Дар донишкада иқдоми хеле хуб то имрӯз идома ёфта истодааст. Ин ҳам бошад баргузории маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобони байнифакултетӣ мебошад.

Санаи 8 январи соли 2019 маҳфили зарифон барои дарёфти “Ҷоми зимистона” байни 4 факултетҳои донишкада баргузор гардид. Иштирокчиёни ин маҳфил намояндагони 4 факултет – «Буду молодым» аз ФИЭ, «Нас не догонят» аз ФМИ, «Остров свободы» аз ФСН ва «Новые люди» аз ФМТ мебошанд, ки бо истеъдоди баланди шухтабиатӣ ва маҳорати актёрӣ баромад намуданд. Сараввал директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои соли 2018 ёдовар гардида, ба дастаҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Озмун аз се шарти асосӣ иборат буд, ки саломнома, саволу ҷавоб бо дастаи ҳакамон ва мусобиқаи байни сардорони даста мебошад. Бояд қайд намуд, ки ба шартҳои озмун ҳунарварони варзидаи маҳфили зарифон – Комилов Д., Б.Баҳриддин, Рӯзиев Ш., Шамсиев А., Баҳриддинов Ҳ., Рустамов Ҳ.,  ки резидентони “Территория юмора” ҳастанд, баҳогузорӣ намуданд.

Дар шарти аввал саломнома дастаҳои «Буду молодым» аз ФИЭ, «Нас не догонят» аз ФМИ дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби холҳои баланди 5 ва 4,8 гардиданд. Дар шарти дуюм бошад, дастаҳои «Буду молодым», «Нас не догонят» ва «Новые люди» хеле хуб ба саволҳои ҳакамон посух доданд.

Дар озмуни сардорони даста бошад, Азимов Равшан бо монолог (стэндап) –и худ аз дастаи «Нас не догонят» холҳои баландтаринро соҳибӣ намуд.

Дар анҷоми маҳфили хушдилон ба дастаи «Остров свободы» мақоми “Лучшая шутка”, ба Азимов Равшан “Лучший игрок” супорида шуда, бо диплом сарфароз гардониданд.

Ҳамин тавр бо бадастории холи 11,7 дастаи «Остров свободы» соҳиби ҷойи 4-ум, бо холи 11,8 «Новые люди» сазовори ҷойи 3-ум ва «Буду молодым» ҷойи 2-юмро касб намуданд.

Бо баландтарин хол 15,8 дастаи «Нас не догонят» аз факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ сазовори ҷойи аввал ва соҳиби “Ҷоми зимистона”-и донишкада гардид. Ба ғолибон диплом ва мукофотпулӣ аз ҷониби директори донишкада тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола чунин маҳфилҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, барои дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

Ҳамаи иштирокчиён ва ғолибонро аз номи ҷомеаи донишкада табрик намуда, муваффақиятҳои навро орзумандем.