Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Паём воқеан ҳам барномаи мукаммали фаъолият барои як соли оянда ва татбиқи нақшаҳои дурбинонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави ҳаётӣ, марҳилаи созандагиву пешравиҳои назаррас қарор дорад.

Пешвои муаззами кишвар дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.

Нуктаи меҳварии Паёми Сарвари давлат чун ҳамешагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди соҳаи маориф, беҳбудӣ бахшидан пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои соҳибтахассус, мароқи бештар зоҳир намудан ба омӯзиши илмҳои дақиқ, техникаву технологияи муосир, азхуд намудани ду- се забонҳои хориҷӣ, рӯ овардани насли наврасу ҷавон ба китобу китобхонӣ, эҳтироми волидон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, тақвияти донишҳои сиёсӣ,  пешгирии амалҳои номатлуб, саҳм гузоштан дар ободонии мамлакат, ҳифзи марзу буми кишвар маҳсуб меёбад. Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд шуданаш далели гуфтаҳои болост.

Зимни ироаи қайд гадид, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шудааст, ки ин ҳам бошад барои некӯаҳволии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин ҳукумати мамлакат ба масъалаи ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок шуморида мешавад. Вобаста ба ин дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд таҳияи мақолаи илмӣ, монографияҳо, иҷрои корҳои тахассусии хатм, корҳои курсӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди сабз, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона менамояд.

Солҳои охир ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи худро ба занону бонувон беш аз пеш намуда, қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тавре ки қайд гардид, соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Аз ин рӯ ҷомеи омӯзгорони донишкада барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ, ки омили рушди саноат ба ҳисоб меравад, кӯшишҳои зиёд менамояд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Аз тарафи вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус дода мешавад.

Аз тарафи сарвари давлат барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар солҳои 2018 – 2023 чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ ҷудо гардида, аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст, ки ин ҳам бошад аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории сарвари давлат барои рушди ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Таъкиди Президенти кишвар барои ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ зарур ва саривақтӣ буда, моро водор месозад дар ояндаи наздик баҳри вусъат додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ амалан кӯшиши зиёд кунем.

Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр шуданд, дар муассисаи мо зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Боварии комил дорам, ки нуктаҳои муҳими Паёмро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён сармашқи фаъолияту таълими худ дониста, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори донишкада саҳм мегузоранд.

Маҳмудова Фарангис Музаффарҷоновна

Омӯзгори кафедраи саноати сабук ва нассоҷӣ