Озмоишгоҳҳои замонавии факултети муҳандисӣ-технологӣ

Дар кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи факултети муҳандисӣ-технологӣ дар умум 9 то  озмоишгоҳҳо мавҷуд аст, ки дар  онҳо ҳамаи шароитҳо барои самаранок гузаронидани корҳои озмоишӣ шароитҳо фароҳам оварда  шудааст.

 Маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ

Дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои нави озмоишгоҳии Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд.

Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст.

Дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ  аз ҳисоби  маблағи худ якчанд озмоишгоҳҳои замонавии  таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока   сохта ба истифода  дода шуд, ки суммаи он  1.4 млн сомониро ташкил дод. Донишкада барои  пешрафт ва мукаммалгардонии  ихтисоси  технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ ҳамҷоя ва гузаронидан аз акредитатсияи байналхалқӣ бо барномаҳои байналхалқии GIZ (Ҷумҳурии Федеративии Олмон) ва НECAFS (Ҷумҳурии Латвия) ҳамкорӣ намуда,  аз тарафи  онҳо  барои ҷиҳозонидани  озмоишгоҳи  микробиология №126 микроскопҳои  сретеоскопӣ,  термокамераҳо, стерелизаторҳо, автоклавҳо ва ғайраҳо таъмин карда шудаанд. Имкониятҳои озмоишгоҳ ин гузаронидани корҳои илмӣ дар сатҳи микроскопӣ,  гузаронидани тадқиқоти бактериологии маводи хӯрока, муайянкунии бактериянокии маводи хӯрока, иҷро намудани корҳои фармоиши тиҷоратӣ мебошад. 

Озмоишгоҳи  микробиология №126

Озмоишгоҳи таҳлили сифати ғалла ва  маҳсулотҳои ордӣ №125

Инчунин барои озмоишгоҳи таҳлили сифати ғалла ва  маҳсулотҳои ордӣ №125 таҷҳизотҳои озмоишӣ ба монанди  осиёби лабораторӣ, намиченкунаки  мавҷӣ, дастгоҳ барои  шустани клейковинаи орд, сентрифугаҳо, тарозуҳои аналитикӣ, таҷҳизот барои муайян намудани адади афтиши озоди суспензияҳои ордӣ ва ҷевонҳои хушккунанда ҷиҳозонида шудаанд,ки имконият медиҳад,  ки пешаки  сифати ғалладона  ва маҳсулоти он муайян карда шуда,   барои   кадом намудҳои маҳсулоти ордӣ таъин шудани он пешгӯӣ карда шавад. 

Озмоишгоҳи  таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока №124

 

Барои  озмоишгоҳи  таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока №124 бошад таҷҳизотҳои нав ба монанди  ченкунандаи  фаъолнокии об дар таркиби маҳсулоти хӯрока,  нитратометрҳо, рефрактометрҳо, гомогенизатор,   рН-метрҳо, титркунандаҳои  автоматӣ, зичиченкунакҳо ва ғайраҳо ҷиҳозонида шуда, ин озмоишгоҳ барои гузаронидани корҳои илм-тадқиқотӣ оиди таҳлили сифатӣ ва миқдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр   шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ соли ҷорӣ аз рӯи барномаҳои ҳамкории HECAFS устодон аз  Ҷумҳурҳои Латвия,  Литва ва Полша омада  дарс гузаштанд.  Инчунин аз рӯи  ин барномаи дар боло қайдшуда, устодони донишкада  низ дар ин Ҷумҳуриҳо  курсҳои такмили ихтисосро гузаштаанд. Донишҷӯёни  донишкада   низ аз рӯи барномаи ҳамкории GIZ (Ҷумҳурии  Федеративии Олмон)  дар Донишгоҳи Технологии Алма-Ато  (Ҷумҷурии Қазоқистон ) ивазкунии академиро (мобильность)  гузаштаанд. Инчунин донишҷуёни  ин Донишгоҳи Технологии Алма-Ато ва донишҷӯён  аз Донишгоҳи  технолгии Давлатии Қирғизистон дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  аз рӯи ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди   ашёи хоми ғизоӣ  ивазкунии академиро  гузаштаанд.

Аз рӯи барномаи ҳамкории  HECAFS барои ихтисоси  технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди   ашёи хоми ғизоӣ   ҳамчоя бо устодони  Донишгоҳи Аграрии Латвия, Литва ва Ҷумҳурии Полша барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) сохта шуданд. Инчунин ба ихтисоси  технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ  барои гузаштан аз  акредитатсияи  байналхалқӣ  нақшаи таълимии нав сохта шуда аст.

Озмоишгоҳи  сенсорӣ №114

Озмоишгоҳи  сенсорӣ №114 барои гузаронидани корҳои озмоишии таҳили органолептикии маҳсулоти хӯрока таъин кард шуда, барои фанҳои асосҳои назариявии истеҳсоли маҳсулоти хӯрока,  методҳои таҳили маводи хӯрока,  таҳлили сенсории маҳсулоти хӯрока корҳои озмоишӣ мегузаронанд. 

Имкониятҳои озмоишгоҳ ин таҳлили сенсории (ҳиссиётии) - органолептикии, ашёи хоми пайдоиши растанигӣ ва  ҳайвонӣ дошта,  ҳамаи намудҳои маҳсулоти хӯрока мебошад.

Озмоишгоҳи коркард ва нигохдории махсулоти кишоварзӣ №115  

Озмоишгоҳи коркард ва нигохдории махсулоти кишоварзи№115   барои гузаронидани корҳои озмоишии   фанҳои истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, технологияи коркарди маҳсулоти растанипарварӣ истифода  бурда шуда дар он гузаронидани корхои  озмоишии истеҳсолии намудҳои гуногуни консерваҳои мевагӣ, буттамевагӣ, сабзавотӣ ва  коркарди ашёи хоми чорво бо таҷҳизотҳои зерин ҷевони хушккунанда, мизҳои корӣ, тафдони барқӣ, плитаи барқӣ, рафҳо ва ғайраҳо шароит фароҳам оварда шудааст.

Озмоишгоҳи химия №118

Озмоишгоҳи химия №118  барои гузаронидани корҳои озмоишии фанҳои химия, химияи органикӣ, химияи хӯрока  шароит фароҳам оварда шудааст, ки он  имкониятҳои гузаронидани корҳои озмоишии  зеринро дорад: муайян намудани хосиятҳои моддаҳои ғайриорганикӣ, муайян кардани эквиваленти элементҳо бо усули хориҷ кардани гидроген, муайян кардани эффекти гармии реаксияҳои химиявӣ ва ғайраҳо.

Озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока№119

Дигар  ин озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока№119 мебошад, ки дар он аз рӯи  фаннҳои тахассусии ихтисоси технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми растанигӣ ва ашёи хоми хайвонот аз ҷумла  технологияи консервакунони, технологияи консентратҳои хӯрока, технологияи нон, маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва  коркарди ғалладонагиҳо, технологияи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, технологияи коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ва ғайраҳо дар озмоишгоҳи мазкур гузаронида мешавад.корҳои озмоишӣ гузаронида  шуда барои самаранок гузаштани онҳо намудхои гуногуни таҷҳизотҳои муосири озмоишӣ ба монанди  тафдонҳо, термостатҳо, дисстилятор, яхдон, ҷевони дамгирии  нон ва маҳсулоти нонӣ, тарозуҳои барқӣ, ҷевони хушккунанда, осиёби  озмоишӣ ҷихозонида шудааст.

Озмоишгоҳи микробиология№121

Озмоишгоҳи микробиология№121. Дар озмоишгоҳи микробиология   корҳои озмоишии фанни микробиология гузаронида мешавад. Дар ин озмоишгоҳ имконият барои гузаронидани  гузаронидани корҳои озмоишии микробиологӣ шароит фароҳам оварда шудааст, ки ин гузаронидани корҳои илмӣ дар сатҳи микроскопӣ, гузаронидани тадқиқоти бактериологии маводи хӯрока, муайянкунии бактериянокии маводи хӯрока, иҷро намудани корҳои фармоиши тиҷоратӣ ва ғайра мебошад.

Озмоишгоҳи тахлили сифати махсулоти хурока№122

Озмоишгоҳи тахлили сифати махсулоти хурока№122 барои миқдоран ва сифатан муайян намудани таркиби маҳсулоти хӯрокаи пайдоиши растанигӣ ва чорво таъин карда шуда,  дар он  корҳои озмоишӣ аз рӯи фанҳои методҳои инструменталии таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока, методҳои таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока ва қисман фанҳои тахассусӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар ин озмоишгоҳ имконияти  гузаронидани корҳои озмоишии зерин ба монанди:

-экспресс муайян намудани ҳиссаи массавии намӣ дар маҳсулотҳои хӯрока;

 -ченкунии дақиқи  гравиметрикӣ ва термометрикии намунаҳои гуногун; 

-муайян намудани миқдори моддаҳои хушк дар маҳлулҳо, маҳсулотҳои коркарди меваю сабзавот;

 -муайян намудани ҳиссаи фоизи сафеда дар шир ва дигар махсулоти шири;

- таркиби моддаҳои равғанӣ, омехтаҳои  витаминӣ, пектин, флавоноидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва дигар моддаҳо  дар маҳсулоти хӯрока ва ғайрахо мавҷуд аст.

 

Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ

Бо мақсади баландбардории иқтисодиёти кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат, самаранокии фаъолияти Парки технологӣ дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар соли 2018 боз як коргоҳи нави истеҳсоли  маҳсулоти нонӣ дарҳои худро боз намуд.

 

 Озмоишгоҳҳои замонавии факултети информатика ва энергетика

Дар кафедраи таъмини барқ ва автоматика  8 лабораторияҳо барои таъмини раванди таълим аз фанҳои умумитехникӣ ва тахассусӣ фаъолият намуда, онҳо бо стендҳо ва асбобҳои ченкунандаи муосир ҷиҳозонида шудаанд.

 Озмоишгоҳҳои замонавии факултети сохтмон ва нақлиёт

Дар аудиторияҳои факултет  барои гузаронидани дарсҳо, аз ҷумла   лексияҳо, дарсҳои амалӣ, амалӣ-лабораторӣ  ва лабораторӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуд мебошад.  Стансияи  хизматрасонии техникии автомобилӣ бо таҷҳизотҳои  муосир муҷаҳҳаз шуда, пурра фаъолият мекунад. Озмоишгоҳи масолеҳҳо ва конструксияҳои сохтмонӣ барои муайян намудани сифати масолеҳҳои сохтмонӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.