Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд субҳи имрӯз дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят доир гардид.
- Дида шуд: 1900 маротиба
Дар мулоқоти анъанавии сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо хатмкунандагони шаҳри Истиқлол наздики 500 нафар мактабиёни шаҳр- хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 гирд омададанд.
Муовини аввали раиси шаҳр Аминҷон Шарифзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, аз рӯи маълумоти Маркази миллии тестӣ фоизнокии шумораи дохилшавандагон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз шаҳри Истиқлол соли равон мувофиқи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷойи чорум аст. Ин нишонаи он аст, ки дараҷаи дониш ва малакаи мактабиёни шаҳр дар қиёс ба солҳои пешин рӯ ба боло ниҳодааст.
- Дида шуд: 1698 маротиба
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон расм шудааст, ки чорабинии Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарад. Баргузории чорабинии навбатӣ ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон рост омад.
Дар расми ифтитоҳи маҳфил директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд кард, ки баргузории чунин чорабинӣ барои таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти донишҷӯён таккони ҷиддие хоҳад бахшид.
донишҷӯёни ҳунарманд пешкаши ҳозирин намуданд.
- Дида шуд: 1987 маротиба
Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдодҳо ва рушди навовариву баланд бардоштани фарҳанги техникии ҷавонон ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Маркази илмии Хуҷандии АИ ҶТ озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» доир гардид.
- Дида шуд: 1740 маротиба
Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тантанаи хатми магистратурон доир гардид.
- Дида шуд: 1696 маротиба
Дар толори қасри фарҳанги хоҷагии ба номи Абдуғафур Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки беш аз 500 нафар хатмкунандагони ин ноҳия мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд баргузор гардид.
Эгамзода Зулола Анварӣ, муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳандозӣ шуда, ин тадбир имкон медиҳад, то хатмкунандагон аз шароити таълимиву тадриси муассисаҳои олии вилоят аз наздик шинос шаванд. Соли гузашта аз шумори умумии довталабони ҳуҷҷатсупаоридаи ноҳия 88 дар сад ба муассисаҳои олӣ вам миёнаи махсуси ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудаанд, ки самараи чунин мулоқоти озоду шаффоф мебошад.
- Дида шуд: 1690 маротиба
Бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид.
- Дида шуд: 1638 маротиба
Дар қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен мулоқоти анъанавии роҳбарони муасиссаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони ноҳия баргузор гардид.
Муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов зимни баромади хеш таъкид дошт, ки сол то сол сафи донишҷӯён аз ноҳияи Спитамен дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсилмекарда зиёд мегардад. Агар соли таҳсили 2015-2016 ба мактабҳои олии вилоят 376 нафар хатмкунандагони ноҳия дохил шуда бошанд, пас имсол ин рақам ба 776 нафар мерасад.
- Дида шуд: 1773 маротиба