суруди умумӣ, суруд, рақси гурӯҳӣ, сютаи рақсию овозӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокчиёни чорабинии гирди арча хоҳад монд.   

"ҶОМИ ЗИМИСТОНА"-И ДОНИШКАДА НАСИБИ "НАС НЕ ДОГОНЯТ"

Дар донишкада иқдоми хеле хуб то имрӯз идома ёфта истодааст. Ин ҳам бошад баргузории маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобони байнифакултетӣ мебошад. Санаи 8 январи соли 2019 маҳфили зарифон барои дарёфти “Ҷоми зимистона” байни 4 факултетҳои донишкада баргузор гардид. Иштирокчиёни ин маҳфил намояндагони 4 факултет – «Буду молодым» аз ФИЭ, «Нас не догонят» аз ФМИ, «Остров свободы» аз ФСН ва «Новые люди» аз ФМТ мебошанд, ки бо истеъдоди баланди шухтабиатӣ ва маҳорати актёрӣ баромад намуданд. Сараввал директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои соли 2018 ёдовар гардида, ба дастаҳо барору комёбӣ орзу намуданд. 

Озмун аз се шарти асосӣ иборат буд, ки саломнома, саволу ҷавоб бо дастаи ҳакамон ва мусобиқаи байни сардорони даста мебошад. Бояд қайд намуд, ки ба шартҳои озмун ҳунарварони варзидаи маҳфили зарифон – Комилов Д., Б.Баҳриддин, Рӯзиев Ш., Шамсиев А., Баҳриддинов Ҳ., Рустамов Ҳ.,  ки резидентони “Территория юмора” ҳастанд, баҳогузорӣ намуданд. Бо баландтарин хол 15,8 дастаи «Нас не догонят» аз факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ сазовори ҷойи аввал ва соҳиби “Ҷоми зимистона”-и донишкада гардид. Ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ аз ҷониби директори донишкада тақдим карда шуд. 

ЧАКОМАИ ГЕСӮ

Дар идомаи чорабиниҳои идона бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 – Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи тибқи нақша-чорабинии МИҲД-и вилоят дар толори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ фестивал-озмуни донишкадавии “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонони олиқадр, намояндагони МИҲД шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд  - Дадобоева Мунаввара, директори маркази таълимии ш.Хуҷанд,  Маҷидзода Муҳаббат, фаъолзани вилоят, Расулова Истамбону, мутахассиси шуъбаи кор занон ва оилаи МИҲД-и вилоят ширкат варзиданд. Фестивал-озмун бо композитсияи адабӣ-мусиқӣ оғоз ёфт, ки аз ҷониби донишҷӯён бо истеъдоди нотакрор намоиш дода шуд.Баъдан озмун дар ду бахш оғоз шуд. Иштирокчиёни озмун  бо намоиши либоси миллии тоҷикона ва гесӯвони дароз ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд. Оид ба гесӯвон навор пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Суруд аз ҷониби донишҷӯ Мубинҷон Зоҳиров писанди ҳамагон гардид, ки тараннумгари зебоии гесӯвон мебошад. Суруди “Хосияти дукокула” аз ҷониби донишҷӯ Баракабоев Ю. ва рақси Ҷӯраева Мижгона бо маҳорати баланд пешкаш гардид.Аъзои ҳакамон ба сатҳи баргузории фестивал-озмуни “Чакомаи гесӯ”-и донишкада баҳои баланд доданд. Дар номинатсияи “Гесӯи дароз” чунин натиҷабардорӣ карда шуд: ҷойи 1 - Худойназарова Навбаҳор, донишҷӯи курси 1_40.01.01тБ, ҷойи 2 – Саидова Фараҳноз, донишҷӯи курси 1_50.01.02тБ, ҷойи 3 – Шодибоева Дилфуза, донишҷӯи курси 1_25.01.04тБ.

Дар номинатсияи “Ороиши мӯй”, ки ҳар як иштирокчӣ маҳорати оро додани мӯйи дарозро намоиш дод, бо ороиши беҳтарин Маҳмудова Нозанин, донишҷӯи  1_50.01.02 сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм насиби Икромова Шаҳноза, донишҷӯи 1_50.01.02тА гашта,  ҷойи сеюмро Ниёзова Фарангиз, донишҷӯи курси 1_50.01.02 касб намуд.

ТАҶЛИЛИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бахшида ба  ҷашни давлатӣ -  26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ДПДТТ чорабинии фарҳангӣ доир гашт. Чорабиниро устоди донишкада Файзиева Ш. бо шеъри тараннуми Ватан кушода гуфта эълон кард. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ  Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо Иди Артиши Миллӣ табрик намуда, ба онҳо бурдборию комёбиҳоро таманно намуд. Аз зумра, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Артиши миллӣ яке аз сохторҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Давоми даврони  истиқлолият Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, имрӯз қувваи бузурги ҳифзи кишварро ташкил медиҳад. Маҳз абармардони шуҷоъву далер ва хизмати шарафмандонаи онҳост, ки имрӯз амнияти мамлакат пурра таъмин гардида, ба сохтори пурқудрат мубаддал гаштааст.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ибодуллозода А. сардори Раёсати илм ва инноватсияи ВМИҶТ, Зокиров А. сардори Раёсати идоракунии сифати таҳсилоти ДМТ ва  Мирзозода Н.  ҷомеаи мардони донишкадаро аз номи Вазорати маориф ва илм табрику таҳниятҳо намуданд. Барои фаъолияти пурсамар,  саҳми бузург дар таълиму тарбияи ҷавонон, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ – либос бо рамзи донишкада супорида шуд. Бонувони донишкада баҳри табрики муҳофизони Ватан бо шеъру сурудҳо, наворҳои ҷолиби видеоӣ, рақсу саҳнаҳо, ки худ омода намуданд, ҳунарнамоӣ карданд. Барномаи фарҳангӣ дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуда, писанди ҳамагон гардид. Чорабинӣ бо рақсу суруд ҳусни анҷом ёфт.

    АФРӮЗАНДАИ ДИЛҲО

Бахшида ба Иди байналимилалии занон  дар толори донишкада чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор гашт. Сараввал муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва нақлиёт Холиқов Мазбуд дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуда, ҷомеаи бонувони донишкадаро табрик намуд. Сухани табрикотӣ аз ҷониби муовини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед пешкаши ҳозирин гардид. Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи донишҷӯён, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорномаи директори донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ба дастаи бонувони волейболбозони донишкада, ки соҳиби Ҷоми КИ ҲХДТ гардиданд, медалҳо ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Суруди “Модар”-и Фараҳманд Каримов ба қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳусни оғоз  бахшид. Навори ҷолиби ҳаҷвӣ, ки аз ҷониби устодон баҳри болидахотирии бонувон омода карда шуд, ба чорибииро боз ҳам хотирмон намуд. Аз номи кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо барномаи ҷолиб, ки бо слайдҳо намоиш дода шуд, Левандовский И. бонувонро табрик намуд. Саҳнаи ҳаҷвӣ, ки дар сатҳи баланд намоиш дода шуда, бо маҳорати баланди актёрӣ ва нигоҳи хос пешкаши ҳозирин гардид, то дергоҳ ба хотири ҳозирин нақш баст. Аз ҷониби ҳофизони шинохта Шуҳрати Расул ва Фараҳманд Каримов баҳри болидахотирии устодон сурудҳо сароида шуд. Бо ҳамин чорабинӣ бахшида ба 8-уми март Иди бонувон анҷом ёфт.

БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ

 Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад.

Ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иқдоми Сарвари давлатро қадами қатъӣ барои таҳкими маънавиёту фарҳаниги бою қадима дониста, давоми се моҳ байни донишҷӯён муҳтавиёт ва моҳияти озмунро фаҳмониданд.

Рӯзи гузашта 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология, бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ орад, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон дар бахши назм пирӯзӣ насиби Сайфура Нозимова, донишҷӯи курси 1 ихтисоси Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ибодулло Назарзода, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ ва Барно Ҳоҷибоева, донишҷӯи курси 2, ихтисоси  Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд ишғол намуданд. Дар бахши наср мақоми аввалро Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ  ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Хизматрасонии автомобилӣ касб кард.  Хуршеда Камолова, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо барои ширкати  фаъолона бо Ифтихорнома тақдиронида шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорон Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Дар қисмати фарҳанги донишҷӯёни донишкада бо суруду рақсҳои дилошӯб хотири ахли нишастро шод намуданд.