Коргузорӣ дар китобхонаи ДПДТТ ба тариқи автоматикунонӣ роҳандозӣ шудааст. Интерфейси содда ва осони истифодабари барои китобдор ва истифодабарандагони китобхона сохта шудааст, ки он имконияти сарфа намудани вақти китобдор ва таъмин намудани бехатарии китоб ва паст кардани сатҳи гумшавии китобро  таъмин мекунад. Web- интерфейс барои додугирифти китоб барои истифодабаранда бо воситаи компютер ва сабти он дар манбаи маълумоти тартиб дода шудааст. Барои ҳамаи китобҳо ва истифодабарандагони китобхона штрих-коди индивидуалӣ сохта шудааст, ки ин барои иҷрои ҳамаи корҳо сарчашма мебошад. Ҳар як китобдор ба интерфейси  худ  бо логин, пароли худ дохил мешавад.