Дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон озмуни фаннӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 5 фанни таълимӣ – математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он доир гардид, ки дар он дастаи олимпиадачиёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок варзиданд. Дар озмуни мазкур аз ин даста донишҷӯи курси 2 ихтисоси 40.01.01ра Абдураупов Манучеҳр Давронович аз равияи Технологияҳои иттилоотӣ соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва донишҷӯи курси 2 ихтисоси 40.01.01та Файзиев Амонҷон Маъруфҷонович аз равияи Физика соҳиби дипломи дараҷаи 2 гардиданд.

Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон шаффофона ва одилона ҳакамӣ карда шуда, донишҷӯёни мо бо тамоми қувваю тавоноӣ баҳри баланд намудани нуфузи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар арсаи ҷумҳурӣ кӯшиш намуданд.

Таркиби дастаи донишкадаи мо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъолтарини донишкада интихоб гардида, тамоми фанҳоро дар семестрҳои гузашта бо баҳои аъло ҷамъбаст намудаанд, инҷунин борҳо ғолибони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гардидаанд. Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо тарбия ва тадрис намудани ингуна донишҷӯёни соҳибмаърифат, ватандусту меҳнатпарвар давраҳои тиллоии ҳаёти худро ба сар мебарад.