Дар соли 2018 низ дар ҳамаи кафедраҳо 14 семинарҳои илмӣ- назариявии доимоамалкунанда фаъолият намуданд. Дар он устодони кафедраҳо тибқи мавзӯъҳои илмии худ, ки дар  нақшаҳои инфиродии худ пешбинӣ кардаанд, маърӯзаҳо намуданд. Дар ҷаласаҳои семинарҳои илмӣ-назариявӣ асосан натиҷаҳои КИТ аз рӯи мавзӯъҳои илмии нақшавии кафедраҳо ва инчунин мавзуъҳои актуалии ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, муаммоҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, мавзӯъҳои илмии докторантону аспирантон  ва ғайра баррасӣ гардидаанд.

 

НОМГӮИ СЕМИНАРҲО

Сана

Номгӯи семинар

1

27.02.2016

Семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ»

2

26.05.2016

Семинари  илмӣ амалии  ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯи «Технологияи муосири истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ»

3

10.04.2017

Семинарии илмӣ-амалӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Истифодаи технологияҳои муосир дар сохтмон”

4

10.05.2018

Семинари  илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯи «Проблемаҳои тараққиёти хизматрасонии автосервисӣ дар вилояти Суғд»

Дар донишкада семинари илмии доимо амалкунанда, дар мавзӯи “Методологияи таҳқиқоти илмӣ” аз тарафи  д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Авезов А.Х. ва  семинари илмӣ  бо номи “Усулҳои аналитикии илмӣ- тадқикотӣ”  аз тарафи д.и.и., профессор кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Назаров А.А. фаъолият мебарад. 

Семинар дар доираи барномаи ҳамкории Gesellschaft fϋr Internationale Zusammenarbeit (GIZ) бо ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуд, ки аз санаи 24.10.2017 то 27.10.2017 дар шаҳри Бишкек шуда гузашт. Дар он дотсенти кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, сардори шуъбаи илм ва инноватсия Тошхӯҷаев Н.А. ва н.и.т., мутахассиси шуъбаи таълим Қоидов Ш. иштирок намуданд.

Семинар  таҳти унвони “Менеҷменти сифати раванди таълим ва намунаи идоракунии маъмурӣ” баргузор гардид . Дар он бо эксперт, профессор Ханс-Юрген Линдеманн  дар мавзӯи “Орентатсия ба мақсад дар мактабҳои касбии олӣ – ҳамчун асос, инкишоф барои орентатсияи копитентсияҳо”,“Импулси сифат, ташкил ба ҳаракатҳои мақсад”, “Муқаддимаи кӯтоҳ дар мавзӯи алоқаи баръакс ”, “Алоқаи баръакс ҳамчун олот барои таъмин намудани сифати таълим: мақсад, шакл (90/180/360) ва баҳодиҳӣ” лексияҳо шунида шуда,  барои пешниҳоди лоиҳа оид ба интихоби мақсади сифат ва натиҷаи он; - матриса, мақсад, критерия ва индикаторҳо; - мақсади даврӣ, нақшаи кор ва графикӣ мақсади ноил гаштани сифат муҳокима гузаронида шуд.

Лаҳзаҳо ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо аз тарафи гурӯҳи донишгоҳу  донишкадаҳои Тоҷикистон