Субҳи санаи 21 декабр хатмкунандагони шаҳри Конибодом низ дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз мулоқоти озоду самимии сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бенасиб намонданд. Наздики 300 нафар толибилмони фаъол бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр гирд омаданд.

Муовини раиси шаҳр Ёдгорӣ Фирдавс  меҳмонро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи МИҲД-и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов дод. Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол то сол аз шаҳри Конибодом шумораи донишҷӯён зиёд гардида, алҳол дар ҳама муассисаҳои олии вилоят наздики 2500 нафар донишҷӯёни конибодомӣ таҳсли илм доранд. Ба иттилои ӯ шумораи хатмкунандагони имсола ба 2229 нафар мерасад. Ва бештари онҳо хоҳиши таҳсил кардан дар муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла вилоятро доранд.

 Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ аз афзалиятҳои донишкада дар интихоби касбҳои иктишоф ва ҳамкории ҳасана бо корхонаҳои коркарди канданиҳои фоиданок, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд аз устувор будани пояи моддиву техникӣ ва ташаббускор будан дар татбиқи амалии ҳукумати электронӣ ва ба ин васила комёб шудан ба мувафаққиятҳо, инчунин набудани коррупсия дар раванди таълим, Абдурауф Олимӣ, директори ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд  аз ҷорӣ шудани забонҳои англисиву хитоӣ дар раванди таълим ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ, Муҳиддин Сабуров, мудири шуъбаи таълимии ДДХ  оиди таъсиси ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи замон, ҳамчунин имтиёзҳо барои донишҷӯён, Абдуқодир Орифов, муовини ректори ДДҲБСТ аз дастовардҳои хатмкунадагони донишгоҳ ва робитаи онҳо бо мақомотҳои иҷроияи маҳалливу қудратӣ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз шароиту имконот ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои тиббии вилоят, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд аз шароити хобгоҳу раванди муосири таълим ва Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои фарҳангии ин боргоҳи илму маърифат сухан карданд.

 

  Нимаи дуюми рӯз сарварони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони шаҳри Исфара мулоқоти озоду шаффоф доир намуданд. Онҳо бо видеролику нашрия ва варақаҳои таблиғотӣ муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ иттилоъ дод, ки соли равон муассисаҳои таълимии шаҳрро 3500 нафар хонандагон хатм мекунанд. Ва аз рӯи ҷамъбасти Маркази миллии тестии кишвар сатҳи дониши хонандагони шаҳри Исфара дар ҷумҳурӣ аз ҳама баланд ҳисобида шуд. Ин дастовардро соли оянда хатмкунандагон бояд тақвият бахшанд.

Хатмкунандагони шаҳр ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.