Раёсати  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд Шуморо ба ярмаркаи “Интихоби мутахассисони арзанда”, ки санаи 06.04.2019 соати 13:30 дар Донишкада  баргузор мегардад, таклиф менамояд.

Ҳадаф аз ташкил ва гузаронидани ярмаркаи “Интихоби мутахассисони арзанда”  таъмин намудани мутахассисони оянда ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад. Дар  ин ярмарка 813 хатмкунандагони ДПДТТХ имконияти бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданро пайдо менамоянд. Дар ярмаркаи мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, роҳбарон ва мутахассисони шуъбаи кадрии корхонаҳо, ташкилот ва макотиби таҳсилоти олии касбии шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят, хатмкунандагон ва магистрони ДПДТТХ ба номи академик М. С. Осимӣ ширкат хоҳанд варзид.

Иштироки Шумо боиси шодмониву густариши робитаҳо хоҳад шуд! Қаблан барои ташрифатон сипосгузорем!

Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд

Суроғаи мо: шаҳри Хуҷанд, кучаи Ленин 226, бинои факултети информатика ва энергетика.