Дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки фаъолияти худро пеш бурда истодааст. 

Фонди китобхонаҳо дар натиҷаи якҷояшавии филиалҳои Донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ  ҷамъ шудаанд. Айни замон  фонди умумии китобҳои китобхонаи донишкада  аз 29713 номгуй китобҳо (146782 нусха) иборат аст. Аз ин миқдор 74% - ро  китобҳои таълимӣ ва 21% - ро китобҳои илмӣ – методӣ ташкил медиҳанд, ки ҳамаи фанҳои таълимиро фарогир мебошанд.

 

Фонди китобхона аз адабиётҳои таълимӣ, методӣ, бадеӣ ва илмӣ иборат буда, миқдори зиёдро ташкил медиҳанд. Дар фонди китобхонаи донишкада 107620 адад китобҳои таълимӣ, 14203 адад китобҳои методӣ, 7494 адад адабиётҳои бадеӣ ва 17465 адад адабиётҳои илмӣ мавҷуд ҳастанд. 

Аз ин миқдор:

31526  адад бо забони тоҷикӣ

91506 адад бо забони русӣ

19579 адад бо забони англисиро ташкил медиҳанд.