Набзи муосири ҷаҳон хеле тезу ҳассос асту ҷавонон дар ин масир нақши калидӣ мебозанд. Пешравии ҷомеа аз маърифату фарҳанги ҷавонон вобастагӣ дорад, аз ин рӯ ҷавонони имрӯза бояд ба қадри неъмати истиқлолият ва давлатдории миллӣ расанд, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ бирасанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост.

Беҳуда нагуфтанд, ки чӣ ки корӣ, онро медаравӣ. Аз он тарзе, ки мо ҷавононро ба кадом роҳ тарбия менамоем, равона мекунем, ҳамон тарз натиҷаашро мегирем. Аз ҷиҳати физиологӣ давраи ҷавонӣ давраи пурэътибор аст, зеро ки онҳо оҳиста ба мустақилият, барои қабули қарорҳои мустақил шурӯъ мекунанд, аз ин лиҳоз месазад, ки ба онҳо ёрии иродавӣ, насиҳат ва пешниҳоди муҳити солим муҳим мебошад.

Миллати тоҷик ҳамеша бо арзишҳои хоссаи худ дар ҷомеа, тарбияи фарзанд, ва муносибати одамӣ аҳамияти махсус медиҳад. Инро мо дар асар, назми шоирону нависандагон ва таҳлили коршиносон муайян карда метавонем. Аммо афсӯс ки баробарӣ ҷаҳонишавии ҷомеа баъзе арзишҳо аз даст рафта истодаанд.

Пешвои муаззами миллат ҳамаҷониба барои дастгирии ҷавонон ғамхорӣ намуда, дар паёмҳои худ ин нуктаро қайд менамоянд. Баргузор гардидани озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷашнгирии бошукӯҳи рӯзи ҷавонон, дави миллӣ, шоми ҷавонӣ, ҳафтаҳои худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи шаҳру вилоят, тақдими стипендияҳо ба ҷавонони болаёқат аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

“Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.” Ин гуфтаҳои президенти кишвар моро водор месозад, ки баҳри амалишавии он кӯшишҳои зиёд намоем.

Давлату ҳукумат барои пешрафти фикру афкори ҷавонон ҳамарӯза андеша намуда, чорабиниҳои зарурӣ таъсис ва баргузор намуда истодаанд. Баргузор намудани дави миллӣ бахшида ба рӯзи ҷавонон аз қабили инҳост, ки баҳри тарбияи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Ё ки шоми ҷавонӣ баҳри тарбияи сатҳи зебоипарастӣ, эҳтироми фарҳангу аришҳои миллӣ равона карда шудааст.

Дар ДПДТТ ба номи ак. М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд низ, бисёр чорабиниҳо баҳри талқини ҷавонон ба роҳи дуруст ва пешравии ҷавонон дар ҷомеа ташкил карда мешавад. Аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла шоҳмоту тенниси рӯи миз ва ғайра, маҳфили хушдилон, андалеб, мусобиқаҳои гуногун дар хобгоҳи донишкада баҳри пешрафти афкор, кору пайкори ҷавонон мусоидат мекунад. Инчунин барномаҳои кории куратор ва дарсҳои тарбиявӣ вобаста ба курси донишҷӯён мавзуъҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мунтазам баргузор карда мешавад. Инчунин аз тарафи омӯзгорон маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва эҷодӣ баъди машғулиятҳои асосии дарсӣ гузаронида мешавад, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ифротӣ мусоидат карда мешавад.

Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад.

Фарангис Маҳмудова, омӯзгори КТССН