Самти асосии фаъолияти кории кафедра ин дар раванди таълим истифода бурда тавонистани технологияҳои муосир барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён аз фанҳои физика, химия, экология, консепсияи табиатшиносии муосир ва мудофиаи шаҳрвандӣ мебошад.

 

Ҳайати устодони кафедра

Раҳимов Соҳибназар Шарифович - н.и.ф-м., мудири кафедра

Раҳимова Алия Раҳимовна – н.и.х., дотсент

Ҷалилов  Файзулло – н.и.ф-м., омӯзгори калон

Тошхоҷаев Насимҷон Азимович – н.и.х., омӯзгори калон

Ҳофизов Ҳофиз Раҷабович – омӯзгори калон

Бобоҷонов Хуршедҷон Аминҷонович - ассистент

Бобоҷонов Ҷӯрабой Ҷумабоевич - ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Ҳамасола ташкили олимпиадаи фаннӣ дар асоси низомномаи донишкада доир ба баргузории олимпиадаи донишҷӯён аз фанҳои физика ва химия гузаронида мешавад. Мувофиқи он олимпиада дар се марҳила гузаронида мешавад: имтиҳони қобилият ва маҳорат,  сатҳи факултетӣ ва донишкадавӣ. Ғолибони даври ниҳоӣ барои иштирок дар ду олимпиадаҳои  донишҷӯёни МТОК, ки аз тарафи Академияи миллии ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ташкил карда мешаванд,  роҳхат мегиранд.

Соли 2012 олимпиада барои донишҷӯёни МТОК аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ ташкил карда шуда буд, ки дар он донишҷӯ Қодиров Бахтиёр – аз фанни физика сазовори ҷойи 1 гардид.

Донишҷӯёни донишкада Қодиров Б., Бобоҷонов Ҷ., ва Бобоҷонов Х., аз фанни физика мунтазам (5 маротиба) ҷойҳои мукофотиро (якум, дуввум ва сеюм) дар олимпиадаҳои Академияи милли илмии ҶТ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ишғол карданд, ки аз омодагии хуби донишҷён ва заҳмати калони роҳбарон шаҳодат медиҳад. Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорномаҳои директори донишкада қадрдонӣ карда шуда, ба стипендияи донишкадавии ба номи академик М. Осимӣ пешниҳод карда шудаанд.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Машғулиятҳои лабораторӣ аз фанни физика яке аз ҷузъҳои асосии раванди таълим буда, барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии донишҷӯён пешбинӣ шудаанд.

 

Дар назди кафедраи физика ва химия 2 озмоишгоҳҳои физикӣ амал мекунанд:

1) Механика, физикаи молекулавӣ ва термодинамика, оптика, физикаи атом ва ядро;

2) Электродинамика.