Китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дорои се китобхона буда, дар  он 3 қироатхонаи дорои 345 ҷои нишаст ва 178 адад компютери ҳозиразамон, ки ба интернет, системаи идоракунии иттилоотӣ (СИИ) ва китобхонаи рақамии донишкада пайваст мебошанд, амал мекунад. Дар китобхона шароити хуби дарсомӯзӣ  барои донишҷӯён ташкил шудааст.

Донишҷӯён бе мамоният метавонанд адабиёти лозимаи таълимиро дастрас кунанд, дар толори хониш супоришҳоро иҷро намоянд. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда савияи дониши худро баланд мебардоранд. Дар китобхонаи донишкада ҳуҷраи нигоҳдории китобҳо ва ҳуҷраи хизматрасонӣ мавҷуд аст.  

Инчунин, дар китобхона намоишгоҳи доимоамалкунандаи «Китобҳои нав» мавҷуд аст. Ҳангоми ба китобхона ворид гаштани китобҳои нав, аз тарафи кормандони китобхона ба хонандагон муаррифӣ карда мешаванд.