
“Варзиш мактаби обутоби ҷисмонӣ ва мардонагӣ буда, ҷавононро барои ҳимояи марзу бум, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва ҳифзу таҳкими дастовардҳои бузурги давлатӣ ҳидоят мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Варзиш – гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳолии ҷомеа ва парвариши насли навраси солиму неруманд аҳамияти бузург дорад. Ҳар чӣ қадар ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар донишкада ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Донишкада дар тамоми чорабиниҳои варзишии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардад.
Донишкада дорои майдончаи варзишии замонавӣ ва толорҳои варзишӣ барои машқ мебошад.
ИФТИХОРИ МО

Ному насаб |
Раҳмонов Юнусҷон Улуғбекович |
Курс ва гуруҳ |
курси 4 ихтисоси 440101 |
Намуди варзиш |
ҷанги тан ба тан (ММА) |
Дастовард |
ду карата ғолиби озмуни Ҷумҳуриявӣ дар вазни 75 кг солҳои 2016, 2017. |

Ному насаб |
Умаров Саидвоҳид Саидмуродович |
Курс ва гуруҳ |
курси 2 ихтисоси 400101та |
Намуди варзиш |
варзиши сабук (партофтани лаълича ва ПУТК) |
Дастовард |
ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар солҳои 2016 ва 2017 |

Ному насаб |
Қурбонов Искандарҷон Икромович |
Курс ва гуруҳ |
курси 2 ихтисоси 250104тб |
Намуди варзиш |
варзиши сабук (ММА) |
Дастовард |
ғолиби бисёркаратаи мусобиқаи Ҷумҳуриявӣ, вилояти дар солҳои 2015, 2016, 2017 (110метр монеаҳо, давидан ба 100метр ва ҷаҳидан ба дарозӣ) |

Ному насаб |
Тоҷибоев Баҳрулло Баҳодурович |
Курс ва гуруҳ |
курси 2 ихтисоси 700201тб |
Намуди варзиш |
гӯштини Юнонӣ - Румӣ |
Дастовард |
ғолиби озмуни байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар вазни 96 кг дар соли 2016 дар Душанбе ҷои 1, соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд ҷои 2 |

Ному насаб |
Қурбонов Ислом |
Курс ва гуруҳ |
курси 4 ихтисоси 25.01.03та |
Намуди варзиш |
варзиши сабук |
Дастовард |
ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар солҳои 2015, 2016 ,2017.(110метр бо монеаҳо, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата, эстафета)
|

Ному насаб |
Орипов Мирзоикром |
Курс ва гуруҳ |
курси 4 ихтисоси 700201 |
Намуди варзиш |
муҳорибаи омехта, бокс |
Дастовард |
чоркарата чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 64кг |

Ному насаб |
Арипов Мирзобаҳодур |
Курс ва гуруҳ |
курси 3 ихтисоси 250104тб |
Намуди варзиш |
Ҷиу - Ҷитсу, ҷанги дастӣ, бокс |
Дастовард |
ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба ҷанги дастӣ, ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба бокс, ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба намуди “Ҷиу - Ҷитсу” дар вазни 60 кг дар солҳои 2016, 2017
|

Ному насаб |
Рашидов Хуршед |
Курс ва гуруҳ |
курси 4-и ихтисоси 25.01.03та |
Намуди варзиш |
понкратион, греплинг |
Дастовард |
ғолиби бисёркарати понкратион, ҷойи 2 дар мусобиқаи ФР оид ба греплинг, ҷойи 3 дар мусобиқаи байналмилаллӣ оид ба понкратион дар соли 2018
|

Ному насаб |
Давлатов Меҳроб |
Курс ва гуруҳ |
курси 3 - и ихтисоси 43.01.03тб |
Намуди варзиш |
гӯштини миллӣ, дзюдо |
Дастовард |
ҷойи 1 дар мусобиқаи вилоятии гӯштини миллӣ, ғолиби мусобиқаи кушоди «Федератсияи дзюдо»-и вилоят
|

Ному насаб |
Алимов Ҳасанҷон |
Курс ва гуруҳ |
курси 1 – и ихтисоси 43.01.03тБ |
Намуди варзиш |
гӯштини самбо |
Дастовард |
ҷойи сеюм дар мусобиқаи вилоятӣ
|
Ному насаб |
Бобоев Хуррамшо |
Курс ва гуруҳ |
|
Намуди варзиш |
гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод |
Дастовард |
соҳиби ҷойи 1 бо вазни 75кг |
Ному насаб |
Саидов Ёрмаҳмад |
Курс ва гуруҳ |
|
Намуди варзиш |
гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод |
Дастовард |
соҳиби ҷойи 3 бо вазни 62кг |
Ному насаб |
Давлатов Муҳаммадисо |
Курс ва гуруҳ |
курси 2 ихтисоси 37.01.07тБ |
Намуди варзиш |
гӯштини миллӣ, самбои муҳорибавӣ, дзюдо |
Дастовард |
соҳиби "Ҷоми Раиси вилоят", ҷойи 1 дар дзюдо, ҷойи 2 дар гӯштини миллӣ, медали тилло дар самбои муҳорибавӣ |