Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ муассисаи ҷавон бо потенсиал ва имконияти  бузург барои робитаҳои байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо донишкада дар самти робитаи байналмилалӣ босуръат рушд карда истодааст.  

Соли 2000 Робитаҳои байналмиллалӣ ва Офиси Идораи Лоиҳаҳо  (IRPMO) бо мақсади коркарди идораи лоиҳаҳо кори худро дар донишкада оғоз намуд. Донишкада дар якчанд лоиҳаҳои байналхалқӣ ширкат меварзад. Тайи чанд соли охир донишкада лоиҳаҳоро барои гирифтани дараҷаи олии маълумот, аз ҷумла, бо имконияти бурдани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дастгирӣ намудааст.

 

Лоиҳаҳои ҷорӣ дар донишкада 

Мӯҳлат  ID лоиҳа Номгӯ

Давлат

 

2012-2015 530793-TEMPUS-1-2012-1-SETEMPUS-JPCR Барномаҳои магистрӣ барои  азнавбарқароркунии сарчашмаи энергия ва самаранокии энергея дар биноҳо дар Осиёи Марказӣ ва Русия

   Донишгоҳи  

Лунд,Шветсия

2014-2017 544126-TEMPUS-1-2013-1- ES-TEMPUS-JPHES Мустаҳкамкунии марказҳои рушди карера дар муассисаҳои олии Осиёи Марказӣ барои васеъгардонии имконияти хатмкунандагон барои гирифтани машғулияти мувофиқ ва босифат

        

  Донишгоҳи 

 Аликанте

 Испания

2016-2019 574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP

Маълумоти олӣ барои система ва 

стандарти маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ 

 Донишгоҳи     кишоварзии Латвия
2017 Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва инкишофи Олмон  (BMZ) 

Tаҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ

Deutsche Gesellschaft      für Internationale            Zusammenarbeit GIZ)
2017-2018 P148291 Лоиҳаи маълумоти олӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

2020-2023 609574-EPP-1-2019-1-IT-EPPKA2-CBHE-JP Арзёбии хатарҳои экологӣ ва паст кардани оқибатҳои он ба мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ(ERAMCA )

Донишгохи Политехникии Турин, Итолиё

 

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ  234 шартномаҳои тарафайнро бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо, США, Китай, собиқ давлатҳои шӯравӣ, Туркия ва Осиёи Марказӣ ба имзо расонидааст. 

Муносибатҳои тарафайн

Барномаи APOLLO, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Барои хатмкунандагони ихтисоси аграрӣ ва ё донишҷӯёни ҳамин ихтисос шомил шуда метавонад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 4 моҳ, аз аввали моҳи Июл то оғози моҳи Ноябр. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: www.apollo-online.de/

Барномаи GeTec-Solutions, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ  дар кишвари Олмон мебошад. Таҷрибаомӯзӣ аввали моҳи Май ё аввали моҳи Ноябр оғоз меёбад. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: www.getec-solutions.com

Барномаи Logo eV., барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ  дар кишвари Олмон мебошад. Таҷрибаомӯзӣ аввали моҳи Май ё аввали моҳи Ноябр оғоз меёбад. (истисно ва шартномаи алоҳида имконпазир аст). Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.logoev.de

Барномаи Global Praktikum, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад.  Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт арда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.praktikumglobal.com/

 

Барномаи PRAXX, барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад.  Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт арда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: https://praxx.eu

Барномаи IAAS(International Association Students in Agricultural and Related Science) , барномаи таҷрибаомӯзии соҳаи аграрӣ, саноати кишоварзӣ ва саноати озуқаворӣ  дар давлатҳои Аврупо мебошад. Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, стипендия, хароҷотҳои сафар, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.iaasworld.org/about-iaas/

Барномаи Internship International- Internship in the USA and Germany, барномаи таҷрибаомӯзӣ дар Олмон ва ИМА мебошад. Барнома аз 4 зербарнома иборат аст:

  • Барномаи German Agriculture Program.

Таҷрибаомӯзии соҳаи Хоҷагии қишлоқ, Кишоварзӣ ва Озуқаворӣ дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 6 моҳ. Донистани забонҳои англисӣ ва немисӣ талаб карда мешавад. Дар давоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯ стипепдия ба маблағи 670евро ҳар моҳ пардохт карда мешавад.  Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

  • Барномаи Culinary Program.

Таҷрибаомӯзии соҳаи хӯрока дар кишвари Олмон мебошад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ аз 3 то 12 моҳ. Донишҷӯён аз рӯи вазифаи ошпаз, нонпаз, қаннодчӣ ва қабули меҳмонон фаъолият мебаранд.  Дар дораи ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

  • Барномаи US 12 month Hospitality Program.

Барномаи таҷрибаомӯзи дар Меҳмонхонаҳои ИМА гузаронида мешавад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ 12 моҳ. Донишҷӯён  дар меҳмонхона ба вазифаи фаррошӣ, ташкили нишастҳо, пухту паз ва қабули меҳмонон машғул мешаванд. Дар доираи Барнома ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

  • Барномаи 3-4 Month Work and Travel

Барномаи таҷрибаомӯзӣ дар меҳмонхонаҳо ва қаҳвахонаҳои ИМА гузаронида мешавад. Давомнокии таҷрибаомӯзӣ аз 3 то 4 моҳ. Донишҷӯён ба вазифаи фаррошӣ, ташкили нишастҳо, пухту паз ва қабули меҳмонон машғул мешаванд. Дар барнома донишҷӯёни давлатҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои ҷанубӣ иштирок менамоянд.Дар доири Барнома ҷои зист, хӯрока, стипения, раводид ва суғурта пардохт карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар сомонаи: http://www.internshipinternational.com/Home.aspx

 

Арзёбии хатарҳои экологӣ ва паст кардани оқибатҳои он ба мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ(ERAMCA )

ERAMCA лоиҳаи муштараки тақвияти неру дар байни се давлати барнома (Италия, Олмон ва Хорватия) ва ду кишвари шарик (Узбакистон ва Тоҷикистон) мебошад. Дар доираи лоиҳаи ERAMCA нақшаи нави таълимӣ оид ба арзёбии хатарҳои экологӣ ва паст кардани оқибатҳои он ба мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ таҳия хоҳад шуд. Курсҳои гуногуни байнифаннӣ, ки тибқи нақша таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд, барои ҳамгироӣ ва навсозии нақшаҳои ҷории ҳамаи мактабҳои олии манфиатдор дар кишварҳои шарик истифода шаванд.
Ба ибораи дигар, барои кишварҳои шарик лоиҳаи ERAMCA ин роҳи байнифаннии баҳодиҳии маҷмӯи хатарҳои экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар марҳилаи ибтидоии лоиҳа эҳтиёҷоти маҳаллии кишварҳои шарик омӯхта мешаванд ва сипас он ба барномаи таълимии дараҷаи магистр (120 ECTS) ва ба китобхонаи рақамӣ табдил дода мешаванд, ки дар он ҳамаи маводи таълимӣ (китобҳо, гипертекстҳо, видео, таҷрибаҳо) мавҷуданд. Дастрасӣ ба китобхона барои ҳар як мутахассиси соҳа ройгон аст. Ғайр аз он, ҳадафи лоиҳа татбиқи чор озмоишгоҳи махсус барои гузарондани курси пилотӣ оид ба санҷиши самаранокии лоиҳаи дидактикӣ бо истифодабарандагон дар ҳар як донишгоҳи кишварҳои шарик мебошад.
Дар ниҳоят ҳамаи ислоҳотҳои дахлдор барои таҳияи нақшаи ниҳоии дидактикии мувофиқ қабул карда мешаванд. Пас аз ба итмом расидани лоиҳа, донишгоҳҳои ҷалбшуда имконият пайдо мекунанд, ки лабораторияҳои сохташударо барои истифодаи онҳо бо мақсади систематизатсияи лоиҳаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигоҳ доранд.
АИ ҶТ ҳамчун шарики ассостсиявӣ вобаста ба дарки эҳтиёҷоти маҳаллӣ барои пешбурди лоиҳа ба самти стандартҳои умумиҷаҳонии қабулгардида ширкат мекунанд. Ба замми ин, худи шарикон мувофиқати натиҷаҳои бадастомадаро ба эҳтиёҷоти воқеии кишварҳои шарик баррасӣ хоҳанд кард.
Натиҷаҳои асосии пешбинишудаи (интизории) лоиҳа, ин ҷорӣ намудани усули байнифаннӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои шарик барои ҳалли мушкилоти мураккаби дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷорӣ намудани консепсияҳои байналмилалии эътирофшудаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, фаҳмиши дурусти чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди малакаҳои касбии устодони маҳалӣ мебошад.

 Маълумоти бештар: https://www.eramca.com 

 

  Суроғаҳои электронӣ:

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.