Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Маҳбуби халқ” доир гардид.

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҷомеаи устодону шогирдони донишкадаро бо  ин рӯзи муборак табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар таърихи тамаддуни башарӣ чеҳраҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки тараққиёту такомулот ва пешравиҳои ин ё он кишвару миллат ба номи онҳо вобастагӣ дорад. Барои миллати қадимаву тамаддунофари мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ ба бархӯрдҳои шадиди маҳалгароиву нофаҳмиҳо сар ба сар шуд, чун ҳадяи тақдир ба сари қудрат омадани инсони равшанзамир, соҳибиродаву оқил – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам бахту ҳам саодати бемисл аст. Ҳанӯзам иштирокчиёни Иҷлосия ва тамоми мардуми мамлакат, ки он рӯзҳо чашму гӯш ба симову садо дода буданд ва аз тақдири минбаъдаи Тоҷикистон андеша доштанд, суханронии аввалини Раиси Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меоранд. Чӣ қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шуълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуда буд.

Дар суханронӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки боиси фараҳмандист, ки тайи се сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни умумиҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмуни мазкур баҳри боло бурдани тафаккур, вусъати эҷодкорӣ, қобилияти луғатдонӣ, маҳорати суханварию суханшиносӣ ва ба ин васила тарбияи насри Ватандӯсту меҳанпараст ва посдорандаи арзишҳои маданиву фарҳангии умумимиллӣ роҳандозӣ шуда, аз дурандешиву оядабинӣ, хиради воло ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

         Иқдоми фараҳовари дигар ин аст, ки дар заминаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар самти илмҳои дақиқ низ омуни ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шуд. Боиси зикр аст, ки ин озмун баҳри татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” равона шуда, барои дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор, донандаи хуби илму техника, тарбияи мутахассисони табиатшиносу ҳисобдон равона гардидааст.

         Мо, ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз он ифтихор мекунем, ки таъсиси донишкада ба замони соҳибистиқлолӣ рост омада, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба як муассисаи пешрафта табдил ёфтааст. Барандагони Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардидани устодони  донишкада Хуршед Худойбердиев ва Ҷўрабой Бобоҷонов, ғолиби озмуни “Мутахассиси ҷавони сол” гардидани Иброҳимов Мӯъминҷон, ширкати фаъолона ва ғолибият дар олимпиада байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, пирӯзӣ дар озмуни вилоятии “Илм фурӯғи маърифат” бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

         Дар идомаи чорабинӣ филми мустанади “Маҳбуби халқ” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

         Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни донишкада дар васфи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон  ва Модар шеъру таронаҳо қироат ва сароиданд.

         Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.