Мудири кафедраи забони давлатӣ

ва ҷомеашиносӣ

Бобоева Таиба Раҳматовна 

 

Корҳои таълимӣ-методӣ дар кафедра дар мувофиқа бо барномаи корӣ ва нақшаҳо иҷро мегарданд. Устодони кафедра дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантура ва фосилавӣ машғулият мегузаронанд.

 

Кафедра аз соли таҳсили 2021-2022 оғоз намуда, мувофиқи зинаи таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 1-08 01 01 Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо) тайёр мекунад.

 

Ҳайати устодони кафедра

Бобоева Таиба Раҳматовна – мудири кафедра, н.и.ф.

Раҳмонов Зафар Абдумаликович - н.и.ф., омўзгори калон

Темирова Хайринисо Исломовна - н.и.ф., омўзгори калон

Ғозиева Мӯҳтабар Сайфуллоевна – н.и.т., омўзгори калон

Раҳматова Муаттар Муқимовна – н.и.т., омўзгори калон

Ҷӯраева Дилбар Рахимходжаевна – н.и.ф., омўзгори калон

Ҳоҷаева Нодира Абдуқаҳоровна - омўзгори калон

Файзиева Шафоатҷон Мама-Зокировна - омўзгори калон

Темирхоҷаев Абдуллохоҷа Улмасхоҷаевич - омўзгори калон

Бобоев Умар Мунавварович - омўзгори калон

Дусматова Наргиза Муротовна - омўзгори калон

Зокиров Абдулатиф Абдушукурович - омўзгори калон

Абдуев Абдуҳамид Латипович - омўзгори калон

Маҷидов Қобил Қориевич - омўзгори калон

Норов Исматулло Саъдибоевич - ассистент

Муллоусмонова Гулчеҳра Ғафурҷоновна - ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

 

Мувофиқи низомномаи донишкада доир ба баргузории олимпиадаи донишҷӯён ҳамасола дар донишкада олимпиада дар се марҳила гузаронида мешавад: имтиҳони қобилият ва маҳорат,  сатҳи факултетӣ ва донишкадавӣ. Ғолибони даври ниҳоӣ барои иштирок дар ду олимпиадаҳои  донишҷӯёни МТОК, ки аз тарафи Академияи миллии ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ташкил карда мешаванд,  роҳхат мегиранд.

Донишҷӯёни донишкада дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, мунтазам ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

Донишҷӯёни донишкада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик мунтазам ҷойҳои мукофотиро дар олимпиадаҳои Академияи милли илмии ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ишғол карданд, ки аз омодагии хуби донишҷён ва заҳмати калони роҳбарон шаҳодат медиҳад. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорномаҳои директори донишкада қадрдонӣ карда шуда, ба стипендияи донишкадавии ба номи академик М. Осимӣ пешниҳод карда шудаанд.

Ҳамчунин аз тарафи устодони кафедра ба ифтихори ҷашни 700 – солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ мунтахаби ғазалиёти шоир таҳти унвони “Чаманзори  лутф” ва бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ маҷмӯи мақолаҳо таҳти унвони “Саразм – мероси фарҳангӣ ва миллии тоҷикон” ба таб расид.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедра синфхонаҳои таълимӣ ва 3 толори лексионӣ барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

 

(ФОТО)