ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
- Дида шуд: 199 маротиба
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи 8-14 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
- Дида шуд: 312 маротиба
Ба истиқболи рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи илм ва маърифат мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол” доир карда шуд.
Нахуст мутахассиси шуъбаи методӣ ва таъмини сифати донишкада, омӯзгори калони кафедраи сохтмон Умар Бобоев чорабинро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳои фаромӯшношуданӣ ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони хушбахтӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 – июн - Рӯзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошанд. Бисту шаш сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд. Сулҳу ҳамбастагие, ки бо талош ва корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пойдор гашт ба истиқлоли давлатӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Дар баромади доктори илмҳои таърих профессор Ваҳҳоб Набиев зарурати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, марҳилаҳои баргузории он муфассал зикр шуданд.
Устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забонҳои давлатии ДПДТТ, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темурова аз дастовардҳои навини даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо, ки ба шарофати пойдории сулҳу субот ба даст омад, маърӯзаи илмӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар котиби Шӯрои Ҳакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ба якчанд нафар устодони донишкада дар вазъияти тантанавӣ сипосномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро супорид.
Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.
- Дида шуд: 347 маротиба
Устодони гиромӣ,
Шогирдони азиз!
Барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ноябр чун моҳи муборак ва саодату шодмонӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ёд карда мешавад. Зеро 31 сол муқаддам маҳз дар ҳамин моҳ миллати тоҷик пас аз нобасомониҳо ба рӯзи саодат расид. Дар қасри таърихии Арбоб пас аз интихоби роҳбари ояндаи кишвар, шахсияти мондагори таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафҳои муқобил ба ҳам омаданд, роҳи ояндаи кишвар дурахшону зиндагӣ ба маҷрои орому осудагӣ баргашт.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон ҳамчунин парчами давлатӣ қабул гардид, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Иҷозат фармоед, қабл аз ҳама Шуморо аз номи раёсат бо ҷашни зебои умумимиллӣ - Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод намоям.
Ин ҷашни муборак ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифта, соли равон бори 14 - ум дар сатҳи баланд бошукӯҳ ва шаҳомати калон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили шукӯҳманди Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот мебошад.
Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд карда буданд:
«Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.»
Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.
Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!
- Дида шуд: 358 маротиба
- Дида шуд: 330 маротиба
Бо иштироки ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исвализода дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маросими муаррифии директори нави донишкада баргузор гардид
Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода меҳмонон ва ҷомеаи меҳнатии Донишкадаро бо ҷашни Рӯзи Президент ва 31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Профессор Давлатзода Қудрат Қамбар зимни баромади хеш аз фаъолияти бобарори директори Донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар фосилаи 8 сол сухан намуда, зикр дошт, ки Донишкада баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф нақши муассир дошта, дар миқёси кишвар яке аз пешрафтатарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин боргоҳи илму маърифат дар фосилаи 13 соли фаъолият махсусан дар омоданамоии кадрҳои соҳибтахасссуси соҳаҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ, иқтисодиёт ва молия саҳми муносиб гузоштааст. Танҳо дар давоми 6 соли охир теъдоди озмоишгоҳҳо аз 25 адад ба 48 адад расонида шуд.
Сипас Давлатзода Қудрат Қамбар фармоиши роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба аз вазифаи директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд озод намудани Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бинобар ба кори дигар гузаштан ва ба ҷои ӯ таъин намудани Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдуллоро қироат кард.
Шарҳи ҳоли директори навтаъиншуда ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло зимни суханронӣ барои эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ дар такя бо ҷомеаи аҳлу тифоқи донишкада барои пешрафти сатҳи таълиму тарбия аз тамоми нерӯву имкониятҳо истифода хоҳад кард.
Саидӣ Дилафрӯз Раббизода низ барои дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва аҳли коллективи донишкада миннатдорӣ баён намуда, ба ҳайати нави роҳбарияти донишкада барору комёбиҳо таманно намуд.
Шарҳи ҳоли Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло
Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло 14 марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ихтисоси муҳандис-электрик мебошад. Фаъолияти меҳнатии хешро чун ассистенти кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оғоз намуда, солҳои 2011-2013 – муовини декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар дӯш дошт. Солҳои 2013-2016 –аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия буд. Шурӯъ аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар зима дошт. Солҳои 2019-2021 – муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буд. Аз соли 2021 то ҳол вазифаи муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалиро бар зима дошт.
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент, барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
- Дида шуд: 636 маротиба
- Дида шуд: 1870 маротиба
- Дида шуд: 345 маротиба
Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро тасдиқ намудаанд.
Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.
- Дида шуд: 2523 маротиба
Ба ифтихори 32- юмин солгарди рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳар сол санаи 9 сентябр халқи азизи кишвар бо ифтихору сарбаландӣ ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунанд. Ин ҷашн дар баробари ваҳдати миллӣ барои халқи мо азизу муқаддас аст. Чунки ба шарофати истиқлолият Тоҷикистонро аҳолии сайёра бо расмият шинохт. Забон, фарҳанг, урфу одати моро ҳамчун мероси бойи таърихӣ эътироф намуданд. Имрӯз бо гузашти 32 сол аз соҳибистиқлолии мамлакат аҳолии мамлакат бо муҳаббату самимияти беандоза Роҳбари давлатро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд. Зеро бо заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯ ба ободонӣ мениҳад. Марҳила ба марҳила татбиқ шудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, бунёди садҳо иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани обрӯ ва мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ин замина мизбони чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардидани мамлакати мо самараи меҳнати ҳалоли аҳолӣ бо роҳбарии Сарвари давлат аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ бо устодони фаъол, ғолибони олимпиадаву дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷоизадорони даври шаҳриву вилоятии озмунҳои “”Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада тақдим карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони донишкада бо шеъру тарона ва рақсҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.
- Дида шуд: 420 маротиба
- Дида шуд: 328 маротиба