Боиси таассуфи бузург аст, ки имрӯз дар иддае кишварҳои исломӣ даргириҳои хунин идома дораду он таҳдиди ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёфтан дорад. Новобаста ба он ки ҷомеаи ҷаҳонӣ амалкарди мазкури чунин мусулмононро маҳкум намуда, онро бо ислом марбут намедонад, куштори байниҳамдигарии мусулмонон пайваста идома дораду ҷавонони ҳоло аз лаззати зиндагӣ баҳра набурдаро туъмаи навбатии хеш сохта истодааст. Бо ҳар роҳу восита гирифтани пеши роҳи ҷалбшавии ҷавонони ҳам аз дину ҳам аз илму сиёсат бехабар аз ҷумлаи масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар зиёии огоҳ маҳсуб мегардад. Зеро фирефтаи тарғибу ташвиқотҳои муғризона ва авомфиребонаи пешвоёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» гардидани ҷавонони ноогоҳ, на танҳо марги нобаҳангоми эшонро ба бор хоҳад овард, балки ҳамзамон дили реш-реши модарону падарон ва наздикони онҳоро низ дар назар дошта, имкон дорад, ки чун вируси сирояткунанда ба дигар ҷавонон низ интиқол ёбад.

Огоҳ сохтани ҷавонон аз моҳияти аслии он низоъҳою даргириҳои хунини мусулмонон ва оқибатҳои мудҳише, ки ин даргириҳо, на танҳо болои давлату миллат, балки ҳатто болои дини мубини ислом низ таҳмил хоҳанд намуд, ҳадафи асосӣ ба шумор меравад.

Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар, дар назди тундгароёни «хилофатсоз» омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони ғояву ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи сари дигар ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок дар зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ» ва «амри маъруф ва наҳии мункар» олуда сохтанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши ҳоҷагони хориҷӣ ва дохилиашон низоми демократӣ ва дунёвӣ доштани сохтори конститутсионии давлатии моро «куфр ва бидъат» ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусулмонро дар рӯҳияи ватанбадбинӣ ба воя расонанд.Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар соли 2016 шомилшавии шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кам гардидааст, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши аҳли ҷомеа мебошад.

Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори ҳамешагии онҳо бошад.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ватандхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонони ифротманиш ва тундхӯйи ситезаҷӯйи бемазҳаб талош доранд, ки маориф ва фарҳанги асили исломиро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки нопок ва пуросеби гурӯҳи худ якҷониба ва барғалат, дар асоси барномаҳои террористӣ ва экстремистӣ доштаашон шарҳу баён созанд. 

Маълум мешавад, ки чунин ҷавонони ифротгаро ғофил аз худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ, шинохти хотираи таърихӣ надоранд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонгарӣ ва мусалмонӣ эҳсос намекунанд ва намепазиранд. Хидмат ба халқу ватан чун арзиши олии зиндагӣ табдил наёфтааст, балки ифротгароёни бемазҳаб эҷодкунандаи нафрат ба арзишҳои олии зиндагӣ ва муқаддасоти миллӣ гаштаанд.

Мафҳуми миллат, ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ барои онон хуруфот ва таассубу бидъат ҳисобида мешавад. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст. 

Чунин андешаи ғалат ва хатарбори онҳо аз идеология ва ғояҳои бегонапарастӣ ва ақидаи зидди миллии ҳаракатҳои террористӣ маншаъ гирифтаанд, ки дар тарбияи ҷавонон таъсири хеле манфӣ мегузоранд. Масалан, аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки ҷавонони тоҷик бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотии диниро зери қабзаи худ муҳосира намуда, ошкоро намояндаҳои адабиёт ва фарҳанги миллиро шиаву кофир ҳукм намудаанд. Муқобилияти илмӣ ва шаръӣ накардан дар муқобили ифротгароии гурӯҳ ва ҳараакатҳои моҳияти радикалӣ боиси он гаштааст,ки ифротгароён муҳит ва фазои иттилоотии динро зери назорати худ қарор дода, баъзе ҷавононро таҳти таъсири афкори муғризона ва ақидаи террористию ифротгароии худ сохтаанд.

Роҳҳои густариши такфир, ифрот, тундгӯйӣ ва пурқувват гаштани салафия ва хушунатгароиро ошкор намуда, пеши онро дар якҷоягӣ бо кӯмаки хайрхоҳонаи мақомоти дахлдор бояд бигиранд. Ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон Тоҷикистонанд ва набояд ин нерӯи созандаро ба сарчашмаи хатар ва омили сӯзанда табдил бидиҳем.

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахту хуштолеъ, давомдиҳандагони анъанаҳои бузурги гузаштагони зиндадили хеш ва пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бунёдкору созанда, ҳомии марзу буми кишвар ҳастем.

 

Шукри истиқлолу ваҳдат, шукри номи Тоҷикистон мекунам,

Шукри халқу, шукри миллат обу хоки Тоҷикистон мекунам

 Оре, аввалан шукри бешумор мар Худовандеро, ки ба мо оромиро насиб кардааст ва соҳиби чунин Пешво кардааст. Дар чунин вазъияти хавфнок, ки моро айни замон иҳота кардааст моро мебояд, ки хеле ҳушёру зирак бошем. Чунки имрӯзҳо ҷомеаро хатаре падид кардааст ва махсусан ҷавононро. Қариб, ки ҳамаи башариятро ин хатар  ба ташвиш овардааст. Махсусан дар давлатҳои Сурия, Ироқ  ва давлати ҳамсояи мо Афғонистон ин хатаре, ки буд зарари худро ба ин давлатҳо расонд. Боиси таассуф аст, ки аз чунин амалҳои террористӣ ва экстримистӣ кӯдакон ва занони бегуноҳ зарар мебинанд. Дар чунин ҳолати хавфнок ҳамаи давлатҳоро мебояд, ки аз чунин ашхос давлат ва миллати худро эмин нигоҳ доранд.

 Саволе ба миён меояд, ки чаро ман сарлавҳаро Ҳизби нокомили Ислом ном гузоштам? Ҷавоб ин аст, ки ҳақиқатан Ҳизби Исломи набояд дар ҳар гуна амалҳои бад дигаронро ёри диҳад, балки онҳоро аз ин роҳ боз дорад ва ба чунин шахсон роҳи дурусти Исломиро нишон диҳад ҳол он ки   ривояте ҳаст, ки агар шахсе ба шахси дигаре дар анҷом додани кори бад ёрӣ ва мадад кунад ӯ низ дар ин гуноҳ шарик шуда ба худ гуноҳ мегирад. Дар ягон ҷои китоби муқаддаси Қуръон наомадааст, ки бояд мусулмон дар пайи озори дигар мусулмон бошад. Зеро ҲНИТ чанд соли охир ба назар мерасад, ки  аъзоҳои ин ҳизб ба корҳои номатлубе даст заданд, ки ин мувофиқ ба номи Ислом намебошад. Имрӯз баъзе ашхос низ ба назар расиданд, ки ҷавононро истифода бурда онҳоро фиреб мекунанд ва онҳоро ба ҳар гуна вазифаҳои номатлуб равона месозанд. Ба онҳо ваъдаҳои хушку холӣ дода онҳоро дар роҳи хатар мегузоранд. Вале ногуфта намонад, ки шахси мусулмон ин гуна корро анҷом намедиҳад.

Дар суханрониашон Асосгузори сулҳуВаҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони бисёр боандешаро баён карданд ки: “Террорист на дин на миллат ва на мазҳаб дорад.” Яъне чунин шахс хиёнаткор ба миллату дини худ мебошад.

Чунин шахсон номи муқаддаси Исломро истифода мебаранд, лекин худ душман ва сиёҳкунандаи номи ин дини мубин мебошанд.

Пешвои Миллат пайваста ба мо ҷавонон таъкид мекунанд, то мо зираку ҳушёр бошем ва соҳиби илму дониши мукаммал гардем, то моро дигар шахсони номатлубу беномус аз нодониамон истифода бурда, моро ба ҳаргуна роҳи хатар ва ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ фиреб созанд. Албатта ин суханон ва таъкидҳои Пешвои Миллат хеле бамаврид буда, дар чунин вазъияти хатарноки ҷомеа огоҳ шуданро водор месозанд. Ақл ва заковати худро аз даст надиҳем ва дар пайи кӯшиши обод ва хуррам гардонии кишвари зебои худ саҳми бо сазои худро гузорем. Мо ҷавонон ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи роҳбарамон - Пешвои Миллат буда,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки раиси ин ҳизб Пешвои муаззами Миллатамон мебошанд, дастгирӣ менамоем.

 Бинобар ин аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар кас бовар накарда, дониш ва заковати худро дар ҳама ҳолат аз даст надиҳанд. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хатар мебошад. Имрӯз давлати мо ва Асосгузори сулҳуВаҳдатимиллӣ - Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ба ҷавонон ғамхори намуда, барои донишомӯзӣ соҳиби касбу ҳунар шудани ҷавонон, ҳамаи шароитҳоро муҳайё карда, аз мо талаб доранд, то ки мо илм ва дониш омӯзем. Айни ҳол дар Тоҷикистон ҲХДТ ин Ҳизбе аст, ки моро ба сӯи ояндаи дурахшон бурда истодааст. Ин Ҳизбро ҳамагон ҳам пиру ҷавон, ҳам зану мардони кишвар ҷонибдори мекунанд, ки ин аз боварии онҳо ба ҲХДТ шаҳодат медиҳад.

 

           Эй шӯълаи тобанда фардот дурахшон бод.

           Насли ману оянда фардот дурахшон бод!

 

Амриддин Азизов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Имрӯз тафаккури танги ифротӣ, фаъолияти харобиовари гуруҳҳои ифротгарои динӣ ва нақшаҳои шуми қудратҳоиҷаҳонӣ, ки бо дасти ин гуруҳҳо амалӣмешаванд, ватани мо, давалти мо, миллати мо, фарҳанги мо, зиндагии ободу осудаи мо, номуси модарону хоҳарони мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор додаст. Ин аст, ки мубориза бо ин «вабои аср» як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, нобаста аз касбу кор, новобаст аз синну сол ва аз мавқеи сиёсию итимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин рӯёрӯйи рӯшаниву торикӣсаҳми худро гузорад.

 

Яктарафа баҳогузории намудани баъзе аз сомонаҳои ҳангомаҷӯй, ки мехоҳанд, дар кишвари мо шӯру валвала доир созанд, бояд ҳар фарди хештаншиносро ба ташвиш орад. Зеро даҳсолаи охир махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ минбари таблиғи арзони гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ гаштааст. Агар соли 2004 дар олам ҳамагӣ 12 сомонаҳои моҷаронгези иғвоангез фаъолият дошта бошад, пас ин рақам дар соли 2012 ба 4 ҳазору 200 адад расида, айни замон ба 12 ҳазор адад мерасад. Мусаллам аст, ки дар ин гуна ҷанги иттилоотӣ ҳамоне музаффар мегардад, ки дорои фарҳангу дониши баланди сиёсӣ дошта бошад.

Аммо ҳамот тавре ки дар боло зикрашон рафт, мутаассифона, душманони миллати мо низ имрӯз кам нестанд, ки ба қавле «аз паша фил месозанд». Сухан дар бораи «сарсупурдагони» ҳизби мамнӯъшудаи ҲНИТ меравад, ки мехоҳад бо ҳар роҳу восита мафкураи мардум,хосса ҷавононро олуда созад. Дар олудасозии мафкураи мардум «хидмат»-и «соҳибназарон», онҳое, ки аз кӯчаи «дину диёнат» гузаштаанд, хеле калон буд. Оқибати ҷанги таҳмилӣ ҷон бохтани беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва гуреза шудани беш аз 1 миллион нафар ва хисороти калони моддӣ, ки то кунун ҳукумат барои рафъи ин хисорот кор мебарад. Бо вуҷуди ин ҳама носипосиҳо давлат гуноҳи гунаҳкоронро бахшид. Ба сулҳу осоиштагӣ расидем. Вале ин ҳама ободиву озодиро боз ҳамон нафароне дида натавонистанд, ки ангезаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буданд.

Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки ба қавли худашон 40-солагии таъсисёбии худро таҷлил намуданд, дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ягон амали созандаеро пеш нагирифтанд. Мақсади ин ҳизб аз аввал танҳо як чиз-ташкили давлати ба ном «исломӣ», ки ин гуна орзуро имрӯз созмони террористии «давлати исломӣ» дар дил мепарварад, буд. Барои расидан ба ин мақсади худ онҳо солҳои сол омодагӣ диданд ва борҳо кӯшиши нооромии ҷомеа намуданд, ки мо инро дар мисоли нооромиҳо дар вилояти Бадахшони кӯҳӣ, води Рашт ва моҳи сентябри соли 2015  дар шаҳри Ваҳдат дидем. Дар ҳама ин ҳодисаҳо даст доштани ба ном наҳзатиён исбот шуд. Ва ин нафарон имрӯз дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Агар давлат сари вақт пеши роҳи ин корро нагирад, шояд хатари аз нав зуҳур кардани пайравони гумроҳи онҳо зиёд шавад.

Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем.Бинобар он дар фуроварди сухан ба ҳамаи шахсоне, ки фирефтаи тағйиротҳои дурӯғини ҳизбҳои гуногун ва ё харакатҳои номақбул гаштаанд, муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки имрӯзҳо давлат ва иқтидори интеллектуалии он иқтидори ҳарбӣ ва сиёсиаш метавонад ба ҳар гуна ҳаракату азҳобҳои экстримистӣ ҷавобҳои сазоворро диҳад. Зин сабаб ба ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон гуфтаниам, ки биёед ҳама дастҷамъона суботи сиёсии кишвар, осмони софи он, ваҳдати нотакрор ва истиқлолияти худододи ро шукргузорӣ намуда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намоем.

Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мутобиқи баъзе аз маълумот ҳоли ҳозир ба сафи қӯшунҳои Давлати исломии Ироқ ва Шом зиёда аз 300 нафар ҷавонони тоҷик аъзо гардидаанд ва зиёда аз 50 нафарашон аллакай ҳалок шудаанд. Барои ҷомеае, ки ҷавонону наврасон ояндаи дурахшони он ба шумор мераванд, чунин кирдор амали манфӣ ва номатлуб маҳсуб ёфта, барои дурнамои миллату давлат хатари ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

 

 

Терроризм ва экстремизм аз амалҳои нангинии замони муосир маҳсуб шуда дар ягон давру замон соҳиби  ватан, забон, нажод ва дин набуд ва нахоҳад шуд. Он мафкурае, ки ҳам дар ғарб ва ҳам дар шарқ гӯиё террористон танҳо мусулмонанд, комилан хатост. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.  Мутаассифона, кишвари мо низ бо баробари истиқлолият ба даст овардан, дучори аҳримансифатон гардиданд. Маҳз хуни ноҳақи садҳо бегуноҳон бар сари исломтарошони ҲНИТ, ки пас аз солиёни дароз парда аз рӯи нобакориҳояшон бардошта шуд, бор аст. Маҳз саркардангони ҳамин ҳизб тавонистанд дар зеҳну шуури мардум андешаи «Худошиносу исломгарои»-ро ворид кунанд. Онҳо бо истифода аз масҷидҳои панҷвақта ва муассисаҳои диние, ки давлат барои фаъолияташон шароит фароҳам оварда буданд, пинҳонкорона нақшаҳои ғаразноки худро мекашиданд.

 Терроризму ифротгароӣ ҳадафи олии онҳо буд ва бо истифода аз ноамниҳои давлат ҳам аз тарафи хоҷагон маблағ мегирифтанд ва ҳам бо воситаи қатлу куштор сарват ҷамъ менамуданд.  Оқибати ин ҳама нодидагариҳои онҳоро мардум дарк карданд ва имрӯз наҳзатиён ду пула обрӯ дар ҷомеа надоранд.

Мо, устодон мунтазам дар вохӯрию конфронсҳо, соатҳои тарбиявӣ хонандагонро бо моҳият ва «рисолати нахзатиён» онҳоро ошно сохта, чеҳраи аслии «саромадони» ҳизбро ба дурустӣ  мефаҳмонем.   Кӯшиш ба харҷ медиҳем , ки хонандагони мо донанд,ки аз руйи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамони ҷони ширини худро аз даст медиҳанд, террористон ватан , дину оин ва мазҳаб надошта ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфикани ва бо ин роҳ ба мақсади шуми худ расидан мебошад.

Ҳамаи мо ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, ҷавобан ба щамхорию муҳаббати самимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастию донишмандӣ дучанд меҳнат карда саҳми босазо хоҳем гузошт.

Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон нигоҳ дорад.

Мо,устодон амалҳои  номатлубро маҳкум намуда барои пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор хоҳем шуд.

 


Маълумки, дин ҳамиша инсонларни яхшиликка, эзгу мақсадларга чорлаган. Шу боис кейинги даврда мусулмонларнинг эътиқоди ва диний ҳиссиётларидан устакорлик билан фойдаланиб, диний экстремистлар ва террорчилар томонидан ислом байроғи остида амалга оширилаётган жиноятлар уларнинг ҳақиқий қиёфасини намоён этмоқда. Экстремистлар ва террористларнинг ғайри инсоний ва ғайри диний ҳаракатлари бизни доимо ҳушёр ва огоҳ бўлишга, ҳақиқий диний қадриятларни уларниинг сохта ва ўта ғаразли талқинларидан кескин фарқлашга ёрдам берадиган билимларни эгаллашга ундайди.

 

Руҳияи мардуми сарбаланду озодандеши воқеии миллати тоҷик пас аз дубора барқарор шудани робитаи ду кишвар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле болида аст. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дигар ягон нерӯ наметавонад ваҳдати сар то сарии ин ду давлати дӯстро аз ҳам ҷудо намояд. Ҳатто он нафароне, ки худро «озодадеш» метарошанд. Воқеан имрӯз дар қатори дигар душманони заифи миллат зуҳур кардани «Анҷумани озодандешон» чун тароша аз бом афтиданро мемонад. Аввалин баҳс сари номи «Озодандешӣ меравад». Магар дар ҳудуди Тоҷикистон монанди Темур Варқӣ, Саидюнуси Истравшанӣ, Аюб Эгамов,  Алим Шерзамонов озодандешон нестанд, ки ин доноён худро «озодандеш» эълон шуданд.  Маълум мешавад, ки ин «озодандешон»-и навбаромад моҳияти ҳаракати озодандеширо, ки дар фарҳанги халқҳои ҷаҳон таърихи куҳан дорад ҳанӯз нафаҳмидаанд. Балки роҳбари он Кабирии худхоҳ чуқур андеша накард, ки ин бозии навбатии ҳизби  онҳо кор намедиҳад.   Аввалан ин ки чӣ тавр ин ҳизб тавонист, ки ташкилоти террористии худро «Анҷумани озодандешон» номад, дар ҳоле ки ин ҳизб дар заминаи таассуби динӣ-ифротии худ низоми дунявии давлатдории миллиро напазируфта, бо пуштибонии хоҷагони бурунмарзиаш хост дар Тоҷикистон «Давлати исломӣ»-и навъи ҶИЭ-ро бунёд созад, ки ин боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид ва аз паи худ хисороти бузурги иқтисодӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва марги 150 000 шаҳрвандонро овард. Дигар ин ки, шумо бояд фаҳмед, ки дар таърихи инсоният ҳаракати озодандешӣ дар мубориза ба муқобили шумо барин гуруҳҳои мутаассиб ва ифротгарои динӣ ба вуҷуд омадааст ва миёни ин ду падида ягон умумияте вуҷуд надорад. Озодандешӣ ҳамеша як ҷузъи андешаҳои худоро нашинохтан аст ва агар ин «сарсупурдагон» воқеан ҳам озодандеш бошад, пас аз номи Худову расул ҳарф гуфтанашон аз чи сабаб бошад?!

Мо мегӯем, ки ин нафарон шурӯъ аз роҳбарони худ танҳо як ҳадаф доранд. Ин ҳам бошад тоҷу таҳи ва нооромии ҷомеа. Яъне ҳам аз хоҷагони худ сарват рӯёнанду ҳам аз вазъияти ноором истифода намуда молики халқ шаванд.  Вале ин андешаҳояшон аз афсона беш нест. Зеро ҷомеа пеш рафтааст. Ва мардум роҳи дурусти зиндагиро кайҳо интихоб намудааст.

Зайдниддин Осимӣ, Бойпоччо Фатҳидинов,  Фатҳулло Эргашев, Ғайрат Раҷабов, Зоҳир Солиев, Алия Раҳимова,  Абдуқаҳҳор Бӯриев, Манзура Султонова  

 

Дар мусоҳибаи охирини худ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву террористии ҲНИТ бо хабарнигорони “худӣ”қайд кардааст, ки Ҳукумати кунунии кишвар барои фаъолияти ҳизб монеаҳо эҷод карда, роҳбарон ва тарафдорони онро бегуноҳ ба маҳкама шинондаанд. Ин “олими саршинос” дар посух ба саволҳои хабарнигор дар мавриди хомушӣ ба изҳороти тезу тунди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сухане гуфта натавонист. Балки бо суханбозиву ҳарфи “муҳаббат” ба обу хоки диёри кишвар хизматҳои худро замони дар Парлумони кишвар буданаш ёдовар шуд.

Ин ман – маниҳои абёти зеринро ба хотир меоварад:

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

ҲНИТ воқеан ҳам аз замони зуҳур карданаш то ҳозир маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарф мекунанд. Агар солҳои пешин бо баҳонаи ҷалби аъзо ва пайравон ин маблағҳоро мегирифтанду онро  сарфи хонаву дар, мошинҳои гаронарзиш ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

А. Рашидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд  

 

Ба диёри офтобию ҳамешабаҳори мо Наврӯзи ҳуҷастапай мерасад.

Ба ифтихори ин ҷашни бошукӯҳ  ва дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар факултети муҳандисӣ- технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон озмуни «Лоиҳасоз ва макетсози беҳтарин» доир гардид.

Саҳни бинои факултет идона оро дода шуда, наздики 50 тарҳи хонаҳо ба маърази тамошо гузошта буд. Онсӯтар духтарони чеҳрахандони факулта мувофиқ ба фасли баҳор либоси идона ба бар доштанд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи Раёсати донишкада шодбош гуфт. Таъкид гардид, ки факултети мазкур пайваста бо иқдомҳои наҷиби худ дар  баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, завқи зебоипарастӣ ва худшиносии ҷавонон ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар  саҳми муносиб мегузорад. Мавсуф аз баргузории чорабиниҳои «Рушди туризм аз нигоҳи ҷавонон» ва «Об манбаи ҳаёт» ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки минбаъд низ чунин навоварию ташаббускориро шеваи кори худ донанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултети мазкур аз дастгириву ғамхориҳои Раёсати донишкада , шахсан сарвари он Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз фароҳам будани шароити мусоиди таълимӣ, мусоидат намудан барои баргузории машғулиятҳои амалист, ки донишҷӯён ва устодони донишкада пайваста дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявиву вилоятӣ ғолиб меоянд.

Бо муаррифии ҳайати ҳакамон озмун дар ду бахш – «Лоиҳасози беҳтарин» ва «Макетсози  беҳтарин» оғоз гардид. Ба ҳунари малакаи донишҷӯён меҳмонон аз идораи лоиҳасозӣ ва меъмории вилоят, мутахассисони корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН» баҳои воқеӣ доданд.

Дар ҷамъбаст дар бахши озмуни «Макетсози беҳтарин» дар номинатсияи «Макети ғайриматоӣ» донишҷӯ  Мунаввара Раҳматова ҷойи аввал, Заррина Рӯзиева ҷойи дуюм ва Зарифҷон Муқумов мақоми сеюмро касб намуданд. Дар номинатсияи «Макети матоӣ» бошад, Сурайё Раҳатқулова ҷои якум, Шоҳина Отабекова ҷойи дуюм ва Розия Ваҳҳобова мақоми сеюмро ишғол намуданд. 

Дар бахши «Лоиҳаи бехтарин» тарҳи хонаи сохтаи Муҳаммад Ҳикматов беҳтарин донишста шуд. Зинаҳои баъдиро Ғайрат Дӯсматов ва Далер Қурбонов ишғол намуданд.

Ба ҳамаи ғолибон Ифтихорнома ва  тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада, садорати факулта ва ширкати мобилии «Мегафон» дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин кулли иштирокдорон бо Сипосномаи факултет тақдиронида шуданд.