Санаи 11 октябр донишҷӯёни курси 1-уми факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ Иди донишҷӯёнро дар толори   Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷашн гирифтанд.

Иштирокчиёни Иди донишҷӯён,  ки ҳамагон  донишҷӯёни курси якум мебошанд, бо истеъдоди беҳамто ва  маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуданд.

Сароғоз муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т донишҷӯёнро бо мушарраф гардидан ба номи баланди донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ табрик намуданд. Зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки  донишҷӯён бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, номбардори аллома Муҳаммад Осимӣ гарданд.  

Баъдан сухани табрикотӣ ба декани факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ Ваҳҳобов А.  дода шуд. Декани факултет низ барои донишҷӯён барои таҳсил барору комёбӣ таманно намуда,  зикр намуданд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ҳар лаҳзаи донишҷӯиро бобарор истифода намоянд.

Донишҷӯёни курси 1-ум  қасами донишҷӯӣ ёд намуда, ваъда доданд, ки дар донишкада бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ояндасози миллат мегарданд. 

Аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи модар ва Тоҷикистон ифоданок қироат карда шуд. Ҳунарнамоии дастаи маҳфили ҳозирҷавобони факултет, ки ҳама  донишҷӯёни курси якум ҳастанд, табъи ҳамагонро боз ҳам болидаву шод намуд. Рақсҳои мавзун ва бозиҳои шавқовар чорабиниро рангинтар намуд.

  Чорабинии идона  бо рақсу суруди донишҷӯён ҳусни анҷом ёфт. Ин рӯзи бошукӯҳ   дар хотири донишҷӯён абадан нақши хешро  гузошт.