Давлат яке аз муҳимтарин шакли муттаҳидшавии аҳолӣ ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Зеро таҳти роҳбарият ва сарвари он, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз наҷоту миллат,  дину мазҳаб, тамоми ҷамъият муттаҳид гашта, рушду нумӯъ ва фаъолияту тараққиётро ба амал меоранд.

 Давлат метавонад тамоми озодиҳои хешро баҳри ободу зебо ва рушд гардонидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолии худ муҳайё намуда, қонунҳои нав ба навро ҳамчун ёрӣ барои халқ мебарорад. Аз ин рӯ тамоми халқ бо муваффақият кор ва фаъолият намуда, аз паи иҷрои он мегарданд.

Маҳз давлат аст, ки инсонҳои рӯи заминро муттаҳид сохта, аз зарбаи нобаҳангоми душман халқро эмин нигоҳ медорад. Аммо ҳамаи ин дастгириҳову заҳматҳои давлатро шахсоне ҳастанд, ки зери по намуда, ҷомеаи тинҷу ороми давлатро метавонанд пароканда намоянд. Ин ҳам бошад ҳизбҳои хилофи давлат, ки яке аз онҳо - Ҳизби Наҳзати Ислом.

Ҳизби Наҳзати Ислом яке аз намуди ҳизбҳое аст, ки ҷомеаро аз давлат дур намуда, шахсони бегуноҳро гумроҳ менамояд ва тӯъмаи доми худ мекунад. Ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳо солҳои пеш дар таҳти назорати давлат буд ва кору фаъолияти хешро ба пеш мебурд. Аммо шахсони нохалафе пайдо гаштанд, ки ба номи пуршарафи Ҳизб хатҳои сиёҳро ворид карда, аз давлат онро ҷудо намуданд.

Сарвари давлат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро барои халқи кишвар муҳайё намудаанд, ҳатто тамоми масҷиду мадрасаҳоро барои халқ фаровон намудаанд.

Ҳамаи ин ғамхориҳои сарвари давлатро баъзе аз шахсон зери по намуда, хостанд сӯистифода аз ин шароитҳо барои давлат зарарҳои душманона расонанд, ки ин корҳои ғайридавлатӣ худро барои давлат ва роҳбарияти он гунаҳкор намуд.

  Аз ин рӯ хостанд ин гуна шахсонро барои давлат роҳ надода, онҳоро таҳти назорат қарор диҳанд. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат таҳи чанд сол аст, ки ин ҳизб, яъне Ҳизби Наҳзати Ислом аз давлат ҷудо гашта, кору фаъолияти худро дур намудааст. Ҳамин ҳизб буд, ки тамоми мардумони гумроҳу нодони кишвар ва дигар миллату давлатҳоро тӯъмаи худ намуда, луқмаи ҳаромро баҳри онҳо арзонӣ донист, ки аз дасти нохалафи онҳо ҷомеаи тинҷу ором ва ватандӯстро аз падару модар, ёру бародар ва фарзандони хеш ҷудо намуд.

Маҳз ҳамин ҳизб аст, ки нооромии давлат аз он сар зада, баъзе аз ҷомеаи тинҷу ороми он дунболи он равон гаштааст. Тамоми мамлакатҳо кушиш карда истодаанд, ки аз чунин нохалафон даст кашида, баҳри тинҷиву оромии кишвари хеш то ҳастанд мубориза бурда, чораҳои гуногун андешида истодаанд. Мардуми ба ору номуси кишвар мехоҳанд, чунин ашхосҳоро аз бари худ дур карда, барои гул – гул шукуфтани кишвар ва миллати хеш кӯшишу фаъолият намоянд. Мо ҷавонон аз чунин ободкориву тинҷгардониҳо миннатдор буда, то ҷон дар тан дорем бояд хизмати хешро барои давлату миллати хеш ба ҷо оварда бошем.

 

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.

 

***************************************
Давлати мо давлати сулҳ
офар аст,
Давлати озод дар баҳру бар аст,
Нест ин ҷо аз хазонӣ ҳеҷ ёд.
Мисли ҷаннат сабзу ҳам муаттар аст.

 

Акнун, барои рушду равнақи минбаъдаи Ватани маҳбубамон ва саҳмгузории ҷавонон дар ин кори пурифтихор тамоми шарту шароитҳо мавҷуданд. Аз мо танҳо тақозо мешавад, ки бо азхудсозии илмҳои замона, касбу ҳунарҳои зарурӣ ва решакан намудани зуҳуроти номатлубу нангини ифротгароии динӣ, ба амалигардонии азму ниятҳои неки созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем,  ки ба боварии сарвари давлат сазовор боқӣ монда, ҳамеша пайи ободии ватан қувваю нерӯи хешро сарфа намуда, меросбардори насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

 

Азизов Амриддин, устоди ДПДТТ