Маркази мартаба қисми сохтории ДПДТТХ буда, аз моҳи сентябри соли 2015 фаъолият мебарад. Мақсади Маркази мартабаи ДПДТТХ - баланд намудани самаранокӣ ва дастрасӣ дар бозори хизматҳои таълимотӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои пешрафта ва технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш, интихоби касб ва азхудкунии савияҳои амалӣ дар барномаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Самтҳои асосии фаъолияти маркази мартаба чунин мебошад:       

НАТИҶАҲОИ  ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МАРТАБА

Номгӯи корҳо

2015

2016

2017

2018

2019

1

Шумораи шартномаҳои ҳамкорӣ

74

105

58 30

47 

2

Шумораи филиалҳои кафедраҳои ихтисосӣ

    4 4

3

Шумораи иштирокчиёни ярмаркаи "Интихоби мутахассиси аразнда"

    68 45 (70 нафар ба кор даъват карда шуданд)

50 (94 нафар ба кор даъват карда шуданд

 

Бизнес- идеяҳои "Костюмҳои идона барои наврасон" ва "Шириниҳои ДПДТТХ" дар амал татбиқ гардида, маҳсулот истеҳсол намуданд. Дигар идеяҳо дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. 

 

ВОХӮРИҲО БО МУТАХАССИСОНИ СОҲАВӢ

1.Вохӯрии кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология” бо мутахассисони соҳавӣ;

2.Вохӯрии кафедраи “Кафедраи таъмини барқ ва автоматика” бо мутахассисони соҳаи энергетика;

3.Вохӯрии кафедраи “Сохтмон” бо мутахассисони соҳаи сохтмон;

4.Вохӯрии кафедраи “Автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт” бо мутахассисони соҳаи нақлиёт.

 

ЯРМАРКАИ ИНТИХОБИ МУТАХАССИСИ АРЗАНДА

Баргузории ярмарка дар санаи 6 апрел муқаррар гардид, ки зиёда аз 50 нафар намояндогон аз 42 корхонаҳову ташкилотҳои в. Суғд иштирок намуданд. Дар баромадҳои Тӯра Муродович Атамов -  директори шабакаҳои барқии Суғд, Нарзулло Дадобоев - муовини раиси раёсати Ассотсиатсияи сохтмончиён ва коркардчиёни  “Кедр”, Зафар Охунов - директори генералии ширкати сохтмонии “Тиниал” зикр шуд, ки маҳз ҳамасола баргузории чунин чорабинӣ имконият медиҳад, ки ташкилоту коргоҳҳо мутахассисони ояндаро интихоб намоянд. Ба 23 корхонаҳову ташкилотҳои бо донишкада ҳамкории хуб дошта сипосномаи директори донишкада Саидӣ Д.Р. супорида шуд.

Дар  синфхонҳои махсус  вобаста ба ихтисосҳо вохӯриҳо бо хатмкунандагон ташкил карда шуданд,ки дар он намояндагони корхонаҳову ташкилотҳо оид ба фаъолияти коргоҳи худ, малакаҳои касбии барои ин коргоҳ лозима маълумот доданд. Зиёда аз 94 нафар хатмкунандагон  барои бо ҷои кор таъмин шудан ба корхонаҳо даъват шуданд.

 Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон яачанд вохӯриҳо бо корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ташкил карда шуданд.

Санаи  23 апрели соли 2019 вохӯрии   хатмкунандагони ихтисоси 1-430103, 1-530105, 1-440101, 1-370107, 1-700201  бо корхонаи ҶСК “Гидроэлектромонтаж” гузаронида шуд, ки дар он намояндагони корхона хатмкунандагонро  бо шарту шароит ва имкониятҳои корхона шинос карда, онҳоро ба ҷойҳои кории холӣ даъват намуданд.

Санаи  25 майи соли 2019 вохӯрии намояндагони корхонаи муштараки  “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бо хатмкунандагони ихтисосҳои 1-250107, 1-250104, 1-250103, 1-530105, 1-440101, 1-370107 гузаронида шуд. Намояндагони ин коргоҳ: ҷонишини директори генералӣ Ву Чун Хуй ва сардори шуъбаи кадрҳо Маданаминов Р.Ҳ. иштирок дошта, ба хатмкунандагонро  бо шарту шароити корхона ва талаботҳое, ки барои ба ин коргоҳ ҷой ёфтан лозим аст, шинос намудан ва хоҳишмандонро  ба ҷойҳои кории холӣ даъват намуданд.

Донишҷӯён маълумоти ҳолномаҳои (CV) худро дар  www.martaba.dpdtt.tj  сабт карда метавонанд.

Маълумот оиди ҷойҳои кории холӣ ба  Системаи Иттилоотӣ Идоракунии Донишкада ва инчунин дар саҳифаи Маркази мартаба дар шабакаи интернет: www.facebook.com/markazimartaba ворид карда мешавад.

 ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

Мирхолиқов Х. 

Сардори Маркази мартаба

  Набиев Дилшод Бахтиёрович

Мутахассиси Маркази мартаба 

Рустамова Шаҳноза Абдушарифовна

 Мутахассиси Маркази мартаба

 Суроға: Шуъбаи маркази мартаба, Бинои маъмурӣ- ҳуҷраи 305 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин-226, 735700, Хуҷанд, Тоҷикистон

Телефон: +99292 7936414

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Лоиҳаи UNIWORK (544126-TEMPUS-1-2013-1-ES-TEMPUS-JPHES UniWork-project)

Барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо. (TEMPUS)