Дар фасли зимистон ҳар сол масъалаи истифодаи нерӯи барқ дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсбарангез буда, аз сабаби нодуруст истифодаи таҷҳизотҳои барқӣ ва риоя нанамудани қоидаҳои истифодаи техникаи маишӣ аксаран ба сарбории хатҳои интиқоли барқ оварда мерасонад, ки танзимгарон маҷбур мешаванд то ки як қисми бори электрикии шабакаро хомӯш намоянд. Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ аз ҳамин сабаб аст.  Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 23.12.2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, чунин зикр намуданд: “таъкид менамоям, ки мардуми шарифи кишвар бояд маданияти истифодаи нерӯи барқ, яъне сарфакориро риоя кунанд ва тавассути истифодаи таҷҳизоти каммасраф ва паст кардани талафот самаранокии истифодаи онро таъмин намоянд.”

Мувофиқи таъкидоти сарвари давлатамон ба мо лозим меояд, ки истифодаи таҷҳизотҳои барқии каммасрафро дар хонаҳои истиқоматиамон ҷорӣ намоем. Ҷорӣ намудани дастгоҳҳои барқии гармидиҳандаи иқтидорашон то 2 кВт  ба мақсад мувофиқ буда ба иқтисоди хонаводагӣ камтар таъсири худро мерасонад. Агар мо дар як рӯз 24 соат таҷҳизоти гармидиҳандаи барқии иқтидораш 2 кВт-ро истифода намоем, ҳангоми арзиши 1 кВт·с нерӯи барқ 0,2651 сомон будан, дар як моҳ 381,74 сомонӣ маблағ бояд супорем. Агар мо бо истифода аз сохтҳои ҳимоя ва танзими ҳарорат (терморелеҳо), инчунин дар вақтҳои нолозима таҷҳизоти барқии гармидиҳандаро хомӯш намоем, онгоҳ дар як рӯз вақти истифодабарии максималӣ 10 соат мешавад, ки дар як моҳ 79,53 сомонӣ маблағ супориданамон лозим меояд. Аз ин маълум мегардад, ки қариб 5 маротиба имконияти сарфакорӣ дар як таҷҳизоти барқии гармидиҳанда ҷой дорад, ки то 4 оилаи дигар нерӯи барқи аз ҷиҳати самаранокӣ ба дастомадаро истифода намоянд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи параллели нерӯи барқ, яъне дар як вақт якбора васл шудани ҳамаи истеъмолкунандагони шабакаҳои тақсимотӣ ба шабакаҳои интиқол сербориро ба амал меорад, ки баъзан агар ягон минтақаҳо хомӯш шавад бояд мо нороҳат нашавем, бори хати интиқол сабук шавад аз нав васл карда мешавад. Дар субҳ ва бегоҳӣ аксаран истеъмолкунандагон ҳамаи таҷҳизотҳои барқиашонро ба шабака васл менамоянд, ки ин лаҳзаҳои вақт барои шабкаҳои тақсимотӣ ва интиқол серборӣ аст, мо шаҳрвандонро лозим меояд, ки дар ин лаҳзаҳо истифодаи таҷҳизотҳои заруриро бо навбат ба роҳ монем, яъне обҷӯшон баъд аз анҷоми ҷӯшониш аз шабака ҷудо карда шуда, таҷҳизоти дигари маишӣ васл карда шавад.

Дар баъзе шаҳрвандон таҷҳизотҳои гармидиҳандаи даврони шуравӣ ҳаст, ки аз ҷиҳати сарфакории нерӯи барқ номутобиқ буда, фарсуда шудаанд, ки талафот дар ингуна таҷҳизотҳо зиёд ба назар мерасад. Коэффитсиенти кори фоиданокашон бениҳоят паст шудааст. Пас моро лозим меояд, ки таҷҳизотҳои фарсудашударо ба шабака васл накунем, таҷҳизотҳои муосири каммасрафро дар шароити маишиамон ҷорӣ намоем. Ҳамаи ин чорабиниҳо ва таъкидоти Президенти мамлакатамон баҳри иқтисоди хонаводагӣ ва беҳтар кардани шароити мардум ба ҳисоб меравад.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд