Кишвари мо имрӯз дар пояи таҳкими арзишҳои олии миллӣ қадамҳои устуворро мегузорад. Мусаллам аст, ки рӯз аз рӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳо Тоҷикистони азизи мо бо ибтикори тоза мушарраф гардида, ба пеш меравад. Таҳкими равобити бисёрҷониба бо кишварҳои олам дар ҳошияи дарҳои кушод, тақвият ва рушди истеҳсолоти Ватанӣ, расидан ба ҳалафҳои стратегӣ, ба монанди истиқлолият энергетикӣ, ифтитоҳу ободонии шабакаҳои роҳу нақлиёт, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ , эътибори беандоза ба таълиму тарбия ва пажуҳиш дар бахши илмҳои бунёдӣ аз таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари Давлатамон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар пояи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ мо соҳибватанон, махсусан ҷавонон муваззафанд, ки ҳарчӣ бештар омӯзанд. Дар ҷодаи таҳқиқи илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, иктишоф ва коркарди захираҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва санъат, эҳтироми арзишҳои волои башарӣ намунаи ибрат бошанд. Маҳз мутахассиси асил ва соҳибтахссус матавонад дар пешрафти самтҳои стратегии рушди кишварамон , ки аз ҳидоятхои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд саҳми босазо гузоранд.

Вазъи сиёсии муосир тақозо менамояд, ки ҷавонон дар баробари омӯзиши илму ҳунар аз падидаҳои номатлуби равади ҷаҳони имрӯза огоҳ буда, волоияти қонун ва манфиатҳои миллии кишварамонро ҳимоя намоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам ҷараёни номатлуби «фирори мағзҳо», ки аз нобасомониҳои дохилии ибтидои солҳои 90-ми қарни гузашта оғоз гардида буд, идома дорад. Новобаста аз баъзе ноҷуриҳои муваққатии иҷтимоии мавҷуда ҳар як мутахассиси кордонро мебояд дар эъмори давлати мутамаддини хеш ҳиссагузор бошад. Зеро ба ҷуз мо каси дигар Ватани моро обод карда наметавонад.

Бинобар такя ба омори мақомоти дохилии кишвар айни замон теъдоди муайяни шаҳрвандон(ҷавонон)-и кишвари мо аз гумроҳию ғафлатзадагӣ,  бо ҳар роҳу восита ба сарзамини ҷангзадаи Шом интиқол ёфтаанд. Қисме аз онҳо дар задухӯрдҳо ҳалок ва қисме овораю сарсон ва дур аз Ватану пайвандонанд. Шояд яке аз сабабҳое, ки ин ҷавононро ба кӯи ноумедихо бурд муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Лекин дар кишварамон имрӯз ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб шудан имкониятҳо хело фаровонанд. Садҳо корхонаю муассисаҳо муҳтоҷи мутахассисони чашмикордонанд. Ба ин танҳо донишу заковат ва ибтикору малакаи касбӣ зарур аст. Дар ҷодаи омода намудани мутахассисони баркамол дар кишварамон қариб 40 муассисаҳои олии касбӣ ва аз ин миқдор бештар муассисаҳои касбӣ амал менамоянд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик Осимӣ дар шаҳри Хучанд аз зумраи онҳост, ки соли чорӣ дар рақобати сатҳу сифати таълиму тарбия миёни муассисаҳои олии кишвар зинаи чорумро мушарраф шуд, ки боиси сарфарозист. Дар ин муваффақияти калон самараи захмати аҳли муассиса, пояи моддӣ-техникӣ ва кӯшишу ғайрати муҳассилин таҷассум гардидааст. Танҳо дар сурати расидан ба рушди зеҳнӣ ба баланд намудани сатҳи арзандаи зиндагии шоиста ноил гардидан имконпазир аст.

Имрӯз онҳое, ки парвардаи обу хоки муқаддаси Точикистони азиз буда, фирефтаи ифротиёни бо ном ҳизби мамнӯи исломӣ гардида, тавассути расонаҳо аз хориҷи кишвар тинҷию осоиши диёрамон ва сиёсати сулҳҷуёнаи Давлатамонро нодида мегиранд, натанҳо хоин, балки бешарафу беномусонеанд, ки ниқоби ғайриинсонӣ ба сар намуда, мехоҳанд мулки озоду ободамонро гирифтор гардонанд. Лекин фаромӯш месозанд, ки тоҷику тоҷикистонӣ аз имтиҳони ин тахрибкорон гузаштааст. Қалби ӯ, ҷисми ӯ баҳри ҳифзи музаффариятҳои Ватан бедор аст. Ҷанги тахмилии кишварамон, ки тавассути ёварони хориҷии бо ном «пуштибонҳои ислом» собит намуд, ки иғвогарон якпорчагию мустақилияти комили кишвари моро намехостанд ва маҳз ин нияти нопок онҳоро дар сар буд, ки тирашон хок хӯрд.

Хушбахтона дар фазои озодии дину имон дар кишварамон  имрӯз ҳазорон масҷид  баҳри ибодат ва тарбияи ахлоқии шахрвандон, дар огоҳии мардум аз мӯҳтавои исломи ноб фаъоланд. Танҳо моро зарур аст, ки дар самти нагаравидан ба мазҳабҳои бегона, ҳифзи суннатҳои ҳанафӣ, роҳ надонад ба ихтилофи мазҳабҳо, ки боиси низоъҳои ҷаҳони Шарқ гардидааст, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу суботи бебозгашти кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Зокиров Р.Ш. омӯзгори калони кафедраи Дизайн ва меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.Осимӣ