Шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ (минбаъд ШИСваБС) ҳамчун зерқисми сохтори алоҳида дар ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунад, ки он 28 августи соли 2012 бо фармони № “048-ХУ” ташкил карда шудааст. Фаъолияти асосии ШИСваБС назорат бурдан ва баҳо додани сатҳи таълими донишҷӯён, идора, назорат ва ташкили сифати таълим дар донишкада мебошад.

ШИСваБС дар асоси Оинномаи донишкада, қарорҳои Шӯрои Олимони донишкада, фармонҳои директор ва низомномаи шуъба фаъолият мебарад. ШИСваБС аз тарафи сардори шуъба идора карда мешавад.

Ба ҳисоби штатии шуъба сардори шуъба, сармутахассис ва як нафар мутахассис дохил мешаванд, ки дар самти мукаммал намудани маълумотҳо дар системаи иттилоотии донишкада оиди сифати таълим фаъолият мебаранд.

Мақсади асосии шуъба коркард, бо ҳуҷҷатҳо асоснок кардан, ҷорӣ намудан ва нигоҳ доштани ҳолати амалии менеҷменти сифат дар донишкада, мунтазам беҳтар намудани самаранокии он мутобиқи талаботи ГОСТ ISO 9001-2011.

Дар донишкада аз рӯйи самтҳои зерин сифати таълим назорат карда мешавад:

Барои баҳо додан ба сифати дарси омӯзгор яке аз нишондиҳандаҳо натиҷаҳои пурсише мебошанд, ки ҳар сикл дар донишкада гузаронида мешавад.  Пурсишномаҳо ба ҳар як гурӯҳ, ҳар як донишҷӯ мувофиқи фанни азхудкардаи донишҷӯ, баъд аз ҷамъбаст ва супоридани имтиҳони маъмурии фан пешниҳод карда мешавад. Дар донишкада пурсиш дар асоси “Низомнома оид ба анкетиронӣ” гузаронида мешавад.

Пурсишномаҳо аз тарафи мутахассиси маркази тестӣ чоп ва сканер карда шуда, баъди коркард ба базаи системаи иттилоотии донишкада дохил карда мешаванд. Пурсиш аз тарафи кормандони ШИСБС бо риояи принсипҳои махфият гузаронида мешавад. Аз рӯйи натиҷаҳои пурсиш сифати дарси омӯзгор, масъалаҳои вобаста ба коррупсия таҳлил карда мешаванд.

Гузаронидани пурсиш аз рӯйи самтҳои зерин ба роҳ монда шудааст: 

Намуди пурсишнома Марҳилаи гузаронидани пурсиш
Пурсишномаи донишҷӯ нисбати устоди дарсдиҳанда Дар охири ҳар як сикли дарсӣ
Пурсишномаи хатмкунанда Як маротиба аз хатмкунандагон, дар охири сол
Пурсишномаи донишҷӯ оид ба маркази тестӣ Дар як соли хониш як маротиба, дар охири сол
Пурсишномаи донишҷӯ оид ба нозир Дар як соли хониш як маротиба, дар охири сол
Пурсишномаи донишҷӯ нисбати декан Дар як соли хониш як маротиба, дар охири сол
Пурсишномаи омӯзгорон нисбати кормандони раёсат Дар як соли хониш як маротиба, дар охири сол
Пурсишномаи куратор Дар охири семестр як маротиба

 

 Намуди варақаи анкета ва тарзи пуркунии он чунин мебошад:

 

Баҳогузорӣ аз рӯи 4-балл сурат мегирад:

4 – хуб;

3– наздик ба хуб;

2– наздик ба бад;

1– бад.

Чунин меъёрҳои баҳодиҳии ҷоиз муқаррар шуда буданд:

3,6 – 4,0 балл – чун сифати баланди таълим муайян карда мешавад;

2,9 – 3,5 балл– чун меъёри муқаррарӣ;

2,1 – 2,8 балл – чун меъёран ҷоиз;

то 2,0 балл – паст.

Натиҷаҳои пурсиш дар муайян кардани рейтинги омӯзгорон истифода бурда мешаванд.

Пурсишномаи донишҷӯ аз рӯйи системаи 4 – балла тартиб дода шуда, саволҳои пурсиш ба 3 блок тақсим карда шудаанд. Дар блоки якум саволҳои барои фаъолияти таълимии омӯзгор дахлдор оварда шуда, дар блоки 2 саволҳои махсус ва дар блоки 3 саволи хоҳиши такроран таълим додан ё надодани омӯзгор навишта шудааст.

Пурсишномаҳо саривақт мувофиқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида мешаванд.

Пас аз гузаронидани анкетиронӣ маълумотҳо коркард карда шуда, ба базаи системаи иттилоотии донишкада дохил карда мешавад.

ШИСваБС натиҷаи пурсишномаҳоро таҳлил карда, бо устодоне, ки баҳои нисбатан паст гирифтаанд, суҳбат мегузаронад.

Иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба мақсади асосӣ – тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

 

 

 Суроғаи шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ:

Бинои маъмурӣ- ҳуҷраи 304 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд