Бо фармоиши директори донишкада таҳти№ 037– ХУ аз 16 июни соли 2016 ҳайати комиссияи ҷамъиятии донишкада оиди пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз 5 нафар кормандони масул ташкил карда шуд.

  1. Муҳитдинов Фатулло Иргашевич – мушовири директор, раиси комиссия;
  2. Фатҳиддинов Бойпочо – дотсенти кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт, собиқадории меҳнат, аъзои комиссия;
  3. Раҷабов Ғайрат Ашӯрович – дотсенти кафедраи математикаи олӣ, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат, аъзои комиссия;
  4. Темурова Муҳаррам Қурбоновна – сардори шуъбаи тарбия, ҷонишини раиси Шӯрои занон ва духтарон, аъзои комиссия;
  5. Масаидов Ҷамшедҷон Ғуфронович – раиси созмони ҷавонони донишкада, аъзои комиссия.

Вазифаҳои асосии комиссия ташкилкарда иҷроиши фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 30.августи соли 2013 таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мебошад, ки аз инҳо иборат аст:

  • назорати доимӣ аз рафти қабули имтиҳонот ва имтиҳонҳои такрорӣ барои роҳ надодан ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ;
  • назорати амалкунанда аз рафти қабули имтиҳонот аз тарафи кормандони маркази тестии донишкада аз рӯи ҷадвали тасдиқшудаи шӯъбаи таълим;
  • гузаронидани сӯҳбатҳо бо донишҷӯён оиди шаффоф будани имтиҳонҳои маркази тестии донишкада, тартиби қабули имтиҳон аз тарафи устодон ва муайян намудани камбудиву норасогиҳо ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ;
  • гузаронидани таҳлилҳои имтиҳонҳои такрорӣ аз тарифи шахсони масъул бо факту далелҳои аниқ ва фикру мулоҳизаи донишҷӯён оиди шаффоф гузаронидани имтиҳонот ва баҳогузории устодони донишкада;
  • маҳз бо воситаи кураторҳо дар соатҳои тарбиявӣ ташвиқоту тарғибот оиди роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ;
  • гузаронидани пурсишномаҳо байни устодони ва донишҷӯён;
  • гузаронидани вохӯрӣ ва мулоқотҳо бо кормандони Раёсати агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

 Дар асоси моддаи 5 ҳамин қонуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар донишкада комиссияи ҷамъиятии доимоамалкунанда дар ҳайати 5 нафар аз тарафи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода тасдиқ шудааст.

  1. Муҳитдинов Фатулло Иргашевич – мушовири директор, раиси комиссия;
  2. Аминов Фаррух Абдул-Хайёвич – муовини директор оид ба тарбия, аъзои комиссия;
  3. Темирова Хайринисо Исломовна – н.и., омузгори кафедраи умумитаълимӣ, аъзои комиссия;
  4. Раҷабов Ғайрат Ашӯрович – дотсенти кафедраи умумитаълимӣ, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат, аъзои комиссия;
  5. Темурова Муҳаррам Қурбоновна – сардори шуъбаи тарбия, ҷонишини раиси Шӯрои занон ва духтарон, аъзои комиссия;

Мақсади асосии Қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, пешгирии сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ба манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон равона шудааст. Вазифаи асосии комиссия аз назорати иҷрои қонунро амалӣ намудан, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт пурзур намудан, дар ҳолати қонунвайронкунӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан иборат аст. Дар ҳолати риоя накардани талаботи қонуни мазкур комиссияи ҷамъиятӣ дар муддати се рӯз ба мақомоти ваколатдор маълумотнома ирсол менамояд.

 Дар донишкада дафтари қайди сӯҳбат ва шиносоӣ бо талаботи қонун таъсис дода шудааст, ки дар он кормандон ва устодони маъракаи тӯйи арӯсию домодӣ, хатнатӯй доранд аз қайд гузаронида мешавад. Сана ва соат, дар кадом тарабхона баргузории марака ба қайд гирифта мешавад ва инчунин ба қонунвайронкунӣ роҳ надодани соҳиби марака таъкид карда мешавад. 

Суроғаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникииТоҷикистон ва факултетҳои он

Номи факултет

Суроға

1

Бинои асосии донишкада (раёсат)

Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 226

2

Факултети информатика ва энергетика

Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 226

3

Факултети сохтмон ва нақлиёт

Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 226

4

Факултети муҳандисӣ- технологӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим 52

5

Факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 30, Минтақаи саноатии шарқӣ