Ба назар чунин мерасад, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, хосса аҳли илму зиё дар посухи сареъ ва воқеъбинона ба гуфтаҳои Муҳамадиқболи Садриддин бетарафӣ зоҳир мекунанд. Чаро. Охир ин нафари худобехабаар, лаънаткардаи халқ имрӯз бо салобату бокароҳат рӯз то рӯз худро шоҳу табъашро вазир гирифта дар ҳаққи миллату  Ҳукумат суханҳои бепоя ирсол медорад. Чандин барномаҳои рӯи кор гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати мактабу маориф нодида мегирад. Ҳатто ҷавоне, ки дар кори худ муваффақ асту имрӯз аз дастовардҳои соҳа сухан мегӯяд, гӯш кардан ҳам намехоҳад. Пас моро мебояд, ки ба ӯ бо мисолҳои аниқу дақиқ посух гӯем. Мо миллати пурбардоштем, аммо ба чунин номардон барои сар бардоштан имкон намедиҳем.  

 

 

Мо ба ҳарфу ҳиҷои ноҷои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо роҳнамоии “Падараш” Муҳиддин Кабирӣ пайваста лоф мезанад, нафрат дорем. Ин нафари лаъин ба ҷои он, ки обрӯи миллатро берун аз Тоҷикистон боло бардорад, аз таги нохун чирк меобад. Изои муъмин ҳарои мегӯянд.Вале як мӯйсафеди бечора, ки синаш ба 70 даромадаст, ба хотири насиҳати ин баддаҳон сухан гуфту ба бало монд. Ҳатто ёрои гап задан надод. Агар ту воқеан ҳам бузугу бузургманиш мебудӣ, то ба охир сухани муйсафедро гӯш мекардӣ. Аққалан аз ҳарфҳои ӯ чизеро ба худ мегирифтӣ. Ба фикри ту ҳар он касе, ки имрӯз давлатро пуштибонӣ мекунанд, Президентро эҳтиром дорад, чоплусу дурӯя аст. Охир Президент чӣ кори барои миллат кард. Сулҳ овард, ба ободи кӯшид, ҷони ҷавонашро қурбони саодати миллат кард, магар ӯ гунаҳкор аст. Не гунаҳгор шумоне ҳастед, ки кинаву кудуратро аз дил намебардоред.

 

Номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун асосгузори якчанд ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Дар соҳаи об метавон ташаббусҳои зеринро номбар кард, ки дар чанд соли охир рӯйи кор омаданд: "Соли байналмиллалии оби тоза 2003”,”Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”,” даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”,” Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”.

3 марти соли 2021 бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар видеоконференсия мулоқоти якумро бо иштироки Дабири тамоми Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ва боз президентҳои якчанд давлатҳои дигар, гузарониданд.  Дар ин конфронс, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пирях эълон гардида, санаи он маълум карда шавад. Бо ҳамин 14 декабри соли 2022 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда аз соли 2025 санаи 21 март ҳамасола ҳамчун рузи байналмилалии ҳифзи пирях таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат аз тарафи 153 кишвари узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Баъзе маълумотҳои ҷолиб оид ба пиряххҳо

Мақолаи мазкур характери оммавӣ, ахборотӣ, реферативӣ дошта бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ, дар партави ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар масъалаҳои марбут ба об ва пиряхҳо таҳия гардидааст.

Пирях омехтаи бузурги барфи табиии заминӣ ва яхҳое мебошад, ки аз  атмосфера сарчашма мегиранд ва дар зери таъсири қувваи вазнинӣ доимо тамоили ба поён ҳаракат карданро доранд. Пиряхҳо шакл ва андозаи гуногунро доро мебошанд. Аксар вақт пиряхҳо шакли гунбазро мегиранд. Онҳо бо сабаби дар муддатҳои тӯлонӣ ҷамъшавии боришот (барф) ташаккул меебанд.

Сараввал бояд қайд кард, ки илми махсусе арзи ҳастӣ дорад, ки бевосита бо омӯхтани пиряхҳо мащғул ҳаст. Ин илм глятсиология ном дошта, бо забони тоҷикӣ онро метавон илми пиряхшиносӣ номид. Умуман, илми глятсиология нисбат ба илми пиряхшиносӣ доираи васеътари омӯзиш дошта, онро ҳамчун илм дар бораи ҳамаи яхҳои табиӣ, дар ҳама навъҳояш, чи дар сатҳи Замин, чи дар атмосфера, ва чи гидросфераю литосфера мураррифӣ кардан мумкин аст.

         Пиряхро бо роҳҳои гуногун тасниф карда, номгузорӣ кардан мумкин аст, вале одатан ва маъмулан се навъи онҳоро ҷудо мекунанд:

Пиряхҳои кӯҳӣ пиряхҳое мебошанд, ки дар баландиҳои системаи кӯҳӣ,  бо сабаби паст будани ҳарорат ташаккул меёбанд. Одатан чунин пирях дар қуллаҳои кӯҳҳо ҷойгир аст. Сатҳи болоии пирях оҳиста об мешавад ва обҳои пайдошуда бо суръати хеле суст аз пирях ба доманакӯҳҳо ва аз онҳо ба поен ҳаракат карда, бо ин роҳ маҷроҳоро ташкил медиҳанд.

Пиряхҳои наздибаҳрӣ  асосан пиряхҳое мебошанд, ки  дар Гренландия ва Антарктида ҷойгир ҳастанд. Одатан, ин пиряхҳо  дар соҳил ҷойгир мешаванд ва  аз соҳилҳо ба сӯйи баҳру уқёнусҳо ҳаракат мекунанд. Вақте ки пирях аз соҳилҳо  то андозаи муайяне ба дохили уқёнусҳо  ворид мегардад, одатан пирях мешиканад, ва дар натиҷа айсбергҳо пайдо мешаванд.

Айсберг аз калимаи олмонӣ гирифта шуда, тарҷумаи таҳтуллафзиаш яхкӯҳ ё кӯҳи ях мебошад. Айсберг ин як пораи калони ях буда, озодона дар уқенус е баҳр шино мекунад. Одатан, айсбергҳо аз пиряхҳои наздибаҳрӣ  ҷудо мешаванд. Азбаски зичии ях 920 кг/м3 ва зичии оби баҳр тақрибан 1025 кг/м3 аст, тақрибан 90% ҳаҷми айсберҳо зери об монда, танҳо 10% ҳаҷми айсберг аз болои об мемонад.

Пиряхҳои пӯшанда, пиряхҳои кулоҳмонанд буда, одатан дар минтақаҳои наздиқутбӣ ташаккул меебанд. Чунин пиряхҳо дар Антарктида ва Артика майдони хеле калонро ишғол мекунанд. Ҳаракати пиряхи пӯшанда бо сабаби вазни хеле зиёд доштани он ба амал меояд. Онҳо аз қисми марказии гунбаз ё кулоҳ ба минтақаи соҳилӣ ба поён рафта, ба обҳои уқёнусҳо равона мегарданд

Нақши пиряхҳо дар табиат хеле калон ва муҳим аст. Пиряхҳо ба иқлими Замин тавассути паст кардани ҳарорати ҳаво ва афзоиши боришот таъсир мерасонанд. Онҳо инчунин релефҳои аслиро ҳамвор мекунанд, рельефи сатҳро аз нав ташкил мекунанд, теппаҳои баҳриро ташкил дода, обанборҳоро ба вуҷуд меоранд. Обшавии пиряхҳо ба иқлими сайера таъсири назаррас мерасонад. Обшавии барзиёди пиряхҳо метавонад, боиси баланд шудани ҳарорати миёнаи солонаи замин гардад. Пиряхҳо ба уқенуси ҷаҳонӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми обшавии пиряхҳо сатҳи уқенуси ҷаҳонӣ меафзояд ва хосиятҳои оби уқёнус низ метавонанд тағйир ёбанд. Инчунин пиряхҳо манбаи оби тоза мебошанд. Онҳо захираи асосии оби тозаи сайераро ташкил медиҳанд. Ин на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвонот низ хеле муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои навро ба вуҷуд меоранд, ки бе онҳо кишоварзӣ кардан ғайриимкон аст.

Прияхҳоро аз чихати андоза ва шакл тасниф кардан мумкин аст. Қариб 75%-и масоҳати Гренландияро ва қариб 100%-и Антарктидаро пиряхҳо ишғол мекунанд. Майдони яххо ба хазорхо километри мураббаъ мерасад. Пиряхҳо тақрибан 10% тамоми сатҳи Заминро ишғол мекунанд.

Бузургтарин пирях дар Амрикои Шимолӣ дар Аляска кашф шудааст. Ин шохаи гарбии пиряхи Хаббард мебошад. Дарозии он кариб 116 километр аст.

Бузургтарин ғафсӣ, ки дар  пиряхҳо ба мушоҳида расидааст, 4330 метрро ташкил медиҳад. Он дар Антарктида, дар наздикии истгоҳи Ричард Берд ёфт шудааст. Ғафсии ях дар Гренландия 3200 метр аст.

Суръати харакати пиряххо хурд буда, дар як шабонаруз кариб 32 метрро ташкил медихад. Суръати баландтарини пиряххо дар Аляска ба мушоҳида расидаст. Пиряхи Таку дар давоми 52 сол бо суръати 106 метр дар як сол харакат кардаст.

Пиряхи Батур, дар  Покистон ҷойгир аст. Дарозии пирях 56 километрро ташкил медиҳад. Ба пирях рафта расидан осон нест. Роҳ ба он вобаста ба шароити обу ҳаво ва сатҳи омодагии физиологии  шахс тақрибан панҷ рӯзро ташкил медиҳад.

Пиряхи Йостедал, дар Норвегия ҷойгир аст. Дарозии пирях 60 километрро ташкил медиҳад. Он барои кӯҳнавардӣ дастрас аст.

Пиряхи Ҷанубии Инилчек, дар шимолу шарқи Чин, дар кӯҳҳои Марказии Тянь-Шан ҷойгир аст. Дарозии пирях 61 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Балторо, дар Покистон ҷойгир аст. Дарозии ин пирях 62 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Биафо, дар Покистон, дар қаторкӯҳҳои Каракорум ҷойгир буда, дарозии он 63 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Брюгген, дар Чили воқеъ буда, дарозии он 66 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Сиачен, дар байни Покистон ва Ҳиндустон ҷойгир аст. Дарозии ин пирях 75 километрро ташкил медиҳад.

Пиряхи Федченко, дар Тоҷикистон мавқеъ дошта, дарозии он 77 километр аст. Ин калонтарин пиряхи ғайриқутбӣ мебошад. Пирях ба номи муҳаққиқи рус Федченко А.П., ки ин пиряхро соли 1928 кашф кардааст, номгузорӣ шудааст.

Пиряхи Хаббард. Пирях дар кисми обй вокеъ буда, ба тарафи халичи Аляска харакат мекунад. Дарозии ин пирях 122 километр аст.

Пиряхи Ламберт-Фишер, воқеъ дар Антарктида буда, дарозии пирях 400 километр аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, пиряхҳои калонтарин инҳоянд: Чи хеле, ки қайд карда шуд: Федченко [651,7 км², дарозиаш 77 км],  ГруммГржимайло [160 км², дарозиаш 36,7 км], Бивачний [197 км², дарозиаш 27, 8 км], Гармо [153 км², дарозиаш 27,5 км], Савуқдараи Калон [69 км², дарозиаш 25,2 км], Ҷамъияти Географӣ [81,8 км², дарозиаш 21,5км], Гандо [55 км², дарозиаш 22,5 км], Зарафшон [41 км², дарозиаш 27 км]

Тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри муккааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.

Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст.

 Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳайси “довари ҳақгӯ” дар барномаи навбатӣ сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ, хосса ҷавононро ба он айбдор кард, ки дар шабакаи иҷтимоӣ фаъол нестанд. Фикри онҳоро, яъне созмони “Паймони милли”- ро дастгирӣ намекунанд. Охир ҷаноби “ҳарзагӯ” Шумоёнро чӣ гуна дастгирӣ кунанд, вақте мардумро ба кӯчаи сарбаста, ваъдаҳои болохонадор даъват мекунед, амммо амалан кореро анҷфом намедиҳед. Аз минбари баланд сухан кардан, айберо ҷустан, “тавонои худро нишон додан” камоли мардӣ нест. Агар тавонӣ биё ба Тоҷикистон исбот кун, ки ту бегунаҳӣ. Он гоҳ ҷавонони  Чоркӯҳӣ ва Ворухӣ туро ҳимоя мекунанд.Вақте  дар сарҳад ҷанг шуд, ту куҷо будӣ. Агар воқеан ҳам дилат ба миллат месӯхт меомадӣ. Худношинос!

 

Зиёда аз 32 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат рушд карда ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт ва ба ҳайси кишвари намоен дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кард.

Барои ҷавонон ҳар як ҷузъи фаъолияти ин шахсияти таърихӣ нишони таҷриба мебошад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба ҷавонон вобаста аст. Аз ин лоҳоз мебояд  аз  мактаби роҳбарии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бархўрдор бошем.

Имрўз миллатҳо ва халқиятҳое вуҷуд доранд, ки давлати мустақил надоранд ва дар орзуи доштани давлати соҳибистиқлол ва ободу осудаанд.  Хатарҳои ҷаҳонӣ торафт инкишоф ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз қабили терроризм ва экстремизм, ҷангҳои иттилоотӣ, бархўрди тамаддунҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра, ки ба ҳалокати зиёди инсонҳо оварда истодааст.

Аз ин рў, моро мебояд, ки ҳарчи бештар ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ диққат дода, ҷиддитар ба омўзиши илмҳои муосир, забономўзӣ, ашъори бузургон, омодасозии мутахассисони хуб, пос доштани ойинҳои миллӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ саргарм бошем. Баҳри устувору поянда нигоҳдории истиқлоли миллӣ, тараққиёт ва рушди босуръати тамоми соҳаҳои давлатдорӣ аз натиҷаҳои мактаби роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда, нагузорем, ки касе ба рушди  сарзамини аҷдодӣ халал ворид созад.

Дар  ин замина донишу маърифати ҷавонон бояд ба талаботи ҷомеаи имрўз ҷавобгў бощад ва ҷиҳати рушди мамлакат, якпорчагӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босубот, амнияти кишвар, идомаи сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат ва ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳми босазои худро гузоранд.

Ҳамин тавр, ҷавонон дар шароити кунунӣ метавонанд, пайрави  Пешвои миллат шуда, барои ягонагӣ, сарсабзӣ, рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон, расидан ба ҳадафҳои олии  мамлакат, устувории пояҳои давлатдорӣ ва таҳкиму ҳифзи истиқлоли давлатӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

Исмоилова С.К.

 ассистенти кафедраи МО ва Ф

 ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.

 

Муҳаммадиқболи Садриддин як тан аз маддоҳони созмони “Паймони миллӣ” ин дафъа дар саҳифаи ютубиаш баҳси мактабу маориф ва гӯиё харидорӣ шудани самолоёт аз ҷониби Тоҷикистонро ба миён гузоштааст. Ин нафари дастовардҳои Тоҷикистонро чашми дидан надошта мегӯяд, ки чаро мо мактаб бунёд намекунему тайёра мехарем. Магар ӯ кӯр аст, ки дар зарфи 30 сол дар кишвар наздики 2 ҳазору 700 муассисаҳои таълимӣ бунёд шудааст. Магар ӯ намедонад, ки чи қадар хонанддагон дар ҳоли фақр дар хонаву вагонхонаҳо таълим мегирифтанд. Бас аст. Ҳарзагӯи. Имрӯз мо дорои мактабҳои пешрафта ва доро бо озмоишгоҳҳои муваффақ дорем, ки назираш дар ҷаҳон нест. Дар Донишкадаи мо дар зарфи 5 соли охир зиёда аз 30 озмоишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Магар ин пешравӣ нест? Биёед ин ҳамаро бо чашми ҳақбин бинем.

Мо дар остонаи бисёр ҳам ҷашни барои халқи тоҷик азизу муътабар – солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Мусаллам аст, ки аз нигоҳи имрӯза ба ин рӯйдоди муҳим дида дӯхтанд, хулосаи амиқ баровардан ва  онро ба насли имрӯза фаҳмонидан рисолати мо – насли калонсол маҳсуб мешавад. Зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ноогоҳии ҷавонон аз оқибатҳои  шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳо Тоҷикистонро ба кадом вартаи ҳалокатбор овард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо айби хоҷагони беруна тарроҳӣ шуда буд, ба Тоҷикистони тозаистиқлол хисороти калони моддиву маънавӣ расонид. Ҷони ҳазорҳо нафар бегуноҳон гирифта шуд. Мамлакат дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошт. Дар ин марҳилаи ҳассос ҳизбу ҷунбишҳои гуногун арзи ҳастӣ карда,  фазои холиро моҳирона истифода бурданд. Махсусан он нафароне, ки динро яроқи асосии худ медонистанд, бо истифода аз эҳсоси динӣ шогирдони дар мактабҳои динӣ таҳсилмекардаи худро ба майдонҳо кашиданд. Дар натиҷа низоъ бархост.

Дар вазъияти буҳрони сиёсӣ, аз ҷумла беҳокимиятиву бенизомӣ, мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти ҳасос бояд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ баргузор мегардид ва фақат қарорҳои созандаи он метавонист ватанамонро наҷот диҳад. Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардумӣ – иштирокчиёни иҷлосияи 16 –ум аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд.

Оғози кори Иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳамияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд. Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд. Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Воқеан, ин Иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, хуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз,  ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Имрӯз душманони миллат дар хориҷи кишвар истода санги маломат рӯй ҷониби давлат ва Ҳукумат мезананд. Онҳо аз берун истода фикрҳои мардумро вайрон мекунанд. Таълимоти ғайрирасмии диниро боз миёни наврасон зиёд карда истодаанд. Сафи ҷавонони ба ҷангҳои Сурия мерафта зиёд шуда истодааст. Мо бояд ҳамон тавре, ки Сарвари давлат баён доштанд, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст набояд диҳем. Танҳо барои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳи сар то сарӣ кӯшиш намоем.

Рухшона Аминҷонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

  

 Вожаи “терор” ё “терроризм”, ки имрӯз дар воситаи ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тӯлонӣ низ дошта,то ин сатҳ доман густурдани он албатта таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди терроризмро ҳамаҷониба омӯзанд. Зеро чунин зуҳуроти тоқатшикани даҳшатзор имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ хатто дар Аврупою Амрико паҳн парчами исломро баланд бардошта, зери он “Давлати исломӣ бунёд месозем”, гуфта ба куштору даҳшатоварӣ машғул мешаванд. Вале ҳамон наве, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои – миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва такрор таъкид менамоянд, “терроризм, дин, маҳсаб, миллат, ватан надорад”. Ва дар асл ҳам дар ягон китоб ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худчандин бандагони дигарро бечон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд. Пас суоле ба миён меояд, ки террористиҳои маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми дини амал мекарда бошанд? Ҳаводиси нангину марговари террористи мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутаффаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон рохҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чи зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстромизм шубҳае, нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад.

 

Комилова Маҳбуба Ёдгоровна – омӯзгори калон

 

Тарбияи ҷавонон ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки ҳар ҷомеа буд. Моро махсусан аз он нигарон кардааст, ки дар замони ҷаҳонишавии имрӯза анъанаҳои қадимаи мардуми мо, ки ба арзишҳои хосу муносиби миллию мазҳабӣ асос ёфтаанд, ба менталитети мо зери таъсири «фарҳанги оммавӣ», ғоя ва дидгоҳҳои бегона моҳияти худро гум мекунанд. Агар ба ин раванд, яъне ба масъалаи тарбия эътибори ҷиддӣ надиҳем, фардо дер мешавад, ки боиси оқибатҳои ислоҳнашаванда мегардад.  Суханони равшанфикри маъруфи соҳаи маориф Абдуллоҳи Авлониро набояд ҳаргиз фаромўш кунем: «Таълим барои мо масъалаи ҳаёт ё мамот, наљот ё харобї, ё саодат ё фалокат аст».

Пас, мо имрӯз дар бобати тарбияи ҷавонон ба чӣ ноил шуда истодаем, чӣ комёбиҳо ва чӣ душвориҳо дорем?  Оё мо аз ахлоқу донишу нерӯи маънавӣ, ба ибораи дигар, аз тарбияи соҳибони фардо қаноатмандем?

         Дуруст аст, ки дар ҷумҳурии мо дар раванди таълиму тарбияи фарзандони мо аз кӯдакистон cap карда, то мактаб, коллеҷ ва донишкада кори зиёде ба амал оварда мешавад.  Аммо дар ин бобат камбудию норасоиҳои мо ҳам хастанд, ки дар шаклу зуҳуроти гуногун ба тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонанд.

         Ҳайронам, ки рафтори баъзе ҷавононро мебинам, махсусан тарзи либоспӯшии онҳоро. Оё ин духтар ё писар фарзанди мост, ки аз ҷониби мо тарбия ёфтааст?  Ман ин далелро сафед намекунам, ки баъзе духтарони мо либоси хоси миллати мо надоранд.  Дуруст аст, ки либоспӯшӣ кори шахсии ҳар кас аст.  Аммо дар либоспӯшӣ бояд фарҳанги эҳтиром ба арзишҳои қадимаи мардуми мо бошад.  Дар ин бобат назорати падару модарон барои омма, махсусан, дар оила аҳамияти калон дорад.

Имрӯз барои аксари ҷавонони мо маъмулӣ шудааст, ки баробари озод шудан бо телефони мобилии худ банд мешаванд.  Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ  бозӣ мекунанд, суруд мешунаванд, филмҳо тамошо мекунанд, бо маълумотҳои гуногун шинос мешаванд.  Оре ин чӣ айб дорад, асри техника, тараққиёт?  Дуруст аст, ки дар ин кор ягон камбудӣ нест.  Бояд иқрор шудан зарур аст, ки технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, бахусус Интернет, сатҳи рушди моро ба чанд зина боло бурда, моро наздиктар ва осонтар кардааст.

Ҷавонони мо ин қадар ба телефонҳои мобилӣ ва интернет пайваст шудан баҳонае нест.  Ин пеш аз ҳама ба саломатӣ ва маънавиёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Баъзе аз ҷавонони мо ба маълумоти мухталифе, ки дар интернет бо ҳадафҳои қаллобӣ ва ғаразнок паҳн мешаванд, ба осонӣ бовар мекунанд.  Дар натича сафеду сиёҳ, неку бадро фарқ карда наметавонад, қурбони касе мешавад.

Агар ба гузашта, зиндагии бобою бибиамон назар андозем, дар оила ба тарбияи писарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешуд.  Писарро аз хурдсолӣ дар асоси он тарбия кардаанд, ки такьягоҳи оила, калонӣ, ҳимоятгари ҳоҳарон, инчунин пушту паноҳи Ватан бошад.  Дуруст аст ки, зан - чароғи оила аст.  Саломатӣ ва беҳбудии кӯдак аз бисёр ҷиҳат ба ӯ вобаста аст.  Аммо дар таълим ба фарзандон ҳар ду ҷинс баробар диққат додан лозим аст.  Дарвоқеъ, ба писарон бештар таваҷҷӯҳ кардан бамаврид аст.  Зеро ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки мардҳо кафолат медиҳанд, ки зан мисли зан роҳ равад.

Дар ин маврид набояд чунин ақидаро фаромӯш кард, ки агар падар оиларо таъмин накунад, тарбияи фарзандон халалдор мешавад. 

Сабаби аслии ин ба таври оммавӣ ворид шудани силсилафилмҳо, клипҳо, наворҳо дар интернет, телефонҳои мобилӣ ва “маҳсулот”-и мухталифи даврони ҷаҳонишавӣ аст.  Ҳоло дар ҷумҳурии мо барои муборизаи зидди «маданияти оммавӣ» ва корҳои номатлубе, ки боиси он мегардад, корҳои зарурӣ бурда мешавад.  Аз ҷумла, дар вилояти мо, кумитаҳои занони вилоят, ноҳия ва шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор дар маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ омилҳое, ки ба арзишҳои миллӣ, маънавиёт ва меъёрҳои тарбиявии мо таъсири манфӣ мерасонанд, корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ васеъ ба роҳ монда мешаванд.

Оила як маркази тарбиявӣ буда, ҷовидонии ҳаёт, саломатӣ ва идомаи наслҳоро таъмин намуда, арзишу анъанаҳои миллии моро барои наслҳои оянда ҳифз намуда, ҳамзамон ба камолоти насли оянда таъсири бевосита мерасонад.

Пас, талошҳои имрӯзи мо барои таҳкими оила, бахусус омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ то чӣ андоза муассир аст?  Оё арӯсу домод бо дарки хуби зиндагии оилавӣ издивоҷ карданд?  Умуман, оё мо метавонем оилаҳои мустаҳкам бунёд кунем?  Рости гап, имрӯз мо дар бораи ҷавоби мусбат ба ҳамаи ин саволҳо каме фикр мекунем.

         Дар баъзе оилаҳо баъди тӯй мушкилиҳои гуногун ба миён меоянд.  Кор надоштани домод, сарвари оила буда натавонистан, таъмини рӯзгори оила ва надонистани арӯс аз муносибати хонаводагӣ назари рӯякии онҳоро ба истилоҳ оила мушкил месозад.  Аз ин сабаб дар вилояти мо аксари ҷудошавии оилаҳои ҷавонанд.

Омили дигаре, ки боиси ҷудошавӣ мегардад, тамаъ ба сарвати мост.  Мо барои духтаронамон ҳама чизро таъмин мекунем, онҳоро ба шавҳар медиҳем.  Аммо баъзе духтарони мо бесаводанд, ба зиндагии оилавӣ омода нестанд, ба оилаи нав ва муҳити он мутобиқ шуда наметавонанд, ки боиси муноқишаҳои гуногун мегардад.  Мо бояд худамон ин бемориро ба вуҷуд оварем ва баъд роҳи давои онро ҷустуҷӯ кунем.

Вазъиятхое, ки дар боло оварда шудаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки мо барои ба ҳаёти оилавӣ тайёр кардани ҷавонон ҳанӯз кори бисёреро анҷом додан лозим аст.  Дар тамоми ноҳияю шаҳрҳои вилоят барои пешгири кардани чунин нуқсонҳо, пешгирӣ кардани никоҳҳо корҳои муайян ба ҷо оварда мешаванд.  Аз ҷумла, таҳти шиори “Ба сӯи оилаи хушбахту солим” мунтазам сӯҳбату мизҳои мудаввар бо иштироки судяҳо, мутахассисони САҲШ, духтурон доир ба муқаддасоти оила, пойдории муҳити маънавӣ дар оилаҳо, аҳамияти издивоҷ.

Ҷавононро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллии худ, маънавиёт ва неруи баланд тарбия кардан қарзи ҳар яки мост.  Махсусан, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн шудани таассуби динӣ ва терроризм, дар зеҳни ҷавонон ҷой додани «фарҳанги оммавӣ», кӯшиши ба як тарзи зиндагӣ табдил додани онҳо, то ки ҷавонони мо ба доми ин бадиҳо наафтанд, ба фиребу найрангҳои онҳо кӯр-кӯрона пайравӣ кардан лозим аст, ки тафаккури худро бой гардонем, маҳорати дуруст ва оқилона истифода бурдани ахбороти интернетиро инкишоф диҳем.  Ҷавонони мо масъунияти маънавӣ ва дарки ақидаву иллати бегонаро ташаккул намедиҳад ва вақте ки онҳо андешаи “ин хуб аст, ин бад аст” надошта бошанд, мо ҳеҷ гоҳ аз таҳдиди ҳамлаҳои иттилоотӣ, иллатҳои ифротгароӣ ки ба ҳаёт ва идеологияи мо дохил мешаванд халос шуда наметавонем.

Барои ба даст овардани натиҷаи мусбӣ дар ин бобат на танҳо омӯзгорон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои кор бо ҷавонон, балки аҳли ҷомеаро низ бояд якҷо, бахусус, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро пурзӯр намоянд.  Муҳити иҷтимоию маънавӣ дар ҳар як оила, бахусус маҳаллаҳоро беҳбуд бахшида, таваҷҷуҳ ва масъулияти падару модарро ба тарбияи фарзанд, ташкили пурмазмуни вақтҳои холии фарзандони онҳо зиёд кардан зарур аст.  Муҳимтар аз ҳама, биёед фарзандони худро инсони солим ва комил ба воя расонем, ки аҷдоди хеш, таърих, Ватан, забони модарӣ, арзишҳои миллӣ, анъанаҳои муқаддасамонро эҳтиром кунанд.

Етмишбоева Ш, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот низоми маорифи ҳамаи кишварҳоро фаро гирифта истодааст. Ҷаҳонишавии таҳсилот ҳамагонро водор месозад, ки ҳамқадами замон бошанд. Гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим яке аз талаботҳои раванди ҷаҳонишавии таҳсилот буда, пайваста дар пойгаҳҳои гуногуни соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Татбиқи таълими салоҳиятнок дар соҳаи маориф, ташаккули муҳити мувофиқи таълимӣ ва ҷустуҷӯи асосҳои пешрафтаи методологиро талаб мекунад, ки ба азхудкунии босифати салоҳиятҳои умумӣ ва касбӣ мусоидат мекунанд. Яке аз роҳҳои самараноки мусоидат ба натиҷаҳои баланди таълимӣ, муайян кардани донишҷӯени болаеқат ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи умумӣ ба ихтисоси интихобшуда, чорабиниҳои беруназсинфии донишҷӯйӣ мебошанд, ки хусусиятҳои рақобатпазирӣ доранд. Олимпиадаҳои гуногуни донишҷӯен, озмунҳои маҳорати касбӣ, намоишдиҳии дастовардҳои донишҷӯен дар намоишгоҳҳо, конфронсҳо ва шаклҳои дигари шабеҳи ин корҳои беруназсинфӣ аз зумраи ин чорабиниҳо мебошанд.

Мусобиқаҳои зеҳнӣ ба ташаккули масъулиятнокии иштирокчиен, таҳаммулпазирии онҳо, хама вақт ишғол кардани мавқеи фаъол, устувор будан дар мавқеи ишғолкардаи худ, таъсири мусбӣ мерасонанд. Онҳо ҳисси эътимод ба қобилиятҳои худ, қобилияти гузоштани ҳадафҳо ва ноил шудан ба онҳо, қобилияти амалӣ кардани нақшаҳои худро тарбия намуда, барои тақвияти таҳкурсии шахсияте, ки дар оянда бомуваффақият ва мустақилона масъалаҳоро ҳал карда метавонад, замина мегузоранд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муассисаҳои таълимии кишвар, дар нақша-чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузарондани маъракаҳои зиёди муҳими илмӣ, таълимӣ ва фарҳангиро  дар сатҳҳои гуногун ба нақша гирифта истодаанд. Масалан, аз соли 2021 сар карда, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” дар якчанд равияҳо баргузор карда истодааст.

Боис ба зикри махсус аст, ки дар соҳаи фанҳои дақиқ олимпиадаҳо ва озмунҳои дигари гуногун дар вақтҳои охир ҳамчун як воситаи фаъолгардонии корҳои эҷодии илмии донишҷуён ба таври васеъ истифода мешаванд. Масъалаҳое, ки дар ин озмунҳо пешниҳод мегарданд, одатан ғайристандартӣ буда, аз донишҷӯён на фақат дониши устувори фанҳои дақиқ, балки тафаккури эҷодӣ ва дар бисёр ҳолатҳо то андозае маҳорати ихтирокориро низ тақозо доранд. Қисме аз ин масоилҳо ҳатто ғояи баланди илмиро дар худ ниҳон доранд ва ҳамчун сарчашма барои пайдо шудани назарияҳои нави илмӣ хизмат карда метавонанд.

Аз дигар тараф олимпиадаҳо дар омодакунии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои техникӣ ва иқтисодӣ, баландкунии ҳавасмандкунии донишҷуён ба таҳсилот, махсусан ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ нақши муҳиме доранд.

Дар ДПДТТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ба гузарондани олимпиада, тарзи ташкили он, тартиб додани супоришҳо ва интихоби донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Одатан дар донишкада олимпиада дар се давр баргузор мегардад. Даври аввал умумӣ буда, дар он нисбатан мисолу масъалаҳои стандартӣ пешниҳод карда мешаванд. Даври дуввум дар сатҳи факултетҳо ҷамъбаст мегардад. Даври сеюм дар сатҳи донишкада ҷамъбаст гардида, дар он одатан 25 – 30 нафар донишҷӯёни беҳтарин иштирок мекунанд. Дар ДПДТТ ба ҳукми анъана даромадаст, ки бо ғолибони даври сеюми олимпиада, барои тайёрӣ ба олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ, машғулиятҳои иловагӣ доир гарданд. Ногуфта намонад, ки иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ДПДТТ ҳамасола дар олимпиадаи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ мешаванд.

Олимпиадаи хонандагон ё донишҷӯён аз фанҳои дақиқ, бахусус аз математика, ин маъмулан, сабқат дар байни хонандагон ё донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои ғайристандартии математикӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми ташкили олимпиада вазифа на танҳо муайян кардани донишҷӯёни дониши қавӣ дошта, балки фароҳам овардани фазои умумии идона аз фанҳои таълимӣ, ташаккул додани шавқу ҳавас ба ҳалли масъалаҳо ва тафаккури мустақилона мебошад.

Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ ҳама вақт бо маросими кушодашавӣ оғоз гардида, бо маросими пушидашавӣ дар фазои тантанавӣ, аксар вақт бо намоишҳои эҷодӣ, ҷамъбаст карда мешаванд. Лаҳзаҳои мукофотонидани беҳтаринҳо хеле хотирмон буда, бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гузарондани чорбиниҳои фарҳангӣ ва ташкил кардани сайругашт ба ҷойҳои таъриҳӣ дар назар дошта мешавад.

Нигоҳи кӯтоҳ ба таърихи раванди олимпӣ. Тибқи маълумотҳои сомонаҳои интернетӣ аввалин озмунҳои зеҳнӣ барои мактаббачагон бо номи "Олимпиада барои ҷавонон" дар Русия дар асри XIX ҷамъияти астрономии Империяи Русия ташкил кардааст. Аз соли 1885 баргузории олимпиадаҳои ғоибонаи маҷаллаи "Вестник опытной физики и элементарной математики" оғоз ефтаст. Олимпиадаи математикӣ бошад, якумин маротиба соли 1895 дар Австро-Венгрия баргузор гардидааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, олимпиадаҳои аввалин соли 1933 дар шаҳри Тбилиси (аввалин дар СССР сабқати математикии мактаббачагон), соли 1934 дар  Ленинград (аввалин олимпиадаи математикии шаҳрии расмӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ) ва соли 1935 дар Москва баргузор гардидаанд. Аввалин олимпиадаҳо, ки дар онҳо хонандагони мактабҳои шаҳрҳо ва ҷамоҳирҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд, дар солҳои 50-ум баргузор шуда буданд.

Бояд қайд кард, ки рушди воқеии ҳаракати зеҳнии ҷавонони донишҷӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ефт. Пионер ва авангарди олимпиадаи математика соли 1934 донишгоҳи Давлатии Ленинград бо ташаббуси олими олиҷаноб Борис Делоне буд.

Ногуфта намонад, ки дар вақтҳои охир олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён ҳам дар реҷаи «онлайн» ва ҳам дар реҷаи «оффлайн» хеле фаълол мебошанд. Ба ин мусобиқаҳо дастаҳои кишварҳо даъват карда мешаванд, ки одатан аз 4-6 нафар иборат мебошанд. Ҳар як кишвар, дар аксари ҳолатҳо муассисаҳои таълимӣ мустақилона бо интихоби дастаи худ ва интихоби олимпиада сару кор доранд. Дар айни замон теъдоди зиёди системаи олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён мавҷуд ҳастанд. Бояд қайд кард, ки сатҳи супоришҳо ва вазифаҳо дар ҳамаи олимпиадаҳои байналмилалӣ хеле баланд аст.

Бояд қайд кард, ки дастгирии ҷавонони болаеқат дар системаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Дастгирии давлатӣ бошад, ҳам бо таҳияи муқаррароти консептуалӣ, ки дар асоси онҳо сиесати давлатии ҷавонон ташаккул меебад ва амалӣ карда мешавад, ҳам бо дастгирӣ ва ҳавасмандкунии бевоситаи ғолибон ва ҷоизадорон баръало ҳис карда мешавад.

Ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамасола дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзанд, муваффақият орзу менамоем.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Инсон тавре офарида шудааст, ки аз паси худ авлоди худ боқӣ монад ва ҳатман хотираашро то абад нигоҳ дорад, хотираашро ҳамеша шод гардонад вале аз ҳама беҳтар фарзанди солеҳ аст. Мо медонем, ки тарбияи фарзанд як амали хеле нозук ва ҷиддӣ ва масъулиятнок аст ва писарону духтароне ҳастанд, ки дар тарбияи падару модари худ чеҳра ва шарафи падару модар мешаванд. Вақте мебинї, ки кўдаконе, ки бо хулқу одоби хуб ба воя расидаанд, ҳар қадар волидайни онҳоро таърифу намуна нишон медиҳанд, волидайни кўдаконе, ки дар муҳити ношоиста ба воя расида, тарбияти ношоиста ё рафтори ношоиста гирифтаанд. ин кадар шармандаву хиҷолат мекашанд ва раҳмат ба номи онхо не, гап дар бораи борони лаънат аст. Таваҷҷӯҳ ба оила, одоб ва таҳсил яке аз вазифаҳои фардии мост.

Падару модаре, ки фарзандро тарбия мекунад, бояд дар ҳар ҳаракат, рафтор ва муомила бо дигарон хислатҳои наҷиб нишон дода тавонад. Зеро кӯдак табиатан бениҳоят тақлидкунанда ва таъсирбахш аст. Аз ин рӯ, одамони гирду атроф бо одатҳои худ ба онҳо таъсир мерасонанд, баъзан бехабаранд. Муносибатҳои дағалона дар оила, бисёр дурӯғгӯӣ, рафторҳои нохуш муҳити носолимро ба вуҷуд оварда, ба тарбияи фарзанд таъсири манфӣ мерасонад. Рафтори волидайн дар тарбияи фарзанд нақши муҳим мебозад. Агар кӯдак бо шунидани суханони дурушт ва латукӯб ба воя расад, ба табиати ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳолат аз кӯдаке, ки дар оила дар муҳити носолим тарбия ёфтааст, одамони «маризони рӯҳӣ» ташаккул меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо низ ба рӯҳияи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин тарбияи духтар на танҳо маљмўи таљриба, дастуру донишҳои содда, балки раванди мураккабест, ки донишҳоро дар соҳаҳои донишҳои динию ахлоқї, тиб, ахлоқ – эстетика, психология, педагогика дар бар мегирад. Имрўз мушкилии тарбияи оила дар он аст, ки аввалан баробари пешравии љомеа талаботи ташаккули шахсияти баркамол аз ҳама љиҳат зиёд мешавад. Тарбияи фарзандон асоси мустаҳкамии оила аст.

Дар раванди тарбияи духтар талаб карда мешавад, ки ҳуқуқи духтар поймол нашавад. Бисёр одамон дар бораи саволи он фикр мекунанд, ки кай ба тарбияи кӯдак шурӯъ кардан лозим аст. Бисёре аз олимон ба он посухҳои гуногун додаанд. Аз љумла, Ибни Сино љавоб додааст, ки бо тарбияи фарзанд пеш аз таваллуди он аз батни модар сар карда, бояд сару кор дошт.

Дар ин дунёи фано ҳар падару модар кўшиш мекунад, ки ба фарзандонашон тарбияти хуб диҳанд, то барои худ номи нек боқї гузоранд. Дар оянда фарзандони онҳо ҳамчун шахсони ба хизмати Ватан омода ба воя расонида шаванд, хушбахтии онҳо дар оила, бахусус духтар бо одоби хубаш аз дигарон фарқ мекунад.

Тарбияи духтар як тарбияи хеле ҳассос аст. Дар халқи мо мақоле ҳаст, ки «модарро бин, духтарро бигир». Дар паси ин ҷумла маънии калон мавҷуд аст. Дар оила духтар аз рафтору хунари модар ибрат гирифта, кӯшиш менамояд, ки ин муносибатро дар ҳаёт татбиқ намояд.

Духтарро аз хурди ба тозаву боодоб будан, ҳамеша ҳурмату эҳтироми калонсолон ташвиқ кардан ва ёд додан лозим аст. Доғе дар номи духтар ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад.

Дар оянда дар таълиму тарбияи духтарон нуксонҳо ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо масъулияти падару модарон аст. Ривоят ҳаст, ки як қозӣ буд, ки Ҳасан ва Ҳусан ном писарон дошт ва чун падараш аз кор омад, ба пешвози падараш давид. Рӯзе бачаҳо ба чоҳ афтода халок шуданд. Вақте ки падар аз кор меояд, кӯдаконро намебинанд, пурсид аз занаш. Зан илтиҷо кард: Худоё сабр деҳ, ин хабари мудҳишро баъдтар ба шавҳарам, ки аз кор хаста шудааст, мегӯям. Барои ҳамин ҳам ба ҷавоби устодаш бо чеҳраи кушод чавоб дод: — Ҳозир дадаҷон, ҳозир меоянд. Бо қудрати худо Хасан-Хусан боз зинда шуда ба хона даромаданд, ки падарашонро пешвоз гиранд.

Мо онро ривоят меномем, вале дар мағзи ин ривоятҳо маънои бузург — мазмун мавҷуд аст. Духтарон дар зиндагӣ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, бахусус муносибатҳои хушдоман.

Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки «парранда дар лонаи худ ҳар чи бинад, мекунад». Муносибат ва рафтори хонаводагӣ дар оянда ба духтараш мегузарад.

Дар оянда духтарон модарони оянда, соҳибхоназани бошараф мешаванд. Мо бояд духтаронамонро омӯзонем, ки пастиву баландиҳои зиндагӣ ва душвориҳои зиндагиро паси сар кунанд. Ҳар модар бояд ба духтараш гӯяд, ки шавҳар мекунад, хонае, ки дар он ӯ арӯс мешавад, азизу гаронбаҳост ва хонае, ки духтарча дар он арӯс мешавад, мисли санг аст.

Вақте сухан дар бораи тарбияи духтарон меравад, дар байни модарон, аксар вақт мегӯянд, ки "ман онҳоро мисли қанди сафед бо эҳтиёт тарбия кардам, сироят накардам".

Шакар сафед дар ҳақиқат як қиёси хеле лоғар аст. Камбудии он дар он аст, ки як бор шакари сафед доғ мешавад, тоза кардани он душвор аст. Майдони зарардида бояд бурида шавад. Аксар вакт шакаре, ки доғ расида бошад, дар охири чорво ва ё дар байни донаи парранда мепартояд. Доғи баде, ки ба номи духтар гузошта шудааст, тоза кардан хеле душвор аст. Баъзан дарди доғро як умр бардоштан лозим меояд. Баъзан одамро ба олами шубҳа меандозад ва аз ин рӯ, на одами хушбахт. Ҳамаи ин аксар вакт дар натиҷаи амали беандеша, як-ду лаҳза озодии ирода ба амал меояд.

Шаъну шарафи духтар... Дар ин бора зиёд сухан меравад ва ба ҳар як сухани хоса таваҷҷуҳ ва вазни махсус дода мешавад. Агар дар бораи сифатҳои инсонӣ, арзишҳои маънавӣ сухан ронем, дар духтар инҳо дар сатҳи олӣ бошанд. Охир вай духтар аст, нигоҳи миллат, ояндаи миллат аст.

Духтар танҳо духтар шуда наметавонад. Ӯ бояд хеле покдоман, меҳрубон, пурсабр, соҳибақл ва меҳрубон бошад. Ҳатто таносуб, андоза, меъёрҳое, ки ба духтар дода мешавад, таносуби миёна, ниму ним, нимтаъриф, нопурра буда наметавонад. Онҳо ё боло ё поёни сутун мебошанд. Ҳар касе, ки гуноҳ мекунад, бахшида мешавад, фақат духтарро намебахшанд. Вақте ки сухан дар бораи духтар меравад, ин ҷумла хеле кӯтоҳ аст: «Вақте ки писар ин корро кард, ин воқеаи дигар буд. Аммо вай духтар аст."

Аз олим пурсиданд: «Дар дунё аз марг бадтар чист? », олим посух дод: «Ин нотавон будани духтар аст».

Асрҳо ва замонҳо наметавонанд маънои ин гуфтаҳои қадимиро афзун кунанд ва гиреҳро кӯҳна карда наметавонанд. Як хонаводаи узбакӣ ҳаст, ки агар дар он духтар ба воя расад, соҳибони ин хонадон ифтихор, сарбаландӣ ва иззату номуси духтарро эҳсос мекунанд. Ин аст, ки миллати мо ба тарбияи духтар ҳамчун инсони рӯҳан баркамол ва комил аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Кӯшиш мекунад, ки онро «мисли қанди сафеди печонда, даст нарасонад».

Гузаштагони мо аз кадимулайём ба хулқу одоби неки писарону духтарон аҳамияти калон медоданд.  Муҳимтарин васила дар тарбия кардан меҳрубонӣ аст.

ЕтмишбоеваШ.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд