Барои баланд бардоштани сатҳу сифати некӯаҳолии мардум давлату ҳукумати кишвар дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро андешида, онро дар амал татбиқ менамоянд. Маҳз дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз тоҷикон зиндагии босаодат ва сарбаландона доранд. Боиси сарбаландист, ки миллати тоҷик на танҳо ташаббускор дар миқёси кишвару ҳудуди Осиёи Миёна балки як давлату як сарвари ташаббускору боэътимод дар тамоми қишри замин шинохта гардидааст.

Пешвои миллат зимни баромади худ дар СММ оид ба мавзӯи Пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ ҷаҳониёнро таъкид кард, ки ҷиҳати муқобилият нишон дода ба фаъолияти ташкилотҳои ифротгаро бетараф набошанд. Дар ҳақиқат дар баромади худ сарвари давлат чанд нуқтаҳои амиқеро оид ба хатари арзи ҳасти кардани террористонро қайд карданд, ки зиёда аз 100 давлатҳо пешниҳодҳои

Пешвои миллатро оид ба раванди пешгирии ҳодисаҳои номатлуби характери ифротӣ дошта, пуштибонӣ намуда бори дигар ба сулҳпарвариву суботҷӯии миллати мо аҳсанд хонданд. Дар тамоми рӯи олам бо шарофати сарвари давлат моро чунин кишвари  сулҳоваранда дар ҷаҳон мешиносанд, эътироф мекунанд, ки мо башардӯсту ҳомии ваҳдат ҳастем ва хушиқболии худро дар хушиқболии тамоми сайёра мебинем.

Аз насли босаодат ва ҳушёри миллат даъват ба амал меоварем, ки барои рушду нумӯъи мустақилияти кишварамон якмаром ба пеш қадам занем, зеро камтарин фазои холӣ, камтарин ҷузъиёти камбудиҳои дар зиндагиамон ҷой дошта воситаи касб кардани ақидаҳои ифротии хоинон хоҳад гашт.

Бояд ҷавонони ифтихорманду сарбаланд, зараи хоки диёрамонро аз дасти душмани бадбину нотавон ҳифзу ҳимоя намоянд. Нагузоранд, ки ин ободкориҳову бунёдгароиҳо тӯъмаи дасти нохалафе гардад. Нагузоранд, ки мардуми сарбаланди тоҷик озурда гашта, умеди зиндагии озодро аз худ дур созад. Бо шукргузорӣ фақат дар фикри пешравию озодӣ бошем, ки ин неъмати хеле бебеҳост.

Шаҳноза Рустамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд