Ифротгароӣ чун падидаи номатлуби ҷомеа барои ҷамъият, хосса ба ҷавонон хатари калон эҷод мекунад. Масалан истифодаи бемақсади шабакаи иҷтимоӣ, таасуб ба дигарон, лайк гузоштан ба наворҳои видиоӣ, ки характери экстремистӣ дошта, қабули даъват ба “ҷиҳод”, ки аксаран шуури ҷавононро вайрон мекунад, аз мушкилиҳои умдаи ҷомеаи кунунӣ мебошад.  

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дассисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Бисёр аламовар аст, вақте мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, ҳоҳиш дорем ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бармаҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омӯзанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кори хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш- Тоҷикистон аст, гузорем.

 

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд