Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз Рӯзи модар таҷлил карда шуд.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Рўзи Модар, бо фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст ва ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврўз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшанд. Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Ниҳоди поки модарон шабеҳи насими рўҳбахши баҳорист. Баҳор ва зан бо ҳам тавъам буда, беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мўъҷиза ва арзандатарин сарватанд, ки ҳамагонро ҳаёту мамот бахшидаанд. Аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Такя бар вуҷуди инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ занону духтарони соҳибдил, соҳибфарҳанг, қавиирода, сухандону кордон ва маъруфу муътабар бешуморанд ва дар пешрафти раванди таълиму тарбия саҳми бориз доранд. Мо бо ҳар якеи онҳо фахр мекунем ва онҳо қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Аз ин рў, мо ҳамеша ин идро барояшон бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.


Сипас, барномаи адабӣ-фарҳангии манзургардида табъи ҳозиринро болида намуд.