Таҳсилоти фосилавӣ

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  барои ташкили омӯзиши фосилавӣ ба ихтисосҳои зерин дорад:

1-400102  Технология  ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт,

1-250104 Молия ва қарз,

1-250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо

1-44.01.01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

1-43.01.03 Таъмини барқ

Мӯҳлати таҳсил мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25 феврали соли 2017 4 сола аст.

 

 Таҳсилоти фосилавӣ чист?

Таҳсилоти фосилавӣ - тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад.

                                                                          Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Пас, дар таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ дар хона ё ҷои корӣ истода, бо воситаи интернет  маводи дарсҳоро аз устод гирифта, аз худ намуда, вазифаи иҷрокардаашро ба устодаш мефиристад. Ҳамин тавр, донишҷӯ дар вақти муносиб, дар макони муносиб ва бо суръати бароҳат машғули донишандӯзӣ мешавад. Масофаи байни ҷойгиршавии донишҷӯ ва муассисаи таълимӣ ба самаранокии раванди таълим монеъа шуда наметавонд.

 

Барои донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ кифоя аст, ки

  • компютери шахсӣ
  • интернети дастрас дошта бошад.

 

Таҳсилоти фосилавӣ барои КӢ даркор?

Таҳсилоти фосилавӣ барои шахсони зерин имконияти таҳсилро медиҳад:

  1. Шахсоне, ки аз сабаби серкорӣ дар шакли рузонаи таҳсил иштирок карда наметавонанд,
  2. Дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, имконияти ҳар рӯз ба донишкада омадан надоранд,
  3. Маҷбуранд баъди хатми мактаби миёна фаъолияти корӣ баранд,
  4. Шахсоне, ки фаъолияти корашонро пеша кардаанду хоҳиши давом додани таҳсилро бе тарки ҷои корӣ доранд,
  5. Модарони ҷавоне, ки имконияти аз хона баромадан надоранд,
  6. Шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ саломатиашон маҳдуд

 

Бартариҳои таҳсилоти фосилавӣ

  • Машғули донишандузӣ шудан дар вакти муносиб, ҷои муносиб ва босуръати бароҳат
  • ҷудо кардани фосилаи муносиби вакт барои омӯзиши фан
  • истифодаи самараноки майдони таълимӣ ва воситаҳои нақлиёт
  • муошират тавассути шабакаҳои алоқа бо якдигар ва бо омӯзгорон
  • дар як вақт муроҷиат намудани шумораи зиёди таълимгирандагон ба сарчашмаҳои таълимӣ
  • имконияти доимии баланд бардоштани сатҳи дониши худ, гузариш ба таҳсили бефосила дар тӯли ҳаёт
  • таҳсил бо ҳамроҳии фаъолияти касбӣ бе тарки ҷои корӣ
  • камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи таҳсилот
  • истифодаи навтарин дастовардҳои илмӣ-техникӣ, технологияи нави телекоммуникатсионӣ, ки дар пешрафти инсоният дар фазои иттилоотии ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад
  • баробарии иҷтимоӣ ва ғайра.

 

Ҷараёни таҳсил дар гурӯҳҳои фосилавии донишкада

Раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Сомонаи таҳсилоти фосилавии (СТФ) донишкада www.fosilavi.tj ба шабакаи глобалии Интернет насб буда, раванди таълим новобаста аз масофаи ҷойгиршавии донишҷӯ ва устод амалӣ мегардад.

Интерфейси истифодабарандагон мутобиқи технологияи муосир сохта шуда,  истифодабарандагон имконияти хуби истифодабарии он бо воситаи телефонҳои мобилӣ ва планшетро доранд.

Барои дастрас шудани сомона ба ҳар як донишҷӯи таҳсилоти фосилавӣ калиди воридшавӣ (логин) пешниҳод шудааст. Ҳар як донишҷӯ  ҳуҷраи виртуалии худро дорад. Дахолатнопазирии шахси дигар ба ҳуҷраи шахсӣ таъмин аст. Ҳар як истифодабаранда интерфейси қулай дорад.

Теъдоди донишҷӯён дар айни замон ба 224 нафар расидааст. Маркази таҳсилоти фосилавӣ раванди таълимро дар гурӯҳҳои фосилавӣ идора ва назорат мекунад.

Аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯён пеш аз саршавии дарсҳои низоми фосилавӣ дарсҳои заминагузорӣ, муқаддимавӣ дар донишкада  ташкил карда мешавад. Дар ин дарсҳо саводнокии компютерии донишҷӯ баланд карда шуда, донишҷӯён бо сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ва тарзи корбарӣ дар он шинос мешаванд. Маълумоти мухтасарро оиди фанҳои омӯзонидашаванда пайдо мекунанд.

Бо оғози таҳсили фосилавӣ мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои ҳар як фан бо воситаи сомонаи омӯзишӣ  маводҳои таълимии устод ба  донишҷӯ дастрас мешавад.

Барои бартараф намудани яке аз камбудиҳои асосӣ, ки ин ҳам кам будани муоширати зинда байни омӯзгор ва донишҷӯ мебошад, марказ дарсҳои тариқи онлайн ВЕБИНАР-ро ташкил кардааст.  Устод дар ин дарсҳо дар вақти воқеӣ бо воситаи интернет бо донишҷӯён дарси виртуалӣ ташкил намуда, мавзӯъҳоеро, ки дар азхуд намудани он донишҷӯён мушкилӣ мекашанд, фаҳмонида медиҳад, оид ба мафҳумҳои асосии мавзӯъ баҳс мекунад, дониши донишҷӯёнро месанҷад.

Барои омода намудани устодон ва донишҷӯён ба дарсҳои тариқи он лайн-вебинар маркази таҳсилоти фосилавӣ семинарҳоро ташкил намуда, дар он тарзи корбарӣ бо таъминоти барномавии вебинарро ба устодон  ва инчунин донишҷӯён  меомӯзад.

 

 Ҳоло донишҷӯёни мо дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият бурда истода, дар як вақт таҳсилро давом дода истодаанд.

Барои донишҷӯёне, ки имконияти ба донишкада омадан ва хоҳиши иштирок дар дарсҳои шакли рӯзон доранд, бо иҷозати сарвари донишкада ҳуқуқи “донишҷӯ-шунаванда” дода мешавад. Онҳо метавонанд мӯҳлати муайян дар дарсҳои рӯзона иштирок намуда, мушкилиҳое, ки ҳангоми донишандӯзӣ доштанд бартараф кунанд.

 Барои донишҷӯёни шакли рӯзона, ки ҳатман сафар кардан,  дар шаҳрҳои дурдаст муолиҷа кардан ё таҷрибаомӯзӣ берун аз шаҳр пешниҳод мешавад, донишкада имконият медиҳад, ки хонданро қатъ накарда, дар таҳсилоти фосилавӣ давом диҳад. Инчунин,  баъзан модарони ҷавон аз имконияти додашуда истифода бурда, аз шакли рӯзонаи дарсҳо ба фосилавӣ гузашта, баъди гузаштани  мӯҳлати муайян боз ба гурӯҳи рӯзонаи худ бармегарданд.

 Маркази таҳсилоти фосилавӣ бо донишҷӯён ҳамеша дар алоқа буда, барои хоҳишмандон дарсҳои машваратӣ ташкил мекунад. Барои ҳалли муаммоҳои таҳсилоти фосилавӣ семинарҳо бо устодон мунтазам гузаронида мешаванд. Бо баробари рушди технологияи телекоммуникатсионӣ қадам ниҳода барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ марказ чораҳои мушаххас меандешад.