Мардуми кишвари азизамон имрўз дар муҳити ором, осуда андармон буда, аз паи пеш бурдани рӯзгори худ қарор доранд, ки ин аст маънии зиндагӣ. Зиндагие, ки ба вазниниву бисёрмуаммо буданаш нигоҳ накарда ба оянда назари некро талқин месозад, зеро ҳамааш дар дасти худи одам ҳасту меҳнати ҳалол ва созанда ба ин назар қувваи бештарро медиҳад.

Меҳнати ҳалол, зиндагии осуда ва бо шукргузорӣ дар назари нафарони бадхоҳи миллат ҳамчун ҳолати ғайри муқаррари намудор аст. Зеро мардуме, ки сарҷамъ ва аз ақиби кору бори рўзмарраи худ ба корҳои аблаҳӣ ва фиреби нохалафон афтоданаш гумон ва номумкин. Ба ин хотир, ҳар роҳу воситаро истифода бурда ин мувозинатро мехоҳанд вайрон созанд.

 Дар замир ва шуури миллии мо дини ислом мавқеъ ва манзалати хосаро доро аст. Садсолаҳо мардуми озодапарасту бо низоми тоҷик, якка параст ва пешакунандаи порсоӣ буд. Имрӯз ҳам шукри Худо аз сарвари кишвар оғоз кардо то шаҳрванди қаторӣ мо мусулмонем ва аз ин мефахрему ҳаракат месозем, ки унсурҳои ҳатмии онро вари вақт ба ҷо оварем.

Ин аст, ки дар саро сари кишвар давлату ҳукумат барои сабукӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми ботақво масҷиду мадрасаҳои диниро кушода, шароитҳои беҳтаринро дар он ҷо муайё намудааст. Аз чӣ бошад, ки ин ҳалати воқеӣ ба назари «худо бехабару» «худо нотарсон» наменамояд.  Ягон монеагии тоату ибодат, рузадорӣ, маросими ҳаҷ, закондиҳӣ ва дигар дар мамлакат нест ва созмонҳои расмии динӣ дар Тоҷикистон озод кори худро пеш мебаранд. Рўзҳои идӣ дар масҷидҳои ҷомеъ ҳазорҳо нафарон бо хоҳиши худ, барои адои намозу саҷда ҳозир мешаванд.

Якдигарро табриқ менамоянд, шукри худро бар васфи давлату ҳукумат баён менамоянд.

Мо мардуми озод ва мусулмон ҳастем, зеро Пешвои миллат қасами худро бо номи Худо шурў намуда, ҷумла Тоҷикистониёнро дар атрофи худ гирд оварда, як будани тақдири ҳамаи сокинони ватани азизамонро ва бо ҳамин васила кўшишу ҳаракати якҷояамонро баҳри ободии мамлакатамон баён сохтаанд.

Дини мубини ислом ягон нуктаи умумиро бо терроризм ва давлати ба ном исломӣ надорад. Барои ба Худо саҷда намудани банда ягон миёнарав, ташакилот, шахсони алоҳида лозим нестанд. Тоҷикистон шароити рушди дин ва диндориро аз бисёр давлатҳои хориҷа ва ҳатта давлатҳои ба ном исломӣ хубтар таъмин ва кафолат додааст.

Дар замони муосир экстремизми динӣ минтақа, давлатҳои гуногунро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо экстримизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда бар зидди ҳокимият мубориза мебарад.

Яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози сиёсии ғайриқонуниро терроризм ташкил медиҳад.

Терроризм моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат овардан, тарсонидан дар тӯли асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии нерӯҳои гуногуни иртиҷоӣ, вуҷуд доштанд.

Терроризм дорои ҳусусиятҳои дохилидавлатӣ буда, дар сиёсати ҷаҳонӣ чуқур реша давонидааст. На танҳо доираи кирдорҳои террорист васеъ мегардад, балки poҳy воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав ме- шаванд. Имруз ҷанбаҳои бадахлоқӣ ва ғайриинсонии терроризм вусъат меёбанд. Беш аз пеш қурбони сиёсати доираҳои террористӣ занҳо, к=дакон, пиронсолон ва ҷавонон мегарданд. Созмонҳои террористц имрӯзҳо нақшаи бунёди империяҳои бузург ва аз байн бурдани низоми дунявиро дар қисматҳои бузурги олам доранд.

   Нерӯи ҳарбӣ ва захираҳои молиявии ин созмонҳо бо суръат афзоиш ёфта, онҳо имкони муқовимат бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто бо паймонҳои ҳарбӣ -сиёсиро пайдо карда истодаанд. Омилҳои ин тағйирот аз нав тақсимшавии қудрат байни созмонҳои террористӣ объектҳои ҳуҷум интихоб намудани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣ бой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷанги иттилоотӣ ва албатта бозиҳои калони геополитикӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, созмонҳои амалкунандаи террористии минтақа аз қабили «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракат-ат-толибон», «Ҳизби исломии Туркистон» ва ғайра дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм то андозае саркӯбшуда, солҳои охир сатҳи аввалро аз нигоҳи қудратӣ низомию молиявӣ ва вусъати нақшаҳои худ созмони нав бо номи«Давлати Исломӣ» (собиқ давлати Исломии Ироқу Шом) ва«Ҷабҳат-ун-Нусра», ишғол намудаанд.

Созмонҳои мазкур ҳамчун ташкилотҳои экстремистц ва террористӣ эътироф ва фаъолияти онҳо дар кишвари мо бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ин созмон соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии 11 гурӯҳи ифротгароии иисломӣ ташкил шуда, асосан дар худуди кишварҳои арабии Ироқ ва Сурия амал мекунанд.

Меҳвар ва ғояи сиёсати Давлати Исломиро идеологияи экстремистии «Салафия» ташкил дода, аҳолии шиамазҳаб, язидҳо, насрониён ва курдҳои сокини Ироқу Сурия мавриди террори шадиди ҷангиёни он қарор гирифтаанд. То имрӯз миқдори ҷангиёни «Давлати Исломӣ» аз рӯи маълумотҳои воситаҳои ахбори омма зиёда аз 100 ҳазор нафар буда, ин ҳайат аз шумори шаҳрвандони давлатҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Қувайт, Баҳрайн, Уммон, ИМА, Канада, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра, иборат мебошанд.

«Давлати Исломӣ» нақшаи бунёди «ХилофатиИсломӣ» ва ба он ҳамроҳ намудани кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, қисми Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дорад.

Мо, мардуми Тоҷикистон имрўз мавқеи қатъии худро нисбати дини ислом ва нафароне, ки паси ин ном корҳои ифлоси худро пеш бурданианд, дошта метавонем муйро аз хамир ҷудо намоем.

 

Солиева М.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд