Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

       Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии дар дӯшдошта, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареѓ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васояти ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшон бедор намуд. Чихеле, ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифат муҳассилин ѓанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Мо метавонем бо воситаи фиттаҳо он ҷавонони гумроҳе, ки ба дасисаи душманон гирифтор шуда, ҳоло қисме дар ѓарибиҳо фавтидаву қисме сарсону саргардонанд, намоиш диҳем, то ҷавонон бохабар шаванд. Суҳбатҳо ташкил намуда, дар бораи моҳияти «Қуръон ва дини ислом» маълумот диҳем, то ки ҷавонон фаҳманд, Қуръон саропо панд аст ва покиро талаб мекунад. Қуръон дурӯѓ гуфтан, дуздӣ кардан, зино кардан, хун рехтанро манъ мекунад. Ҳоло он, ки ҷавонони гумроҳ дар зери ниқоби ислом хунрезӣ мекунанд, гӯё, ки дар роҳи ростиву имон ва дин меҷангида бошанд. Магар онҳо Модар, хоҳар, фарзанд ва Ватан надоранд?

       Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадор аст, ки дар тарбияи фарзандаш масъулиятшинос бошад, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати таѓдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад. Имрӯз маориф ва мактабро зарур аст, моҳияти «Қонуни масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд» дар ҷамъомадҳои умумимактабӣ, маҷлисҳои падару модарон, соатҳои тарбиявӣ ҳаллу фасл намоянд.

А Рашидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Терроризми     ва  экстремизми   байналмилалӣ   дар  ҷаҳони  муосир  аз  масъалаҳои  доғи  рӯз  ва  нигаронкунанда  ба  ҳисоб  меравад. Ин  хатари  даҳшатовару  марговар  мардуми  сулҳхоҳи  дунёро  ба  ташвиш  овардааст. Мо  бояд  дарк  кунем, ки  авзои  сиёсии  олам  дар  ибтидои  асри  21  ба  куллӣ   тағйир  ёфт. Экстремизми  динӣ   ва  терроризми  байналмилалӣ    аз  доираи  давлатҳои  алоҳида  баромада  ба  падидаи  ҳалоктовари  аҳли башар  табдил  ёфтааст.  Ҷумҳурии  мо  бошад  вобаста  ба  мавқеи  геполитикии  худ  фоҷеаи  экстремизми  динӣ   ва терроризимро  аз  сар  гузаронид. Солҳои  90-уми  асри  гузашта  ҳаракати  фундаментализми  исломӣ   қисмати  ҷанубии  Тоҷикистонро  пурра  фаро  гирифта  боиси  марги  ҳазорон  нафар  мардум  гардид. Беҳтарин   фарзандони   сарсупурдаи  миллат  ва  даҳҳо  дигар  симоҳои  варзида  қурбони  террор  гаштанд.

Ҳизбҳои  сиёсии  он  давр  зери  ниқоби  муборизаи  сиёсӣ   даст  ба  экстремизм  заданд.

 

 

Вазъияти ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳар як миллат ба хотири дифоъ аз марзу бум ва сокинонаш барои ангезиш наёфтани ҷараёнҳои зиддидавлатӣ мубориза барад. Махсусан он кишварҳое, ки чунин рӯзи сиёҳ ва наҳсро паси сар намудаанд, дар ин росто бояд ҳушёру зирак бошанд. Тоҷикистон оғози истиқлолияти хешро бо ҷурми чанде аз мансбхоҳони ҷоҳталабон бо ҷанги бародаркуш оғоз намуд, ки ин ҳодисаи нангин дар хотираи таърих хохад монд. Аммо корнамоҳою ҷоннисориҳои фарзандонаи фарзонаи миллат дар такя ба нерӯи боэътимоди халқ низ ҷовидона хоҳад монд. Мо имрӯз бо корномаҳои шахсиятҳои варзидаи ҳукумати муосир, ки дар саргаҳи он   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ифтихор дорем.   

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар шахсиятҳое  пайдо шуда истодаанд, ки  боистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири манфиатҳои шахсони беруна оташи ҷангу ҳусуматро дубора аланга додан мехоҳанд.  Яке аз рақибони заифи Ҳукумати имрӯза  Ҳизби мамнуъи Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад, ки пас аз шикасти худ дар интихоби охирон мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зиёд намояд.  Аксарияти нафарони бедору ҳушёр, ки бо барномарезиҳои ин ҳизб ошно аст, медонад,  ки ин ҳизб тӯли 40 соли арзи мавҷудияташ танҳо инсонҳоро ба тафриқа андохтаву оташи бадбиниро байни ҳамдигар меафрӯхт. Мардуми шарафманди тоҷик сидқан боварӣ ҳосил намуд, ки ин ҳама бозиҳои ҳизбӣ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб будааст. Ин гурӯҳ то ба имрӯз аз мақсаду нақшаҳои иғвогаронаи худ даст накашидаву таҳти роҳбарии саркардагонашон дар ба дари ташкилотҳои байналхалқӣ ҳукумату миллати тоҷикро санги туҳмату маломат мезананд. Пас аз он, ки мардум дигар ба суханони «намакин»-и онҳо бовар намекардагӣ шуд, ба хотири эътимоду боварии мардум бо ҷалби як зумра «равшанфикрон» гурӯҳи наверо бо номи «Озодандешагон» таъсис дод.  Ва ин гурӯҳии «босаводон» имрӯз бо истифода аз расонаҳои электронии олам мехоҳанд бо дурӯғу бӯҳтон ба сари давлати тоҷикон санг заданӣ мешаванд. Онҳо як рисолат доранд, ин ҳам бошад ноооромии кишвари мо ва табадуллоти давлатӣ. Аммо ин нафарон ва хоҷагони онҳо бехабаранд, ки имрӯз мардуми маърифтпарвар ба қадри сулҳу оштӣ, ваҳдату ягонагӣ мерасад. Ва намегузорад, ки нохалафе ба хотири мнфиатҳои худ ҷомеаро ноором созад.

Воқеан ҳам сол то сол сатҳи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонамон боло меравад. Имрӯз дар қиёс ба даҳ соли пешин шумораи ҷавонони рӯ ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа ниҳода ба маротиб зиёд гардидааст. Ҳатто он волидоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуда истодаанд, ки дарсҳои мустақим,  маҷлиси падару модаронро тариқи интернет ташкил намоянд, то онҳо аз рафти дарсгузарии фарзандон аз наздик огоҳии комил дошта бошанд. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз мафкураи мардум баланд шудааст. Дигар шаҳрвандон аз вазъи пасти зиндагӣ шиква намекунанд, балки ғами ояндаи фарзандонашонро фикр мекунанд.

Мо бар ин боварем,  ки халқи тоҷик, дастовардҳои меҳнатиро боз ҳам афзунтар намуда, барои пойдории ҷовидонаи сулҳу субот ва оромии кишвари соҳибистиқлоламон аз пештар бештар саҳм хоҳанд гузошт. Ва ба чунин носипосон ҷавоби саривақти ва сареъ хоҳанд дод.

 

 Устодони Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ташаккули хатарҳои ҷиддӣ мисли терроризм ва экстремизм  ба маъмулии ин мафҳумҳо диққати хосаи ҷомеаро асос гузоштааст. Агар қаблан унсури ғасби ҳокимият тавассути силоҳ ва тиру туфанг буд, имрӯз баробари дигаргуншавии ҷаҳонӣ ин омил таъғири шакл намудааст. Расидан ба аҳдофи муғризона бо истифода аз мафкураи имрӯз осонтарин ва дастрастарин ҷодаи мубориза гардидааст.

 

   Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистилол ҷавонон нақши арзанда ва саҳми созанда доранд. Маҳз бо назардошти ин, соли 2017 дар Ватанамон Соли ҷавонон эълон гардид ва тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба дастгирии насли ҷавон нақши муҳим бозид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо зикри иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷавононро бори дигар неруи созанда ва пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ карданд.

    Махсус таъкид гардид, ки ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои  соли муайян пешбинӣ нашуда, баръакс ҳалли масоили вобаста ба насли наврасу ҷавон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хоҳад буд.

    Имрӯз, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву амниятии ҷаҳон лозимаст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Албатта, дар ин радиф аз онҳо омода будан ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ ва саъю талош барои пешрафту ободии минбаъдаи Ватан низ тақозо мешавад.

    Падидаи ҷолиб он аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатёри Тоҷикистон бо дарки масъулият, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олиашон саъю талоши созанда мекунанд. Муассифона, дар ин миён боз чун хор дар гулистон нафароне ҳастанд, ки бо иқдомҳои ношоиста, амалҳои носавоб ва ниятҳои нопокашон ба номи ҷавонони Тоҷикистон доғ меоранд. Далели ин гуфтаҳо изҳороти Анҷумани озодадешагони Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш тариқи воситаҳои ахбор расонаӣ гардид.

    «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» гуфтаанд хирадмандон. Ин панди онҳо маънои онро дорад, ки инсон пеш аз даст задан ба ягон амал бояд аввал нақшаву нияташро хуб дар мизони андеша баркашад. Фикр кунад, ки ин амалаш бо кадом мақсад аст, чӣ натиҷа медиҳад ва оқибати он чӣ мешавад. Агар аз иқдому ташаббуси мо манфиате ба аҳли ҷомеа расад, албатта, он қобили пайравию дастгирист. Вагарна, чуноне ки мегӯянд, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ва инсони бадхоҳу бадкор на ба халқ писанд асту на ба Худо.

     Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашида шуд, ки то ҳол оқибатҳои ногуворашро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос менамоем. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Таърих гувоҳ аст ва насли миёнсолу калонсол хуб медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷони худро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд.

    «Баҳс омад – наҳс омад»-ро оқилон беҳуда нагуфтаанд. Ин сухани кӯтоҳ ҳикмати бузургеро дар худ нуҳуфтааст. Яъне дар куҷое, ки ҳамдигарнофаҳмӣ ва тафриқаандозӣ ба миён омад, оромию осоиш, тинҷиву амонӣ ва серию фаровонӣ аз он ҷо кӯч мебандад. Ва чуноне, ки аз  изҳороти «равшанфикрон» маълум мешавад, имрӯз боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки чунин ҷавонони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. Балки худ бори гарони гардани дигарон ҳастанд. То имрӯз кассе аз онҳо манфиате надидаанд.

     Ба гуфти шоир:

                             Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

                             Дусад гуфта чун ним кирдор нест.

     Шиорпартоиву даъвати бадхоҳона, изҳороту муроҷиати ғаразнок аз дасти ҳама меояд, кори душвор нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мо баҳри таъмини саодати аҳолӣ ва ободонии диёрамон чӣ кореро анҷом додаем ё ба анҷом мерасонем.

     Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. Ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳо дар рӯзгори сокинон муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Мардуми рус мақоле доранд, ки Москва дар як рӯз сохта нашудааст. Яъне иҷрои ҳар кор, ислоҳи ҳар камбудиву норасоӣ муҳлати муайянро тақозо менамояд.

     Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буданд. Новобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Ва имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем. Вагарна бо қабули муроҷиатномаю изҳорот, даъватҳои барқасдонаю душманонаи бадхоҳони давлату миллат мурод ҳосил намешавад.

    Насли наврасу ҷавон табақаи осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин мазмун, ки душманону бадхоҳон, тундгароёну мансабхоҳон аз содагӣ, дилсофӣ, камтаҷрибагӣ ва ноустувории онҳо истифода бурда, нақшаҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, насли миёнсолу калонсолро лозим аст, ки сади ин роҳ шаванд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба роҳҳои бад рафта, ба доми чунин афроди нопок гирифтор шаванд.

     Даъватамон аз насли наврасу ҷавон бошад, ин аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чуноне доноён мегӯянд, «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Солҳои 90-уми асри гузашта бояд барои ҳар нафар сабақ ва дарси ибрат бошад. Онҳо бояд тибқи ин фармудаи шоир амал намуда, зиндагии шоистаи хешро таъмин намоянд:

                       Як ҷавоне шав, ки байни халқ боло карда сар,

                       Бо сарафрозӣ падар гӯяд, ки ман дорам писар.

                       Халқ гӯяд: Ҷон йигит ҳастӣ, шавад умрат дароз,

                       Хок гирӣ, зар шавад, раҳмат ба устоду падар!

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бо мақсади густариши робитаҳои корхонаву ташкилотҳо бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷиикистон дар факултети муҳандисӣ- технологӣ мулоқоти судманд доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони наздики 20 ташкилоту корхонаҳо ширкат варзиданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид дошт, ки донишкада ба хотири ҳар чи бештар фарогир шудани хатмкунандагон бо ҷойи кори мувофиқ чор сол пеш дар назди донишкада Маркази мартабаро таъсис дод. Бо таъсиси ин марказ робитаи корхонаҳою ташкилотҳо бо донишкада густариш ёфта, дар ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда», ки ду сол ин ҷониб баргузор мегардад, наздики 60 корхонаву ташкилотҳо иштирок намуда, зимни мулоқотҳо мутахассисонро ба кор ҷалб месозанд. Ин тадбир имкон дод, ки беҳтаринҳо соҳиби ҷойи кори мувофиқ гарданд.

 Вохӯрии имрӯза низ аз ҳамин иқдом сарчашма гирифта, қадаме бар пеш барои рушди ҳамкорӣ хоҳад буд. Зеро то ҷое иттилоъ дорам, имрӯз теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна зиёд гардида, ба он мутахассисони касбӣ лозиманд. Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ дар назди коргоҳҳо кафедраҳо таъсис диҳем, то таҷрибаомӯзон бевосита аз ҷараёни истеҳсолӣ ошноии наздик пайдо намоянд. Донишкада имкон дорад, кормандонеро, ки бевосита ба таҷрибаомӯзон роҳнамоӣ мекунад, тариқи шартнома маблағгузорӣ намояд. Ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки мо дар назди коргоҳҳо бо ҷалби мутахассисони ҷавон сехҳои хурди истеҳсолӣ таъсис намоем. Чун аксар соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастем, ба мутахассисони касбии соҳавӣ низ эҳтиёҷи бештар дорем.

 Мо минбаъд имкон дорем, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисонро омода созем.  Барои донишандӯзӣ ва тақвияти маҳорату малакаи донишҷӯён дар донишкада шароит фароҳам буда, танҳо дар як соли охир  донишкада фаъолияти худро нисбати 2 гранти аврупоӣ аз рӯйи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Эрасмус+ - и Иттиҳоди Аврупо ва лоиҳаи барномаи “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ-III” (GIZ - Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) бевосита оғоз карда, дар давоми як сол аллакай дар такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон ва таҷҳизонии озмоишгоҳҳо ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуд. Танҳо дар як соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиону 833 ҳазору 200 сомонӣ таҷҳизотҳо ворид карда шуданд.

Чанде аз роҳбарону ташкилотҳо барои тақвияти ҳамкорӣ таклифҳои судманд дода, аз ҷумла пешниҳод намуданд, ки минбаъд моҳе як маротиба ҷамъ шуда, нақшаҳои минбаъдаро тарҳ резӣ намоем.

Меҳмонон аз лабораториҳои муосири ташхиси маводҳои хӯрока, микробиология ва биохимия, технологияҳои коркард ва истеҳсоли маводҳои хӯрокаи донишкада дидан намуда, ба шароиту имконоти муассиса баҳои баланд доданд.

 

 

Дар мулоқоти имсолаи худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни хатари муосир сухан ронда бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ироқу Сурия таваҷҷӯҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ҷалб намуданд.

Дар робита ба ин дар назди ҷомеашиносони кишвар масъала гузоштанд, ки барои тарғиби андеша ва ғояҳои миллӣ, таҳкими масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз доман густурдани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои тундагаро ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест, воқеан дар шароити  имрӯзаи Шарқи Миёна ва ҷумҳуриҳои пасошӯравию ифротгароёнаи ба ном исломӣ яке аз фитнаҳои хатарҳои арсаи сиёсии ин минтақаҳо маҳсуб мегарданд.

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ,ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад,балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Тавре ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа,иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар,ҳифзи  манфиатҳои стратегии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Хотирнишон менамоем, ки ташкилоти нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1978 дар совхози Туркманистони ноҳияи Бохтар таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии “Бародарони мусалмон” ба таври пинҳонӣ амал мекард.

Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Аммо пас аз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намуда дар байни аҳолӣ,аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаву адоват барангехтанд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва Ҳизби наҳзати исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ, террористӣ эътироф намуда,фаъолияти ҳизброр қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода,нашри рӯзномаи “Наҷот” ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо,истеҳсоли чопу рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ карда шуд.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намудаанд мо ҷавононро бояд ба руҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ равона намоем.Зеро ояндаи дурахшони миллати тоҷик дар дасти ҷавонон мебошад. Бояд ҷавонон баҳри рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.

 

Раупов Комилҷон Самиевич,устоди ДПДТТ,

Набиева Нигора,  донишҷӯи курси 4

 

Бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва рамзҳои давлатӣ дар руҳияи наврасону ҷавонон, эҳтиром гузоштани насли наврасу ҷавон  санаи 2 марти соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи модар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал - озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Суруди Модар - Алла» байни ҷавондухтарони вилояти Суғд дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров ташкил ва баргузор гардид. 
Даври аввали фестивал - озмуни мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба фестивал – озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Дар фестивал – озмуни мазкур намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, донишҷӯдухтарон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар фестивал – озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Суруди Модар – Алла» ҷавондухтарони боистеъдод аз 18 шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ҷамъ омада, дар васфи суруди аллаи модар шеърҳои навэҷоди худ ва халқӣ қироат намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти чорабинии мазкур аз тарафи иштирокчиёни лаёқатманд маҳсули ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади инъикисои фарҳанги миллӣ ва тарғиби зебоипарастӣ байни ҷавонон ба намоиш гузошта шуданд.


Дар фарҷоми фестивал – озмуни мазкур аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз он ҷумла: ҷои якумро иштирокчӣ аз шаҳри Истиқлол, ҷои дуюмро  намояндаи шаҳри Конибодом ва зинаи сеюмро иштирокчи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гардид.


Бояд ёдовар шуд, ки донишҷӯи донишкада,  курси 1, гурӯҳи 74.02.06 Кароматхон Абдуллоева аз худ маҳорати баланд нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳакамон  гашт.

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш худ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир менамоянд. Пешвои миллат қайд менамоянд, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, боэътимоди сарҳади давлатӣ инчун омодабошии ҷанги Қувваҳои мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ бояд андешида шаванд.  Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, террорист ватан, миллат  ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ба ҳисоб меравад.

Дар мақолаи зерин хусусиятҳои истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ тасвир ёфта, дар асоси омӯзиши қонунҳо ва амалияи татбиқи онҳо таҳлилҳо гузаронида шудаанд. Дар асоси таҳқиқоте, ки мутахассисон анҷом медиҳанд, хусусияти самараноки тадбирҳое, ки дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм дар шабакаҳои иҷтимоӣ дохил шудаанд, дода мешаванд.

 Дар даҳсолаҳои охир, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср  ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари накамтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ба даст овардани ин мақом, ин  таъсири як ҷаҳиши сифатӣ дар рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ (ба монанди Одноклассники, FaceBook, Twitter…)мебошад.

Гурӯҳҳои ифротгароӣ аз ҳаводиси охирон таҳаввулотҳо дар соҳаи иртиботи оммавӣ аз воситаҳои ҷустуҷӯи ахборот, ҳамкорӣ, захираҳои нигоҳдорӣ истифода бурда, ба содир намудани ҳамлаҳо ба захираҳои расмии давлатҳову созмонҳо ҳаракат менамоянд. Аз ҷониби чунин гурӯҳҳо бо мақсадҳои ғаразноки худ васеъ истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ба як мавзӯи гузориши махсусе, ки соли 2002 аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи муходир ва ҷиноякорӣ бахшида шуда буд, табдил ёфт.

Аҳамияти сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷиҳати мубориза бо терроризм ва экстремизм борҳо ба мавзӯъҳои тадқиқотӣ ҳам дар давлатҳои хориҷӣ ва ватанӣ табдил ёфтааст. Вале дар ин бора, дар таҳқиқи ҷиддии чунин соҳаи босуръат инкишофёфта сӯҳбат кардан душвор мебошад. Пеш аз ҳама, ин ҳукм метавонад ба масъалаҳое, ки бо назаррас ба даст овардани шӯҳрати шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад,ба монанди “ВКонтакте”, “Одноклассники”, “Facebook”, “Twitter” , алоқаманд бошад.

Ҳадафи тадқиқоти зерин, ин муайян намудани тамоюли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷомеаи террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси равандҳои чунин фаъолият ва таҳлили муқовиматҳои пешбинишуда мебошад.

Вариантҳои асосии истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти ташкилотҳои зиддиқонуние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидаанд, ба мисоли “Ҳизби наҳзати ислом”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” зоҳир мешаванд. Вақтҳои охир зиёд шудани тарафдорони ташкилоти зиддиқонунии “Давлати исломӣ” зиёд гардида, дар айни замон якчанд сомонаҳо дар бораи амалҳои охирини ингуна ташкилотҳо иттилоъ дода истодаанд, ба назар мерасанд. Тарафдорони ин гурӯҳи ифротгароён бо ёрии сомонаҳои иҷтимоӣ мақсадҳои ғаразноки худро фаҳмонида, шахсони гумроҳро ба сафи худ ҷалб менамоянд. Дар ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротгароӣ-террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд, ки ин яке аз масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Барои он, ки дар замони ҳозира аксарияти ҷавонон аз ҳаргуна шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебранд, ки ин яке аз сабаби ҷалб шудани онҳо мебошад. Бо гузашта аз ин гуфтан ҷоиз аст, ки он ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, аксарияташон саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Аз ин лиҳоз бар меояд, ки аз ҷониби ҳар нафари истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ зарур мебояд, ки истифодаи дурусти онҳоро ба роҳ монда, барои худ ва аҳли пайвандону ҷомеа хатарро вогузор нанамоянд.

Дар умум, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

 

Мудири кафедраи барномарезӣ

ва низомҳои иттилоотӣ, ДПДТТХ                        Худойбердиев Х.

 

Таъсири ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-уми асри гузашта, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ ва пояҳои қонунгқзорӣ заиф гардида буд....

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза манфиати илмиву назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ кашф намудааст. Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу харакатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Мутаассифона, имрўз зиёиёни кишвар, ба вижа, устодону донишмандони мамлакат дар мавриди интиқоди ҷиноятҳои фоҷеабори аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом  фаъол нестанд. Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорон танҳо кормандони ниҳодҳои низомии Тоҷикистон фаъоланду халос. Ин дар ҳолест, ки ҷавонони мамлакат аз ҷумлаи донишҷўён, олимон ва мутахассисони ҷавон ба ҷузъ изҳороту баромадҳои расмӣ дигар ягон маводи муфидро дар ин мавзуъ ба дасти чоп намерасонанд, ки ин воқеан боиси нигаронӣ мегардад. Чунки дар ин раванд бояд, пеш аз ҳама, ҷавонон фаъол бошанд. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем. Дар айни замон дар барорбари мақомоти олии роҳбарикунандаи Тоҷикистон инчунин роҳбарияти кишварҳои муштаракулманофеъ низ аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ карда, барои муқобилияти шадид алайҳи терроризм ва экстремизм тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ахиран изҳор дошт, ки кишварҳои шомили Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ ҳарчанд дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм қадами устувор гузоштаанд, вале воқеияти имрўза собит месозад, ки ин ҳама тадбирҳои андешидашуда дар мубориза алайҳи ифротгароёну ситезаҷўён кофӣ нест. Маълумотҳои бадастомада далолат медиҳанд, ки боқимондаҳои ҷанговарони ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҷамъ омада, дар оянда барои идома додани тахрибкориҳои худ бо кўмаки хоҷагони хориҷии худ таҳсилу тамрин мекунанд. Вазъияти мураккаби ҳарбию сиёсии дар сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ ба миёномада моро водор месозад, ки ин масъаларо ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, тадбирҳои судманд биандешем.

Дар ин раванд, ба наздикӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар диққати сокинони мамлакатро ба ин масъалаи мубрами рўз ҷалб карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи ифротгароиву тундравӣ ҳушёру муттаҳид бошанд.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Албатта, имрўз мардуми кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои бузург ноил гардидааст. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии кишвар ва таъмини ҳаёти хуби мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳа, аз ҷумла дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм пирўзу дастболо бошем.

Холиқ Мирхолиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд