Дар донишкада семинар ва конференсияҳои илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ" шуда гузашт.

Санаи 27 феврали соли 2016 дар донишкада семинари илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар кори семинар роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, устодони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки бо дастгирии ширкати мобилии ТСЕЛЛ ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри  Кӯлоб, Донишкадаи энергетикии шаҳри Қурғонтеппа ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тавонистанд бевосита дар муассисаҳои худ истода,  тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шаванд.

Зимни баргузории ин семинар донишкада пешрафтҳои худро дар ин самт пешкаши аҳли иштирокчиён карда оиди масъалаҳои ҳалталаб баҳс   намуд.     

 

Сухани ифтитоҳии директори ДПДТТХ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода

  

Рафти  семинар ба тариқи online бо чаҳор мактабҳои олӣ

Баромади Муллоҷонов Н.М.- мутахассис барномасози МТФ

 

Маводи семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» аз чоп баромад ва дастраси муаллифони мақолаҳо гардид. Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ” санаи 05.02.2018 гузаронида шуд. Конференсия бо сухани муқаддимавии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз ёфт. Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими донишкада, номзади илмҳои физика ва математика баромад намуда, таъкид кард, ки камбудии асосии ин навъи таълим он аст, ки набудан ё камии мотиватсияи беруна ва норасоии назорат дар муқоиса бо таҳсили рӯзона аст . Дар идомаи конференсия мутахассиси маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб Мирзомурод Уроқов дар мавзӯи “Низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ”, Парвиз Солиев, сардори маркази технологияҳои компютерӣ ва таъмини фаъолияти системаи иттилоотии ДПДТТ дар мавзӯи “Системаи идоракунии захираҳои таълимӣ дар формати SCORM“, Заррин Акрамова, сардори шуъбаи илм ва инноватсия, оиди мавзӯи “Самаранокии дарсҳои онлайн дар таҳсилоти фосилавӣ“, Маҳина Усмонов, устоди кафедраи “Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ” дар мавзӯи “Программные средства внекальной работы со студентами” ва Абдуллаев А.- сармутахассиси шуъбаи таълими фосилавии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзӯи “Ташаккули низоми таҳсилоти фосилавӣ дар ДДХ ба номи Б. Ғафуров: вазъи кунунӣ ва дурнамо” гузоришҳои ҷолиб намуданд. Конференсияи мазкур роҳи наверо дар самти вусъат бахшидани тарзи таҳсилоти фосилавӣ кушод.