Ҳадафи асосии фаъолияти кафедраи дизайн ва меъморӣ ба самти ҳалли муаммоҳои саноатикунонии босуръати мамлакат ва эҳъёи ҳунарҳои мардумӣ равона карда шудааст.

 

Кафедраи дизайн ва меъморӣ мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-50 01 01 Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд

1-50 01 02 Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-69 01 01 Меъморӣ

 

Магистратура

1-50 01 02 Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

 

Докторантура

6D072600 Технология ва лоиҳакашии маҳсулоти саноати сабу

 

Ҳайати устодони кафедра

Раҳимова Ҳамроҳхон Олимовна – н.и.т., мудири кафедра

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода – н.и.т., дотсент

Мирхолиқов Холиқ Темурбоевич – н.и.т., дотсент

Бобоҷонова Назира Иномҷоновна – н.и.т., омӯзгори калон

Умарова Зўҳрохон Мирзоботуровна – н.и.т, омӯзгори калон

Саидова Светлана Анваровна - омӯзгори калон

Зокиров Раҳимҷон Шарифович - омӯзгори калон

Юсупов ФирӯзҒаниҷонович - омӯзгори калон

Бобоева Зебунисо Умаровна - омӯзгори калон

Насимова Манижа Мўминҳўҷаевна - ассистент

Низомадинова Роҳатҷон Аминовна - ассистент

Маҳмудова Фарангис Музаффарҷоновна - ассистент

Дадобоева Насиба Абдунозимовна - ассистент

Ваҳобов Исроилхӯҷа Самиевич - ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Натиҷаҳои кори илмию тадқиқотии устодони кафедра дар самти ҳалли муаммоҳои саноатикунонии босуръати мамлакат, эҳъёи ҳунарҳои мардумӣ низ назаррас мебошанд. Хусусан, дастовардҳои муҳим ва  аҳамияти илмию амалидошта аз тарафи мактабҳои илмӣ таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶТ, д.и.т., профессор Мансурӣ Д.С. ва узви вобастаи Академияи муҳандисии  ҶТ н.и.т., дотсент Саидӣ Д.Р. ба даст оварда шудаанд.  Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ   ва сифати маҳсулот тадқиқот доир ба модернизатсияи таҷҳизоти саноати сабук, аз ҷумла мошинҳои дарздӯзӣ ва ресандагӣ гузаронида шудааст: схемаи нави конструктивии тасмаи ҳаракатдиҳандаи амортизатсияшаванда коркард шудааст, механизми нави ҷойивазкунии матоъ бо элементҳои чандир ихтироъ карда шудааст, механизми сӯзанзании мошини дарздӯзӣ ва механизми танзими зиччии калоба дар мошинҳои ресандагӣ такмил дода шудааст. Дигар самти тадқиқот ба автоматизатсияи лоиҳасозии либос бахшида шуда, натиҷаҳои зерин ба даст оварда шудааст: феҳристи электронии унсурҳои либоси миллӣ тартиб дода шудааст, усули андозагирии антропометрии занон бо истифодаи комплекси беробита коркард шуда, бо истифоди он шкалаи тақсимоти фоизии ҷуссаи занҳои Тоҷикистон тартиб дода шудааст, усули лоиҳасозии либоси эргономикӣ бо истифодаи 3D моделиронӣ  коркард шудааст. Натиҷаи корҳои илмӣ ҳангоми таҳияи Стандартҳои давлатӣ “Нишонаи андозаҳо. Ҷуссаҳои намунавӣ” истифода шудаанд.    Дар самти эҳъёи ҳунарҳои мардумӣ таърихи инкишофи касби чеварии тоҷикон  дар асрҳои XV  ва  нимаи аввали асри XX омӯхта шуда, омилҳои рушд ва табодули онҳо муайян карда шудааст.  Дар ин самти илмӣ 5 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шуда, 10 нахустпатент, 3 монография, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ нашр шудаанд.  Айни ҳол 2 рисолаи илмӣ ба ҳимоя омода мебошад. Дар ин давра 2 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ дар мавзуҳои “Рушди либоси миллӣ дар давраи истиқлоли Тоҷикистон” (соли 2015), “Самтҳои муосири рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2019), 3 семинарҳои илмӣ гузаронида шудааст. Дар рушди ин самт саҳми олимони донишкада узви вобастаи Академияи миллии илмҳои ҶТ, д.и.т., профессор Мансурӣ Д.С., узви вобастаи Академияи муҳандисии  ҶТ, н.и.т., дотсент Саидӣ Д.Р., н.и.т. Раҳимова Ҳ.О., н.и.т. Мирхолиқов Х.Т.,  н.и.и. Қодирова Б.Л.,  н.и.т. Умарова З.М., н.и.т.Саидова Ш.А., н.и.т.Бобоҷонова  Н.И., назаррас мебошад.

 

Шарикони рушд

- Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ (дар доираи лоиҳаи касби ман)

- ITC of Tajikistan (International Trade Centre)

- ҶДММ "Ҷавонӣ"

- ҶДММ "САТН"

- ҶДММ “Суғдшаҳрофар”

 

Таҷрибаомӯзӣ

1-50 01 01 ва 1-50 01 02

- ҶДММ "Ҷавонӣ" (филиали кафедра)

- ҶДММ "САТН" (филиали кафедра)

- ҶДММ “Суғдшаҳрофар” (филиали кафедра)

- ҶДММ “ОРТЕКС”

- ҶДММ "НЕКУ-Хуҷанд"

 

1-69 01 01

- ҶДММ “Суғдшаҳрофар”

- Идораи сохтмони асосии ш.Хуҷанд

- ҶДММ ”Шаҳрстрой”

- ҶДММ “Иншоотсоз”

- ҶДММ “Манзил Суғд”

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедраи дизайн ва меъморӣ лабораторияҳо барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст:

  • озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;
  • озмоишгоҳи тарроҳии либос;
  • озмоишгоҳи низоми автоматикунонидашудаи лоиҳакашии либос;
  • озмоишгоҳи дизайн ва лоиҳакашии компютерӣ;
  • озмоишгоҳи графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ;
  • озмоишгоҳи бофандагӣ;
  • озмоишгоҳи лоиҳакашии бино ва иншоотҳо.

 

 

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

 

1-50 01 01 Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд

- технологи истеҳсолоти бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ;

- дизайнери матоъ;

- роҳбари истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ;

- роҳбари гурӯҳҳо ва  студияҳои дизайнерӣ;

- омӯзгори литсею коллеҷҳо.

 

1-50 01 02 Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

- дизайнер-технолог истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ;

- тарроҳ – амсиласози истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ;

- дизайнери либос;

- роҳбари истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ;

- роҳбари гурӯҳҳо ва  студияҳои дизайнерӣ;

- бурандаи коргоҳҳои мӯд.

 

1-69 01 01 Меъморӣ

- меъмор (архитектор);

- дизайнер;

- сохтмончӣ;

- мутахассиси донишкадаҳои лоиҳавӣ-таҷрибавӣ;

- мутахассиси  ташкилотҳои лоиҳакашӣ;

- мутахассиси  ташкилотҳои сохтмон, меъмор дар корхонаҳои сохтмонӣ;

- меъмори лоиҳаҳои маҳаллаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;

- дизайнери мавзеъҳо, бино ва иншоотҳо;

- таҷдидгари бино ва иншоотҳои таърихӣ.