Даъвати ҲНИТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба расидагӣ аз мушкилоташон худ рӯ ба шикаст ниҳодани ин ҳизби моҷароҷӯй мебошад. Ва бар қасди имдодталабии онҳо ягон давлат ва ниҳодҳои байналмилалӣ   онҳоро пуштибонӣ накарда истодаанд. Ин ҳизб бо амалҳои хиёнткоронаи худ бори дигар чеҳраи аслии худ,  мақсаду мароми пешвоёну андешапардозон,  аъзо ва фаъолон, пайравон, хоҷагону ҳомиёни хориҷиашонро нишон дод.

      Аслан ин ҳизб аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд.

     Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд.

     Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем.

     Муаррихи машҳур Ҳофизи Абрӯ дар асари машҳураш «Маҷмаъ-ут-таворих» таъкид кардааст,  ки «мақсади аслӣ, рисолати аслии таърих- ин сабақ бардоштан, пешбинӣ намудан, панд ва ҳушдор додан аст».

     Муттассифона баъзе тоифаҳо ва шахсон таърихро зуд фаромӯш мекунанд, панду ҳушдори таърихро нодида мегиранд.

     Ҳ Н И Т аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯщ намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву»  «оҷиз» мешуморанд.

Насим Тошхӯҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд