Ваҳдат рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ буда, пирўзии сулҳ ва ақлу заковати солимии миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад. Бе ваҳдати миллӣ пайванди ногусастании дирўзу имрўзу фардо, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдоди номдор, ҳифзи мероси гаронқадри таърихию фарҳангӣ маъное надорад.

Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки мо мардуми тоҷик хушбахту комёб гардидем ва тавонистем миллати тоҷикро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Аз ин рў, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузориву эҳтиром ба ваҳдати миллиро шарафу номуси ватандорӣ номидаанд. Зеро мафҳуми ваҳдат ифтихор, осоишу оромӣ, армонҳои накўкорию сарбаландии ҳар як шаҳрванд мебошад.

Мо бояд  дарк кунем, ки маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мо сарчашмаи бахту иқбол ва пешрафту ташаккули давлатдориамон мегардад. Барои пос доштани Ваҳдати миллӣ  мо бояд нооромиҳои замони  ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро  аз хотирамон дур насозем. Ваҳдат неъмати  бисёр азиз ва ширину  ба ҷон баробар аст. Ваҳдати миллӣ нишонаи ҳуввият ва озодӣ, номус, рамзи саодат ва асоси бақои миллати соҳидистиқлоли тоҷик аст. Ба қадри ваҳдати миллӣ касе расида метавонад, ки аз муборизаю ҷоннисориҳои халқ ва аз озодию истиклоли миллӣ бохабар бошад. Имрўз гуфта метавонем, ки бунёди ҷаҳон ва ободии он ба сулҳу ваҳдати миллӣ вобастагии калон дорад. Ваҳдати миллиро арҷ гузоштану ҳифз намудан, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору бонанги кишвар аст. 

 

 Исмоилова С.К.

 ассистенти кафедраи МО ва Ф

 ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.