Шуъбаи таълим яке аз қисмҳои асосии сохтории ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ буда, вазифаи асосии он  ташкили раванди таълим, банақшагирии стратегӣ ва назорати раванди таълим дар донишкада  мебошад. 

Шуъбаи таълим аз вақти таъсис додани ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар соли 2010 кори худро огоз намудааст.

 Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишкада бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, ҳалли масъалаҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд. 

 

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи таълим:

-дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ  ва деканатҳо тибқи зарурият гурӯҳҳои корӣ оид ба  омӯхтани стандартҳои давлатии навро таъсис дода, коркарди стандартҳои навро бо назардошти  тақозои замон нисбати ихтисосҳо таъмин менамояд;

 -дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ  гурӯҳҳои корӣ оиди баррасии  нақшаҳои таълимии таъсис дода, коркарди нақшаҳои таълимиро барои ҳамаи равияҳо ва ихтисосҳои ДПДТТ дар асоси стандартҳои давлатии нав таъмин менамояд;

-дар якчоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ нақшаҳои таълимии кориро аз рӯи ҳамаи равияҳо ва ихтисосҳои донишкада дар асоси нақшаҳои таълимӣ  тартиб медихад;

 -ҷадвали раванди таълимро  барои соли хониши ҷорӣ тартиб дода, дар давоми сол иҷрои онро назорат мекунад. Дар ҳолати зарурӣ барои ворид кардани тағйирот ба ҷадвали раванди  таълим пешниҳодҳо тайёр мекунад;

-барои ворид кардани тағйирот ба низомномаи сарборӣ тибқи зарурият пешниҳодҳо тайер менамояд;

-ҳаҷми сарбории таълимии аз тарафи кафедра тартиб додашударо дида баромада, ба низомномаи сарборӣ  мувофиқ будани онро назорат менамояд;

-иҷрои нақшаҳои инфиродии мудирони кафедра ва деканҳоро назорат менамояд; -коркарди  санадҳои меъёриро, ки дар асоси онҳо ҳачми сарбориҳои таълимӣ ва намудҳои дигари кори ҳайати профессорону омузгорон муайян карда мешавад, таъмин менамояд;

- рафти ичроиши раванди таълим, банақшагирӣ ва иҷрои сарбории таълимии хайати профессорону  омузгоронро назорат менамояд;

- натичаҳои назорати ҷорӣ ва семестрии дониши донишҷуёнро коркард ва таҳлил менамояд;

- барои  ташкил додани раванди таълим ва низоми  банақшагирии он пешниходхо тайёр менамояд; - оиди ба тартиб додани комиссияҳои атестатсионии давлатӣ корҳои заруриро ташкил менамояд;

-бахри баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва сифати тайёр намудани мутахассисон тачрибахои пешкадамро омӯхта  чамъбаст менамояд ва барои татбиқи онҳо ба раванди таълим пешниҳодҳо тайёр менамояд;

-қайд ва ҳисоботи донишкадаро аз рӯйи масъалаҳои таълим пеш мебарад;

-барои назорати иҷрошавии ҷадвали дарсӣ аз тарафи устодон ва тибқи силлабусҳо гузарондани  дарсҳо рейдҳо ташкил карда, аз рӯйи натиҷаҳои он  гузориш тайер мекунад;

-раванди баҳогузаронии ҳаррӯзаро назорат карда, барои  таъмини саривақтии он  чораҳои зарурӣ меандешад ва пешниҳодҳо тайер мекунад; -барои ташкил ва назорати мунтазами   иҷрошавии қарорҳои  Шӯрои олимон, ки ба раванди  таълим марбутанд, чораҳои зарурӣ меандешад;

-нақшаи дурнамои донишкадаро таҳия менамояд ва ба Шӯрои олимон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод менамояд;

-нақшаи тақвимии донишкадаро барои соли хониши  ҷорӣ тартиб  дода, барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод менамояд;

-банақшагирӣ ва мавриди истифода қарор додани  масоҳатҳои таълимиро зери назорат гирифта, барои оқилона истифода бурдани  фонди  аудиторӣ пешниҳодҳо тайер мекунад; -дар  тартиб додани ҷадвали имтиҳоноти сикл ва ҷадвали назорати аудиторӣ иштирок мекунад;

-тибқи талабот ва дар вақти муайяншуда  тартиб додани силлабусҳои фанҳои таълимиро таъмин менамояд.  Шакли чопии силлабусҳои фанҳои таълимиро барои тасдиқ ба директори донишкада пешниҳод карда, пас аз тасдиқ шудан аз қайд мегузаронад ва ба феҳраст дохил мекунад; шакли чопии МТМ-и фанҳои таълимиро  пас аз тасдиқ кардан барои ворид кардан ба феҳрасти МТМ рақамгузорӣ  мекунад;

-барои беҳтар кардани банақшагирӣ  ва ташкили раванди таълим пешниҳодҳо ва тавсияҳо тайёр менамояд;

-номгӯйи корҳои курсӣ ва дипломиро аз кафедраҳо талаб карда, дар вақти муайяншуда ва тибқи талабот ба тасдиқ пешниҳод кардани онҳоро таъмин менамояд;

-идрорпулӣ ба донишҷӯенро  бо деканҳои факултет ҳал карда, пешниҳод тайёр менамояд; ҳисоботҳои сиклӣ, нимсола ва солонаи кафедраҳо ва факултетҳоро аз қайд мегузаронад; дар мӯҳлатҳои муайяншуда ва саривақт пур кардани варақахои таълимии донишҷуенро дар факултетҳо назорат мекунад; саривақт пур кардани дафтари давомоти донишҷӯенро дар факултетҳо назорат мекунад;

-ташкили дафтарчаи имтиҳонот ва гувоҳномаи донишҷуро ба роҳ мемонад;

-лоиҳаи фармонҳоро  оид ба беҳтар кардани раванди таълим тайер мекунад;

 -маводҳои зарурӣ  оид ба таълимро, ки аз тарафи дигар сохторхо пешниҳод шудаанд,  барои баррасӣ дар Шӯрои олимон тайер мекунад;

-риояи интизоми мехнат аз тарафи устодонро назорат мекунад;

-ҳолати фонди аудитории донишкадаро назорат мекунад;