Хабари дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вуқӯъ омадани амали террористии навбатӣ,  ки дар натиҷаи он зиёда аз 100 нафар бегуноҳон ҳалок гардиданд  ғазаби тамоми аҳли башарро , аз ҷумла халқи тоҷикро овард. Ин амалро ҳаракати террористии “толибон” ба зиммаи  худ гирифт. Савол ба миён меояд,  мақсади ин амал чист?  Оё ҳалокшудагон , ки ҳама мусулмон буданд ягон гуноҳи азим карданд? Ҳаргиз не!   Ин амали даҳшатовар як мақсад дошт, ин ҳам вазъи давлати Афғонистонро вайрон карда  бехатарии минтақаро ноором кардан.

Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон маҷмуи  мадрасаҳое, ба номи “мадрасаҳои Ҳаққонӣ”   амал мекунад, ки дар он ҷо ба кудакони аз синни 4 сола то 10 сола таълими терростии худкуширо таълим медиҳанд.   Ин кудаконро аз тамоми минтақаҳои Осиёи Маркази, Афғонистон, Покистон  бо роҳи дуздӣ  ба ин мадраса оварда ба онҳо таълимоти бардуруғи ба ном исломӣ таълим медиҳанд. Ба майнаи онҳо ҷой мекунанд, ки худкушӣ  дар роҳи ислом ба намуди тарконидани худ дар байни омма  ин гуё амали хайр мебошад ва ин шахсон гуё,  ки баъди худро тарконидан ва миқдори зиёди мардумро ба ҳалокат расонидан   бе ягон мамоният руҳашон  ба ҷаннат меравад. Кудакон, ки худ хеле ҷавон мебошанд бо осони ба ин гуфтаҳо бовар карда қодиранд ба ҳама гуна амаалҳои даҳшатноки террористӣ даст зананд.  Сипас ба мадраса  ба ном “харидорон”  меоянд, то ки ин террористони ҷавонро харидорӣ кунанд. Агар 10-15 сол пеш нархи чунин террорист 60-70 ҳазорро  долларро ташкил  диҳад,  пас солҳои охир нархи онҳо ба 10-12  ҳазор фаромадааст,  сабаб ин ки сафи тарбиятгирандагон дар ин мадрасаҳо хеле зиёд шудааст.   Гуруҳҳои террористии давлатҳои на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон балки   дигар  гушаву кунҷҳои дунё ин гуна “террористони ҷавон”-ро харидорӣ мекунанд. Вақтҳои охир чунин амалҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон хеле зиёд шуда истодааст , ки он боиси марги садҳо нафар одамони бегуноҳ гардиданд.  Ин маҷмуи мадрасаҳо(Ҳаққонӣ) дар зери сарпаноҳии ҳаракати исломии “Толибон ” фаъолият мебаранд.

Азбаски дар шимоли Афғонистон  ҷанговарони боқимондаи давлати исломӣ (ДИИШ) ҷамъ омада,  сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон зиёд карда истодаанд, гумон аст, ки аз тарафи онҳо чунин террористони худкуш аз ҳама зиёд харидорӣ карда шуда ба тамоми кунҷҳои олам равона шуданашон мумкин.

Аз эҳтимол дур нест, ки баъзе аз қувваҳои ба ном исломии зиддидавлатӣ барои ноором сохтани  вазъи Тоҷикистон нақшаҳои  чунин амалҳои терростиро дар марзи Тоҷикистон сохта истода бошанд. Ин  моро водор месозад, ки баҳри пешгирии чунин амалҳои террористӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва пеши роҳи ин нақшаҳои нопокро гирем.  Истифодаи кудакон барои расидан ба ҳадафҳои ғайриинсонии террористии худ  аз тарафи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ сахт маҳкум шуда истодааст.

Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ қайд намудаанд:  ..... дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.

......тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Шукри даврон мекунем, ки дар чунин давлати орому рӯ  ба тараққӣ  ниҳода умр ба сар  ба сар мебарем. Аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2018 “соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ ” басо рамзист, зеро , ки он аз он гувоҳӣ медиҳад,   ки дар тамоми Тоҷикистон фазои сулҳу ороми ҳукмфармост. Бино ба маълумоти коршиносони ИМА, ки онҳо ҳамасола давлатҳои дунёро аз нуқтаи назари бехатари барои сайёҳӣ маърифӣ менамоянд, Тоҷикистон дар қатори давлатҳои барои сайҳӣ  бехатартарин ҷойгир шудааст. Тибқи хулосаи ин  коршиносон   тамоми давлатҳои дунё аз нуқтаи назари сайёҳӣ  ба чор гуруҳ тақсим шудаанд. Гуруҳи якум давлатҳои барои туризм бехатартарин, ва гуруҳи чорум давлатҳое, ки  барои сайёҳон хатарноктарин мебошад. Тоҷикистон дар қатори давлатҳои гуруҳи якум ҷойгир мебошад. Барои муқоиса, давлати Турсия дар гуруҳи дуюм, Федератсияи  Россия дар гуруҳи сеюм ва давлати Украина дар гуруҳи чорум ҷойгир мебошанд.  Ин аст далели дуруст будани сиёсати давлат баҳри пешрафти ҷомеа ва муҳайё кардани шароити беҳтарин барои зисти аҳолӣ мебошад. Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба ояндаи дурахшон равона мебошад ва халқ ҳаматарафа сиёсати ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ  менамояд.

 

Аминов Фаррух Абдулҳайевич, омузгори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ