Сиёсати МДТ “Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд” дар соҳаи сифат

 

Мақсади асосии фаъолияти донишкада дар соҳаи сифат таъмини рақобатпазирии баланди донишгоҳ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷии хизматрасонии таҳсилотӣ ва маҳсулоти илмию техникӣ дар соҳаҳои анъанавии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва инноватсионии донишкада мебошад.

 

Рисолати донишкада

 

Доимо донишкадаи навовар ва пешбари фазои таҳсилоти олии касбӣ монда, таҳсилоти дорои заминаи миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ доштаро баҳри омодасозии муҳандисон, муҳаққиқон ва соҳибкорони рақобатпазиру ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва байналхалқӣ пешниҳод менамояд

 

Пешбинии донишкада

 

Донишкада бо мақсади таъмини рушди устувор ва иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар барои инкишоф ва пайдо намудани донишҳои нав, идеяҳои инноватсионӣ ва амалӣ гардонии онҳо кӯшида, дар асоси ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ, раванди таълим ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат фаъолият менамояд;

Донишкада тавассути фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилоти муттасил, интегратсияи нерӯи инсонӣ ва технологияҳои муосири ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ донишгоҳи илмӣ-инноватсионӣ мегардад.

 

Ҳадафҳои донишкада дар соҳаи сифат:

 

баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон, ки бо сатҳи салоҳияти касбӣ ва умумиву маданӣ, мақоми принсипиалии шаҳрвандӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ ҷудо шуда меистанд;

- ҷустуҷӯи маблағгузорӣ ва рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ;

- баланд бардоштани самаранокии тайёр намудани кадрҳои илмию педагогии дорои тахассуси олӣ;

- эҷоди маҳсулоти рақобатпазири илмию техникӣ;

- муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҷорӣ намудан ва истифодаи самараноки технологияҳои нави таҳсилот ва натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;

- ҳамгироӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дар асоси васеъкунии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ташаккули мобилнокии академӣ ва барномаҳои таълимии бисёрзабона;

- рушди фарҳанги корпоративии донишкада ва ташаккули симои ҷолибу баланди донишкада дар ҷомеа дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.

 

Сиёсат дар соҳаи сифат барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда тавассути ҳалли вазифаҳои зерин, ки ба сифати раванди таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ ва натиҷаҳои онҳо таъсир мерасонанд, нигаронида шудааст:

мунтазам баланд бардоштани сифати фаъолияти таълимӣ дар асоси истифодаи натиҷаҳои нави тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои ояндадори рушди илм ва техника, бо назардошти талаботи динамикӣ тағйирёбандаи бозори хизматрасонии таҳсилотӣ ва бозори меҳнат;

- ташкили таълими ба донишҷӯ нигаронидашуда тавассути ҷорӣ намудани муносибати бештар инфиродӣ, таъмини фардикунонии таълими донишҷӯён ва шароити мусоидтарин барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;

- ҷорӣ намудани равишҳои нав ба ташкили кори тарбиявӣ ва худидоракунии донишҷӯён, ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият бо даназардошти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди сифатҳои эҷодкорӣ (креативӣ) ва сарварӣ, фаъолнокии иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, фарҳанги корпоративӣ ва таҳаммулпазирӣ;

- таъмини тахассуси баланд ва ҳавасмандгардонии ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасони донишкада тавассути таъсис ва татбиқи низоми арзёбии инфиродии меҳнати ҳар як шахси коркунанда бо дарназардошти он, ки захираи асосии донишкада ин кадрҳо;

- таъмини сифати контингенти довталабон ва донишҷўён тавассути такмили тартиби тайёрии пеш аз таҳсилоти олӣ, фаъолияти роҳнамоии касбӣ дар ҷамъи мактабҳои вилояти Суғд, баланд кардани ҳавасмандии мусбии донишҷӯён ба таҳсил;

- мунтазам баланд бардоштани сифати таъминоти таълимӣ, методӣ ва моддию техникии раванди таҳсилот, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, аз ҷумла технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

- зиёд намудани ҳаҷм ва васеъ намудани доираи фаъолияти илмию инноватсионии донишкада ҳамчун асоси ҷалби захираҳои иловагӣ, баланд бардоштани тахассус ва малакаи амалии кормандон ва фароҳам овардани замина барои раванди таълим ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос;

- ташкили низоми доимии омӯзиши касбӣ дар соҳаи менеҷменти сифат, малакаҳои касбӣ, рақамӣ ва « soft skills » барои ҳамаи кормандони донишкада;

- такмили низоми идоракунии донишкада дар асоси усулҳои муосири идоракунии ташкилот ва технологияҳои рақамӣ бо мақсади таъмини самаранокӣ ва шаффофияти системаи идоракунӣ;

- такмили идораи рақамии сифат ва рушди таъминоти иттилоотию коммуникатсионии донишкада;

- такмили системаи таъминоти моддию молиявӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён ва кормандони донишкада.

 

Роҳбарияти донишкада итминон дорад, ки татбиқи вазифаҳои дар боло зикргардидаи сиёсат дар соҳаи сифат такмили системаи дохилии кафолати сифат, ташаккули низоми идораи сифатро аз рӯи стандартҳои ISO талаб мекунад.

 

Роҳбарияти донишкада масъулиятро ба дӯш мегирад, ки сиёсат дар соҳаи сифат ба ҷамъи кормандони донишкада расонида шуда, аз ҷониби онҳо дарк ва татбиқи самаранок мебинад ва татбиқи сиёсатро дар ҷамъи сатҳҳои идоракунӣ, таҳлили ҳамасолаи ноил шудан ба ҳадафҳои сифат ва аз нав дида баромадани сиёсат дар соҳаи сифатро кафолат медиҳад. Ҳар як корманди донишкада дар доираи салоҳияти худ барои сифати кораш масъулияти шахсӣ ба дӯш дорад.

 

Роҳбарон ва коллективи донишкада мефаҳманд, ки беҳбудии донишкада ва беҳбудиву некуаҳволии кормандони он ба қаноатмандии муштариён аз сифати кори онҳо вобаста аст.

 

Мутобиқи “ESG 2015 – Стандартҳо ва дастурҳо барои таъминоти сифат дар фазои аврупоии таҳсилоти олӣ” (Standards and Guidelines for Quality Assurance in the European Higher Education Area - ESG) муассисаҳои таълимӣ бояд сиёсат дар соҳаи сифатро дошта бошанд, ки дастраси умум буда, қисми идоракунии стратегии онҳо мебошад.

 

Моҳи августи соли 2019 дар донишкада самтҳои стратегии рушди донишкада аниқ шуда, нишондиҳандаҳои стратегӣ барои солҳои 2019 – 2024 аз рӯи ин самтҳо муайян гардиданд:

- Сифати мундариҷаи таҳсилот

- Сифати таълим

- Сифати таҳсил

- Сифати муҳити корӣ

- Такмили фаъолияти илмӣ- инноватсионӣ

 

Аз рӯи ин самтҳо ва нишондиҳандаҳо “НАҚШАИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ДОНИШКАДА БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2024” қабул гардида, он бо талаботи Ваҳорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 таҷдид шуда, аз нав қабул гардид - “НАҚШАИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ДОНИШКАДА БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028”